Имрӯз намояндагии ин барнома дар Тоҷикистон бо пахши як баёния эълом намуд, ки аз гуруснагӣ ранҷ бурдани беш аз ним миллион сокини ин кишвар бас нигаронкунанда аст ва зимнан аз ҷомиъаи байнулмилалӣ хостааст, барои иҷрои барномаҳои имдодии худ дар Тоҷикистон ба тарзи илова беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ кумак расонанд.
Намояндагии Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Душанбе гуфтааст, бар асари сармоҳои шадид ва буҳрони бебарқӣ дар Тоҷикистон, садҳо ҳазор сокини ин кишвар дар ҳоли гуруснагӣ ба сар мебаранд ва миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон беш аз нисфи ҳақмузди худро танҳо сарфи хариди сӯзишворӣ ва таъмини гармиву равшаноӣ дар манозили худ кардаанд ва ба иддаои масъулини Барномаи ҷаҳонии озуқа, бино бар боло рафтани қимати маводди хӯрока, шумори афзуни тоҷикистониҳо аз имкони хариди ғизо маҳрум шудаанд.
Зимнан барномаи мазкур, аз созмону кишварҳои сарпараст хостааст, барои таъмини 200 000 сокини Тоҷикистон, ки аз камбуди ғизо шадидан азият мекашанд, боз ба андозаи 8,3 миллион доллари амрикоӣ кумак кунанд. Малоҳат Шабанова, корманди Барномаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Тибқи арзёбии созмонҳои байнулмилалӣ, хароҷоти аҳолии Тоҷикистон барои дастрас кардани хӯрока хеле афзудааст, дар ҳоле ки феълан худи маводди ғизоӣ камчин ва истеъмолаш кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, аксари аҳолии кишвар дар як шабонарӯз танҳо як маротиба ғизо истеъмол мекунад ва бисёре аз оилаҳо ночор ба фурӯши чорвои хонагиву дигар ҷиҳози зиндагияшон шурӯъ кардаанд. Қариб 500 000 шаҳрванди Тоҷикистон ё худ 10 фоизи сокинони он дар муддати тӯлонӣ аз норасонии ғизо танқисӣ мекашанд. Ҳамзамон 17 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон аз лиҳози амнияти ғизоӣ бисёр заъфпазир ҳастанд».
Малоҳат Шабанова афзуд, ки созмони мазкур қасд дорад дар ду соли оянда бо кумакҳои ғизоии баробар ба 23 миллион доллар наздик ба 600 000 сокини Тоҷикистонро таъмин бикунад. Ба қавли ӯ, дар айни замон то 400 000 сокини 40 ноҳияи Тоҷикистон кумакҳои ғизоӣ дарёфт мекунанд, инчунин кӯдакони мубтало ба бемории гуруснагӣ ва бемористонҳои силли кишвар бо маводди хӯрока мунтазам таъмин мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти давлати Тоҷикистон дурустии иддаоҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа дар робита ба азият кашидани садҳо ҳазор нафар аз гуруснагиро рад мекунанд. Ҳотамбек Хайров, раиси Маркази марбут ба масоили ғизои Тоҷикистон, ба далелҳои Барномаи ҷаҳонии озуқа ва воқеъияти қасди кумакрасонии он ба сокинони ниёзманди ин кишвар шубҳа дорад: «Агар Барномаи ҷаҳонии озуқа ба «омор»-и рӯи дасташ эътимод дорад ва тариқи расонаҳои хабарӣ ин мушкилро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ мекунад, чаро бо мақомоти Тоҷикистон дар ин масъала ҷиддан табодули назар намекунанд? Дар моҳи декабри соли гузашта лоиҳаи тайёри созишномаеро оид ба бешгирӣ ва табобати бемориҳои вобаста ба гуруснагӣ дар миёни аҳолии Тоҷикистон ба БҶО пешниҳод кардем, аммо бо гузашти чанд моҳ ин барнома онро тасдиқ намекунад ва дар аксар самтҳо, ки бо мо ҳамкорӣ дорад, барномаҳояшро пурра анҷом намедиҳад».
Ҳ. Хайровбар бар асоси як таҳқиқоти дар соли 2006-ум анҷомёфта гуфт, 7 дарсади кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола ба бемории гуруснагии шадид ва 21 фоизи кӯдакони то 5-сола аз гуруснагии доимӣ ва камбуди ғизо азият мекашанд.
Вале дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар дар мавриди ин, ки ҷамъан чи теъдод аз сокинони Тоҷикистон аз камбуди хӯрока ранҷ мебаранд, изҳори бехабарӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки бар асари сармоҳои шадиди имсола бахусус бахши кишоварзии Тоҷикистон зиёни қобили мулоҳиза дидааст, маҳсулоти хӯрока аксаран сармозада ва камчин шуданд ва аз ин рӯ болоравии қиматҳои маводди ғизоӣ аз эҳтимол дур нест.