Сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт, дар шабҳои боришот чароғ дар даст дар канори рӯди Кандир, ки аз мобайни деҳаашон ҷорист, посбонӣ мекунанд. Мабодо ки сел онҳоро дар нимашаб, дар ҳоле ки бехабар дар бистарҳои гарм хуфтаанд, дарёбад! Фоҷиаи ҳашт сол пеш, ки сели сахт рӯди Кандирро аз соҳилҳо баровард ва даҳҳо биноро хароб карду одамону чаҳорпоро ба коми худ кашид, ҳанӯз ҳам дар хотираву зеҳни сокинони деҳаи Даҳана бедор аст.
Рӯди Кандир ба мисли рӯдҳои дигари Тоҷикистон дар вақти борандагӣ ба селоба ва аждаҳои хурӯшоне мубаддал мегардад ва ҳама монеаҳои сари роҳашро шуста, дарахтонро решакан ва биноҳоро вайрон мекунад. Аслан соҳилҳои обшуставу хароб ва садбандӣ нашуда ба ҳама рӯду селраҳаҳои Суғд хос аст ва ин чиз сокинони мавзеъҳои канори рӯдро дар муқобили офатҳои табиии селу обхезӣ дар оғози асри бисту як низ ба мисли садҳо соли пеш ҳамчунон осебпазир гузоштааст. Аммо агар қаблан эҳтимоли омадани сел танҳо дар айёми боришоти баҳорӣ вуҷуд дошт, дар рӯзҳои мо дар ҳама фасли сол ин гуна хатар вуҷуд дорад.
Тилав Расулзода, коршиноси масоили зистмуҳитӣ инро ба натиҷаи тағйири ҷаҳонии иқлим рабт медиҳад : «Дар даҳсолаи ахир гармтар шудани иқлими мо бармало ба мушоҳида мерасад. Ва боришоту селҳо ва тармафароиҳои паёпай аз нишонаҳо ва оқибатҳои ҳамин дигаргун шудани табиат аст.»
Зимнан, сели харобиовар дар ноҳияи Ашт ва Панҷакент дар ҳашт ва се соли қабл ба таври ғайримунтазира дар фасли тобистон омада буд. Абдусалом Сангинов, сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар ситоди ҳолатҳои фавқулъоддаи Суғд аз чанд минтақае ном мебарад, ки дар ҳоли кунунӣ низ дар муқобили селу обхезӣ дар навбати аввал осебпазиранд: «Чанд минтақаи хатарнок ҳаст, дар Шаҳристон, Ашт, дар Панҷакент. Рӯдҳои Бурагенсой дар Шаҳристон ва дар Ашт рӯди Понғоз, ки ин рӯдҳо бо сангу шағал пур шуда, дар ҳолати сел омадан хавфи ба соҳил задан ва хароб кардани мавзеъҳоро дорад. Дар Панҷакент сокинони ҷамоати Шинг дар канори Зарафшон таҳти хатар қарор доранд. Як қисми зиёди аҳолии ин маҳал ба маҳали бехатар ва навбунёди Саразм кӯчонида шуданд ва кӯч додани қисмати боқимондааш ҳам дар назар гирифта шудааст.»
Вале аз замони шӯравӣ то ба имрӯз дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар устони Суғд ҳукуматҳои вақт ба сабаби набуд ва ё сарфаи маблағ танҳо камобеш бо оқибатҳои офатҳои табиии селу обхезӣ мубориза мебаранд. Аммо барои роҳандозии чораҳои пешгирӣ аз вуқуъи чунин офатҳо иқдом ва маблағи ночиз ба харҷ дода мешавад. Масалан, барои мустаҳкам кардани соҳилҳои рӯдҳои Суғд идораи молияи Суғд дар соли 2007 32 ҳазор сомонӣ, тақрибан 10 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ихтисос додааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд харобиовар шудани рӯдҳои Суғд, ба шумули Сир ва Зарафшон ба ҳангоми селу обхезиро ба он бастагӣ медиҳад, ки соҳили рӯдҳо ва селраҳаҳо ба дараҷаи боиста мустаҳкам ва саддбандӣ нашудааст, мегӯяд Сангинов ва меафзояд : «Мо барои бартараф кардани оқибатҳои селу обхезиҳо нирӯю воситаҳои техникӣ надорем. Дар ҳолати вуқуъи офати табиӣ хадамоти мудофиаи гражданиро барои ёрӣ сафарбар мекунем, ки ин гуна хадамот дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд ташкил карда шудааст. Аммо ситоди мо гурӯҳи наҷотдиҳанда дорад, ки он танҳо барои наҷоти ҷони одамон равона карда мешавад.»
Аммо ба назари масъулин ва таҳлилгарони Суғд, нобуд ва хароб кардани ҷангалу дарахтзорони кӯҳистон ва канори рӯдҳо аз омилҳое мебошад, ки эҳтимоли фурӯрезии селҳои шадидро дар пай меоварад. Сабзонидани дарахтону эҳёи ҷангалзорон, ба хусус зина ба зина шинонидани дарахтон дар селраҳаҳо, ба андешаи ҷангалбонони Суғд, метавонад ба таври чашмрас саддеву девори зиндае дар муқобили селу обхезиҳо бошад. Аммо тавре Юсуфҷон Бобоев, сармутахассиси идораи хоҷагии ҷангали Суғд мегӯяд, ин кор бисёр ба оҳистагӣ пеш меравад. Хоҷагии ҷангал дар ҳамин сол дар мавзеъи селфурои доманаи кӯҳи Мевағул, кисмати шимоли Хуҷанд дар масоҳати 7 гектар ниҳолҳои кӯчаки арчаи маҳаллӣ шинонидааст. Аммо ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки хароб кардани ҷангал, ин садди устувори зидди сел кори чандон душвор нест, бунёди ҷангалзор кори даҳсолаву садсолаҳост.