Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) рӯзи 25 май ҳушдор дод, ки ба кишварҳои осебдида аз коронавирус бо вуҷуди камшавии мавридҳои гирифторӣ ба COVID-19 хатари “авҷгирии дубораи беморӣ” таҳдид мекунад. Биноан, мегӯяд ин ниҳоди байнулмилалӣ ҳукуматҳо набояд бо шитобзадагӣ аз чораҳои эҳтиётӣ даст кашанд.
Майк Раян, мудири бахши вокуниши изтирории СҶТ мегӯяд, бо ин ки дар бисёр кишварҳо коҳиши COVID-19 мушоҳида мешавад, дар қаламравҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Африқо омор рӯ ба афзоиш аст. Вай гуфт, эпидемия маъмулан чун мавҷ меояд ва ин ба он маъност, ки соли ҷорӣ вирус метавонад, дубора дар кишварҳое зуҳур кунад, ки аллакай ин бӯҳронро пуштисар кардаанд.
Ба гуфтаи Раян, бозгашти беморӣ ё мавҷи дуюми пандемия дар бисёр кишварҳо метавонад пас аз чанд моҳ мушоҳида шавад.
“Мо бояд бохабар бошем, ки дар ҳар лаҳза беморӣ метавонад дубора авҷ гирад. Мо наметавонем тахмин занем, ки бо сабаби поинравии феълии мавҷи олудашавиҳо он ба ҳамин шева идома хоҳад кард ва бояд ба мавҷи дуюми беморӣ омода бошем”, гуфт ӯ ва таъкид кард, ки дар Аврупову Амрикои Шимолӣ тадбирҳои беҳдоштӣ бояд мисли пешина побарҷо монанд ва ҳамзамон бо идомаи тестҳо барномаии ҷидди пешгирӣ аз сироят роҳандозӣ шавад.
Ин ҳушдор дар ҳоле садо медиҳад, ки бисёр аз кишварҳо бо мақсади кам кардани таъсири буҳрон ба иқтисод, маҳдудиятҳои пешгирикунандаро батадриҷ аз байн мебаранд.
Доруе, ки на шифо, балки марг меорад
Дар як иқдоми дигараш СҶТ қарор кард, муваққатан аз дорувори гурӯҳи гидроксихлорохин барои табобати коронавирус даст кашида шавад.
Қарор дар паи он нашр шуд, ки як таҳқиқоти чопшуда дар маҷаллаи тиббии The Lancet ҳафтаи гузашта марговар будани ин доруро барои беморони COVID-19-ро исбот кард. Раҳбари кулли СҶТ Тедрос Аданом Гебреусес дар нишасти матбуотии 25 май гуфт, гурӯҳи коршиносони узви тими “Ҳамраъйӣ дар муолиҷа”, ки беморхонаҳои саросари ҷаҳон узви он буда, роҳҳои муолиҷаи вируси навро ҳамоҳанг мекунад, бар ин аст, ки бояд аз корбурди ин дору эҳтиёт кард.
Гидроксихлорохин маъмулан барои табобати артрит ба кор меравад, вале бархе шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятӣ, масалан президенти ИМА Доналд Трамп, аз ин дору ба унвони давои зидди вирус истифода ва ҳатто ҳукуматҳоро ҳам барои харидории он ташвиқ кардаанд.
Трамп дар сӯҳбати ахираш бо як расонаи амрикоӣ гуфт, ки ин маводро ҳамчун доруи пешгирикунанда аз сирояти вирус истеъмол мекард ва ахиран як даври қабули ин доруро анҷом дод. Ӯ гуфт: “Ман тамом кардам” ва бо ишора ба ин ки осебе надидааст, гуфт: “Бубинед, ман ин ҷо ҳастам”.
Вазорати беҳдошти Бразилия ҳам истеъмоли ин ва доруи дигари бо номи хлорохинро дар муолиҷаи COVID-19 машварат додааст. Вале маҷаллаи тиббии The Lancet бар асоси таҳқиқот гуфт, ки ин ду дору пайомадҳои ҳамроҳ доранд ва ба аритмияи дил сабаб мешаванд. Чунин хулоса бар асоси омӯзиши вазъи 96 ҳазор бемор ба даст омадааст, ки дар садҳо беморхона табобат медиданд.
Табиби тоҷик мегӯяд...
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон миёнаҳои апрел алгоритми муолиҷаи беморони COVID-19-ро барои табибони тоҷик нашр кард ва дар он номи хлорохин ҷой дорад. Дастурамале бо номи “АЛГОРИТМИ ТАБОБАТИ COVID -19 (СИРОЯТИ КОРОНАВИРУСӢ), АЗ РӮИ ҶАРАЁНИ БЕМОРӢ” бар асоси машварати СҶТ таҳия шудааст ва то ҳол дар бемористону шароити хонадармонӣ аз ҳамин санад кор мегиранд. Табобати этиотропӣ, ки ба хотири аз байн бурдани сабаби пайдоиши беморӣ ба роҳ монда шудааст, як бахше аз дастурамали Вазорати тандурустии Тоҷикистон аст ва он мегӯяд: “дар сурати ҷараёни сабуки беморӣ... ба беморони аз 60-сола боло ва бемориҳои музмини дилу рагҳо, роҳҳои нафас ва диабети қанддошта...” ба изофаи муолиҷа бо дорувори дигар, инчунин “илова намудани делагил (хлорохин) 0,5 х 2 маротиба, 7 рӯз” машварат шудааст.
Рӯзи 26 май талошҳои Радиои Озодӣ барои пурсидани мавқеи вазорат дар заминаи манъи истифодаи ин дорувор натиҷа надод. Аз ин хотир, маълум нест, ки то куҷо дар давоми наздик ба ду моҳи муолиҷаи беморони олуда ба коронавирус дар Тоҷикистон аз ин дору истифода шудааст ва вазъи саломатии ин гурӯҳи беморон чӣ гуна аст? Инчунин маълум нест, ки то куҷо табибону донишмандони тоҷик дар ҷараёни пандемия мушоҳидаҳои таҳқиқотиву илмии худро дар заминаи таҳқиқи клиникии вазъи беморон, таъсири навъҳои мухталифи табобат ва истеъмоли маводи дорувори муайян ба роҳ мондаанд. Чунин омӯзишҳо, маъмулан, дар дарку фаҳмиши табиати бемориҳо заруранд ва дар Аврупову Ғарб чунин омӯзишҳо, ба вижа дар робита бо бемориҳои нави мисли COVID-19 ҳатман ба роҳ монда мешаванд.
Вале духтури ботаҷриба Хуршед Дӯстов аз Душанбе дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт:“ҳама алгоритми табобат дар мо пурра бо машварати СҶТ ба роҳ монда шудааст. Ҳар чизе, ки СҶТ мегӯяд, мо онро мекунем”.
Ин табиби тоҷик мегӯяд, ҳоло агар ин созмон истифодаи хлорохинро дар Тоҷикистон манъ кунад, мақомоти беҳдошти кишвар мутобиқ бо ҳамин машварат кор хоҳанд кард.
Ин табиб мегӯяд, барои илми тиб хеле муҳим аст, ки омилҳои марги инсон дар паи коронавирус дақиқ омӯхта шаванд, ҷасад мавриди омӯзиш қарор бигирад, то ки илм битавонад дар ташхис ва шинохти роҳҳои табобати беморӣ пешрафте бикунад. Вале мафкураи суннатии мардум монеъ мешавад, ки колбадшикофӣ ба хотири дақиқ кардани сабабҳои марги инсон ба як ҷузъи одии кор пизишкон табдил ёбад.