Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Барои тоҷикон хати форсӣ беҳтар аст, ё кириллӣ? ВИДЕО


Дар акс: Исфандиёри Одина, Мӯъмин Аҳмадӣ ва Меҳрёри Меҳрофарин
Дар акс: Исфандиёри Одина, Мӯъмин Аҳмадӣ ва Меҳрёри Меҳрофарин

Зарурати бозгашт ба хат ё алифбои форсӣ дар Тоҷикистон солҳост дар матбуоти маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Ин баҳс рӯшанфикронро ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст. Гуруҳе бозгашт ба ин хатро амри ҳатмӣ мешуморанд, гуруҳи дигар мегӯянд, бозгашт ба хатти форсӣ дигарбора сабаби бесаводӣ дар кишвар мешавад.

То солҳои 30-юми асри гузашта хати навишт дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯз форсӣ буд ва замони Шӯравӣ онро ба кириллӣ иваз карданд.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва тарафдори бозгашт ба хати форсӣ мегӯяд, Тоҷикистон ногузир бояд ба ин хат баргардад.

Меҳрёри Меҳрофарин, раиси бунёди фарҳангии “Ҷаҳони меҳрофарин” ва эронии муқими шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико мегӯяд, ин хати арабӣ аст ва Тоҷикистон набояд ба ин хат баргардад.

  • Бозгашт ба хати форсӣ дар Тоҷикистон то куҷо муҳим аст?
  • Чаро бозгашти аҳолии Тоҷикистон ба хати форсиро намехоҳед?
  • Сабаби барнагаштани Тоҷикистон ба хати форсӣ сиёсист, ё илмӣ?
  • Тоҷикистон ба хати форсӣ баргардад, чӣ иттифоқ пеш меояд?
  • Оё ин хат мардумро бесавод ё босавод мекунад?
  • Агар низоми Эрон исломӣ намешуд, тоҷикон ба хати форсӣ бармегаштанд?

Посухи ин суолҳоро дар баҳси Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва аз тарафдорони бозгашт ба хати форсӣ дар Тоҷикистон ва Меҳрёри Меҳрофарин, раиси бунёди фарҳангии “Ҷаҳони Меҳрофарин” дар Лос-Анҷелеси Амрико пайдо кунед.

БАРНОМАРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Гапи Озод: Хати форсӣ беҳтар ва ё кириллӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:25 0:00

ГАПИ ОЗОДРО ДАР ЮТУБ ТАМОШО КУНЕД:

XS
SM
MD
LG