Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки писари донишҷӯяш Фаррухҷон Зокировро "облава" карда, бо фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки "маро бо хоҳиши худам аз донишгоҳ хориҷ кунед". Мақомот чунин ҳолатро рад мекунанд ва мегӯянд, касе ба ин ҷавон фишор наовардааст.
"Вақте фаҳмиданд, ки ӯ донишҷӯ аст ва намешавад донишҷӯро ба артиш ҷалб кард, қазияи хориҷ шуданашро аз донишгоҳ сохтанд", - мегӯяд Соҳибҷон Зокиров, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи қазияи писараш Фаррухҷон.
"Кормандони комисариат мегӯянд, агар дар ҳақиқат донишҷӯ бошӣ, ҷавоб медиҳем. Ба декани факулта занг зада, сураташро нишон медиҳанд, тасдиқ мекунад, ки ӯ донишҷӯи мо аст. Аммо кадом сержант дар комиссариат мегӯяд, ки ин аз донишгоҳ хориҷ шудааст", - нақл кард ӯ.
Ин воқеа рӯзи 16-уми апрел рух дода, фардояш волидони ҷавон аз Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд маълумотнома ҳам овардаанд, ки писарашон донишҷӯ аст, аммо ӯро аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд раҳо накарданд. Баръакс, ба гуфтаи волидайни Фаррухҷон Зокиров, дар зери фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки мехоҳад бо хоҳиши худ аз донишгоҳ хориҷ кунанд, то ба хизмати ҳарбӣ равад.
Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, Зокиров бо хоҳиши худаш аризаи аз донишгоҳ хориҷ шуданро навиштааст.
Нодирхон Ҷалолов, декани факултаи тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдо, ки Фаррухҷон Зокиров дар шуъбаи рӯзонаи он таҳсил мекард, гуфт, ба ин донишҷӯ касе фишор наовардааст ва ӯ бо хоҳиши худ аз донишкада рафт.
Ҷалолов рӯзи 22-юми апрел гуфт, “корманди комиссариат ӯро ба донишгоҳ овард. Инҷо донишгоҳ ҷойи ҷамъиятӣ, ҳама ҷой дурбини назорати дорад. Вақти дарс буд. Фикр мекунед, ки инҷо ягон фишор оварда мешавад? Дар ҳузури чанд нафар аризаро навишт. Ягон фишор набуд, ақаллан гапи сахт ҳам назаданд. Вай аз рӯи тартиб аз рӯзи аризаи навиштааш хориҷ карда шуд".
Аммо волидайни Фаррухҷон Зокиров мепурсанд, ки фарзанди онҳо чӣ гуна бо хоҳиши худ аризаи хориҷ шудан аз донишгоҳро менависад, дар ҳоле ки ба анҷоми таҳсилаш ҳамагӣ ду моҳи дигар монда буд?
Дар маълумотномаи Донишкадаи иқтисод ва савдо аз 17-уми апрел омадааст, Зокиров Фаррухҷон соли 2016 ба ин донишкада дохил шуда, ҳоло дар соли чаҳоруми донишкада таҳсил мекунад. Як рӯз баъдаш ба гуфтаи масъулини донишкада Зокировро “бо хоҳиши худаш” аз таҳсил даст кашидааст.
Масъулони донишкада мегӯянд, Фаррухҷон Зокиров ба дарсҳо меомад, ҳарчанд дар вақти таҷрибаомӯзӣ ба муассисаи таъиншуда нарафтааст.
Акнун қазияро Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқ мекунад. Фаридун Отабоев, ёвари масъули даъват дар комиссариати ҳарбии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи шикояти падару модари Фаррухҷон Зокиров, кормандони ин ниҳод ҳуҷҷатҳои марбут ба даъвати Зокировро ба додситонӣ пешниҳод кардаанд.
Масъули комиссариат гуфт, "айни ҳол санҷиш ҷараён дорад. Ӯро ба қисми ҳарбӣ равон накарда, дар комиссариати ҳарбӣ гирифта мондем. Ба натиҷаи санҷиш нигоҳ карда кор мекунем."
Ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ё “облава” дар Тоҷикистон гапи нав нест. Ҳамасола бо шурӯи мавсими даъват сокинон аз ҷалби маҷбурии фарзандонашон ба артиш шикоят мекунанд. Ҳарчанд мақомот на ҳама ин шикоятҳоро қабул доранд. Аммо ҷалби донишҷӯён ва гирифтани баёнот дар бораи онки мехоҳанд онҳоро аз донишгоҳ хориҷ кунанд, ҳодисаи камсобиқа будааст.
Мувофиқи қонун донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои олии таълимӣ то анҷоми таҳсил аз адои хизмати ҳарбӣ озод мебошанд.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо ва сарбозон машғул аст, мегӯяд, дар даъвати баҳорӣ як шикояти дигаре дарёфт карданд, ки донишҷӯро ба комиссариат оварда, як рӯз баъд фармони хориҷашро содир карданд.
Уғулой Бобоева, як масъули Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини яке аз донишгоҳҳои Душанбе ба донишҷӯи худ рӯзи 6-уми апрел маълумотнома додаанд, ки ӯ таҳсил мекунад. Вале як рӯз баъд баъди ба комисариати ҳарбӣ бурдан, қарор бароварданд, ки ба хотири иштирок накардан дар дарсҳо хориҷ кардаанд.
“Шояд ин хел таҷриба ҳаст, ки аввал маълумотнома аз донишгоҳ мегиранд, ки кадом донишҷӯ бисёр ба дарс намеояд. Баъд ҳамонҳоро кофта, меқапанд. Вақте шикоятҳо зиёд мерасанд, тахмин мекунем, ки шояд ин чизро система карда бошанд", - гуфт Уғулой Бобоева.
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор -- баҳору тирамоҳ -- сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.