Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гароншавии нархҳо. Ҳукумат бояд чӣ чора биандешад? ВИДЕО


Бозори "Саховат"-и Душанбе. 13-уми апрели 2020
Бозори "Саховат"-и Душанбе. 13-уми апрели 2020

Масъулони бозорҳои Душанбе талош доранд бо ташкили ярмаркаҳо аз болоравии босуръати нархҳо ҷилавигирӣ кунанд. Аммо рӯзи 13-уми апрел чун ҳафтаҳои қабл арзиши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ҳамоно рӯ ба афзоиш буд.

Дар бозори "Саховат"-и пойтахт нархи як килограм картошка 6 сомонӣ аст. Агар нафаре мехоҳад ин навъи маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон аз ярмарка харидорӣ кунад, бояд навбатпоӣ кунад, аммо наметавонад бештар аз 5 килограм дастрас намояд.

Абдулҳамид Ҳикматов, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми апрел дар навбати хариди картошка меистод. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "шашум одам дар навбатам, меъёри тақсим ин аст, ки картошкаро аз 20 сомонӣ зиёд намедиҳанд".

Дар гӯшае, ки сокинон навбатпоӣ мекарданд, картошка бо арзиши 3,5 сомонӣ пешниҳод мешуд. Аммо тавре бархе харидорон гуфтанд, сифати ин картошка дар муқоиса бо картошкаи 6-сомона пасттар аст.

Идомаи гароншавии нархҳо. Ҳукумат бояд чӣ чора биандешад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Кормандони бозор тасмими ҷорӣ намудани лимит дар хариди картошкаро ба фоидаи муштариён номиданд. Наврӯз Бобоев, ҳуқуқшиноси бозори "Саховат" мегӯяд, агар чунин тартибро роҳандозӣ намекарданд, миёнаравҳо онро бо нархи арзон харидорӣ намуда, дар ҷойҳои дигар бо нархи гарон ба савдо мегузоштанд. "Барои пешгирӣ аз афзоиши нарх, чунин талаботро ба миён гузоштем",-афзуд вай.

Ӯ ҳамзамон сабаби афзоиши нархи маҳсулотро ба баста будани марзҳо ва то ҳанӯз ворид нашудани маҳсулоти ватанӣ ба бозор, рабт дод.

Бархе аз тоҷирон дар баробари манъу кам шудани воридоти маҳсулот, афзоиши қурби долларро низ яке аз омилҳои гаронии нархҳо меноманд.

Рӯзи 13-уми апрел қурби 100 доллари амрикоӣ баробар ба 1023 сомонӣ пешбинӣ гардид, ки ба қавли огоҳон, чунин беқурбшавии асъори миллӣ ба нархҳо бетаъсир намемонад.

Айни ҳол нархҳо дар бозорҳои Душанбе дар муқоиса ба ҳафтаи гузашта боло рафтааст. Аз ҷумла, як хатла орд аз 215 то 235 сомонӣ, як килограм пиёз 3,5-4 сомонӣ, як литри равған ҳудуди 13-14 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Баъзе тоҷирон низ мисли муштариён аз гаронии нархҳо нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки назорати аз ҳад зиёд болои нархҳо, боиси он шудааст, ки тиҷораташон бар зарарашон анҷом меёбад.

Мадина, як тоҷири бозори "Меҳргон"-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи чанд рӯзи ахир ширкатҳо маҳсулотро бо нархи гарон ба онҳо пешниҳод мекунанд, ки онҳо низ ночоранд онро қимат фурӯшанд. "Як килограм макарон 9 сомониву 90 дирам аст. Фирмаҳо меоранд, ки гиред. Як килограм лубиё 14 сомонӣ. Маоши мардум 500 сомонӣ, бо ин нарх аз куҷо меёбанд ва мехӯранд".

Неъматулло Султонов, тоҷири дигари бозори "Меҳргон" мегӯяд, аз яклухтфурӯшон картошкаро бо нархи 5 сомониву 80 дирам мегиранд ва бо ҳамин нарх пешниҳод мекунад. "Дар бозор намемонанд аз ин қимат кунем, ду ҳафта шуд бар зарар кор карда истодаем. Ин тавр рафтан гирад, муфлис мешавем".

Коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада дар бозорҳои кишвар, мақомотро зарур аст, ки ба истеҳсолоти ватанӣ таваҷҷуҳ кунанд ва пойбандии худро аз молҳои воридотӣ камтар намоянд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, масъулони блоки иқтисодии кишвар бояд ба ин таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи мардумро бештар ба роҳ монанд. Ӯ таъкид намуд, ки "бояд як сиёсати дурусти табодули воридот ба роҳ монда шавад, дар бозорҳо талаботу таклифот дуруст мавриди омӯзиш қарор гирад".

Ҳарчанд мақомот мегӯянд, бо ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти нисбатан арзон намегузоранд нархҳо боло раванд, вале таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки имкон дорад бо идомаи вазъ, басташавии марзҳо ва ҷаҳиши қурби доллар, нарх дар бозор боз ҳам болотар равад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG