Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ талаб доранд, ки пардохти патент бекор карда шавад. ВИДЕО


Муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар навбати дароз кардани муҳлати санадҳояшон. Рӯзи 3-юми апрели 2020
Муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар навбати дароз кардани муҳлати санадҳояшон. Рӯзи 3-юми апрели 2020

Муҳоҷирони корие, ки дар давраи "карантин" дар Русия бекор ва дар вазъияти бади иқтисодӣ қарор гирифтаанд, аз мақомоти ин кишвар мехоҳанд онҳоро аз андоз ва пардохти пули патент муваққатан озод кунанд. Нархи якмоҳаи патент ё иҷозаи кори муҳоҷирон дар ҳар шаҳру минтақаи Русия гуногун аст ва аз 3 ҳазор то 10 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Пас аз эълони карантини сартосарӣ дар Русия садҳо ширкат аз фаъолият монданд. Танҳо дар Маскав аз миёнаҳои моҳи март боз беш аз 200 ҳазор муҳоҷир кори худро аз даст додаанд. Зиндагии онҳо дар Русия ба сахтӣ пеш меравад ва захирае барои пешбурди рӯзгор надоранду пули патентро ҳам пардохт карда наметавонанд. Пас аз хатми давраи карантин ба онҳо хатари ихроҷ шудан аз Маскав таҳдид мекунад.

Қудратшо Шехов, муҳоҷири тоҷик, дар давраи карантин аз кору даромад маҳрум шуд. Чанд рӯз пеш мӯҳлати патент ё иҷозаи кораш низ ба поён расид. Барои тамдид кардани ин санад маблағ надорад. Муҳоҷироне, ки мехоҳанд дар Маскав расман кору зиндагӣ кунанд, бояд ҳар моҳ ба 5350 рубл патент бигиранд.

Шехов падари ду фарзанд аст. Ҳамсараш фарзанди саввумро интизор аст. Ӯ ҳатто тассавур намекунад, ки акнун чӣ тавр рӯзгори хонаводаашро пеш мебарад: "Чӣ маблағе доштем, дар давраи бекорӣ барои пули иҷора ва хӯрокворӣ кардем. Дар вазъияти хеле бад қарор дорем. Наметавонем ба ватан баргардем. Ҳавопаймо нест, марзҳо бастааст. Мо дар ин ҷо дармондаем.”

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, муҳоҷирон пайваста ба ӯ дар масъалаи таъхир дар пардохти ҳаққи патент ё иҷозаи кор муроҷиат мекунанд. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи Ёров, то ин вақт бе таъхир барои таҳияи санадҳо маблағ пардохт мекарданд, вале шароити коронавирус дасти онҳоро кӯтоҳ кардааст ва бояд ҳукумати Русия ба сарнавишти муҳоҷирон бепарвоӣ накунад.

“Агар карантин идома ёбад, фикр мекунам, бояд чунин иқдоме бигиранд. Вале то ҷое медонем, ҳоло бештар дар фикри шаҳрвандони худ ҳастанд ва муҳоҷиронро фаромӯш кардаанд”, - афзуд ӯ.

Аксар кишварҳои хориҷ дар шароити феълӣ бо пешниҳоди сабукиҳо тартиби будубоши муҳоҷиронро дар қаламрави худ осон кардаанд. Аммо дар Русия феълан ба муҳоҷирон чунин имтиёзе пешниҳод нашудааст ва бо вуҷуди ин вазъ аз онҳо талаб мешавад, ки пули ҳамаи санадҳо барои кору будубош дар Русияро пардохт кунанд.

Мақомоти Узбекистону Тоҷикистон барои ҳалли санади муҳоҷирон ба Ҳукумати Русия муроҷиат кардаанд. Сафири Тоҷикистон бо ирсоли номае аз мақомоти Русия дархост кардааст, ки пардохти ҳаққи патент ё иҷозаи корро барои муҳоҷирони тоҷик ба таъхир андозад.

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, гуфт: "Мо умед дорем, ки ҳукумати Русия ин масъаларо ба манфиати муҳоҷирони меҳнатии мо ҳал мекунад".

Муҳоҷирони корӣ талаб доранд, ки пардохти патент мутаваққиф шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

То имрӯз ҳам ҳомиёни ҳуқуқ ва ниҳодҳои гуногун бо ирсоли нома ва роҳандозии маъракаҳои имзоҷамъкунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз масъулин бекор кардани пардохти пули патентро дар давраи карантин хоста буданд. Аммо ягон ҷавобе нагирифтанд ва ягон иқдоме ҳам барои ҳалли ин мушкил рӯйи даст гирифта нашудааст.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, “на танҳо ба имзоҷамъовариҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муроҷиати сокинон вокунише накарданд, балки ба муроҷиати намояндаҳои дипломатӣ ҳам, ки бояд дар муддати 48 соат посух дода шавад, ҷавоб надодаанд. Зоҳиран ҳукумати Русия барои ба дӯш гирифтани ин масъулият омода нест”.

Бо ин ҳама, ҳомиёни ҳуқуқ умед доранд, дар ниҳоят мансабдорони Русия барои кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ иқдоме хоҳанд кард ва ба тақдири онҳо дар чунин вазъият бетаваҷҷӯҳ нахоҳанд монд.

Ба ҳисоби созмонҳои байналмилалии молӣ, даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули интиқолии муҳоҷирон аст. Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон наздики 2 миллиарду 600 миллион доллар фиристодаанд, ки ба 33 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Аз ҳоло пешбинӣ мешавад, шароите ки коронавирус ба вуҷуд овардааст, ба даромади муҳоҷирон дар Русия зарбаи сахте хоҳад зад ва паёмадашро хонаводаҳо дар Тоҷикистон низ эҳсос хоҳанд кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG