Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар навбати картошка. Чаро "нони дувум" дар Тоҷикистон гарону камёфт шуд? ВИДЕО, САДО


Дар чанд рӯзи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон нархи картошка, ки мардум аз он "нони дувум" ҳам ном мебаранд, якбора боло рафтааст.

Бархе аз тоҷирон вазъиятро ба сирояти бемории ҳамагири COVID-19 дар кишварҳои минтақа, баста шудани марзҳо ва бориши барфи баҳорӣ рабт медиҳанд.

Сокинон мегӯянд, шояд дар айёми баҳор ва пеш аз гирифтани ҳосили нав, картошка камчин шуда бошад, аммо бовар доранд, ки тоҷирон низ аз наздик омадани Рамазон ва талаботи бештари сокинон ба нафъи худ истифода мекунанд.

Феълан як кило картошка дар бозорҳои Душанбе аз 8 то 10 сомонӣ аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта се маротиба гаронтар мебошад. Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар арзиши картошка аз ин ҳам қиматтар ё андаке арзон аст.

Дар баъзе аз бозорҳои Душанбе мақомот ба ҳадафи танзими нархи хӯрокворӣ дар остонаи моҳи Рамазон фурӯши маводи ғизоӣ аз захираҳои давлатиро ташкил кардаанд. Нархи як кило картошка аз захираи давлатӣ 6 сомонӣ аст ва барои харидани он сокинони зиёд дар навбат меистанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Талош барои поин бурдани нархи картошка дар бозорҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Дар дохили бозорҳо, тоҷирон як кило картошка аз Кӯҳистони Мастчоҳ ва Русияро бо қимати 8 сомонӣ ба фурӯш гузошта буданд.

Абдуллоҳ Барақбоев дар бозори "Меҳргон"-и пойтахт дар навбати харидани картошка аз захираҳои давлатӣ буд. Вай 21-уми апрел аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар остонаи моҳи Рамазон нархи ҳама анвои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо боло рафтааст.

"Ҳама чиз гарон шудааст, ҳатто бо дарназардошти фурӯши захираҳои давлатӣ. Ҳашт сомонӣ барои як кило картошка ин хеле қимат аст. Ин нархҳо на ба Рамазон мувофиқ аст ва на ба аҳволи имрӯзи мардум", - илова кард ӯ.

Нархи "нони дувум" дар Тоҷикистон якбора гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим

21-уми апрел, вақте аз чанд бозори пойтахти Тоҷикистон дидан кардем, дар бештаре аз онҳо картошкаи нав бо нархи 10 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд.

Тӯрахон Умаров, тоҷири бозори "Деҳқон"-и шаҳри Душанбе, ба ин назар аст, ки баста шудани марзҳо дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 дар минтақа сабаби болоравии нархи картошкаи ҳосили нав шудааст. ба бовари ӯ, "барфи баҳорӣ низ ба арзиши он таъсир расонид".

Ӯ гуфт: "Сабаби қимат будани картошка камбуди маҳсулот дар моҳҳои ахир аст. Ҳамасола дар ин давра картошкаро аз Покистон меоварданд, ҳоло ба далели бемории ҳамагири КОВИД-19 марзҳо бастаст. Картошкаи нав баромада истодааст ва эҳтимол дар рӯзҳои баъдӣ нархи он пойин равад".

Умаров афзуд, аз сӯи дигар, мардум аз таҳлукаи хатари паҳншавии COVID-19 картошкаи зиёд мехаранд, ки дар ниҳоят ба болоравии арзиши ин намуди маҳсулот дар бозорҳо таъсир мерасонад.

Тибқи омори расмӣ, дар ҳамин давраи соли гузашта нархи як кило картошка дар бозорҳои Душанбе 2,5 - 3 сомонӣ будааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи соҳибназарон, соле қабл миқдори зиёди картошкаи тавлиди кишоварзони тоҷик ба Узбекистони ҳамсоя низ содирот мешуд.

Ба гуфтаи масъулони бозорҳои пойтахти Тоҷикистон, ҳоло онҳо бо ҳамтоёни худ аз минтақаҳои ҷануби Узбекистон дар бораи воридоти картошкаи ҳосили нави барвақтӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон музокирот доранд.

Марзҳои ду кишвар барои рафтуои сокинон бастааст, вале имкони воридоти маҳсулот тавассути роҳи оҳан имконпазир будааст.

Болоравии қимати картошка дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки имсол ҳангоми таҷлил аз Наврӯз як рӯзро ба унвони иди картошка дар вилояти Суғд таҷлил карданд. Мақомот гуфтанд, тасмим гирифта шудааст, масоҳати кишти картошка васеъ карда мешавад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, баъди ин ид арзиши картошка якбора афзуд ва шӯхиомез аз мақомот мехоҳанд иди навъҳои дигари сабзиҷотро баргузор накунанд, то онҳо низ гарону камёфт нашаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG