Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобат бо шеър дар аҳди коронавирус. "Хоҳед, вабо домани худ паҳн насозад.."


Ҷуфте дар Сербистон, дар аҳди карантин.
Ҷуфте дар Сербистон, дар аҳди карантин.

"Хоҳед, вабо домани худ паҳн насозад,

Хоҳед, аз ин шаҳр ба он шаҳр натозад,

Бо риштаи ҷони нафаре ҳеҷ набозад.

Эй садрнишинони гиромиву батамкин,

Дарҳол бароред шумо амри карантин!.."

Ин пора аз муаллифе бо номи Синои Абӯалӣ яке аз садҳо мисраҳост, ки дар авҷи густариши коронавирус эҷод шудааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари нашру таҳлил ва баррасии хабарҳо дар бораи бемории ҳамагири ҳафтаҳои ахир, моломоли маҳсули эҷодии қаламкашҳои гуногун аст. Ҳар нафаре, ки мегӯяд, ҳарфи дилу тахаюли худро рӯи интернет меорад, аз дарду ранҷи азизони бемор, ниёиш ба худо ва умед барои дафъи ин беморӣ дорад.

Рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ, сокини Панҷакент яке аз онҳост.

Ӯ мегӯяд:

Даври шодию азо мегузарад, гиря макун!

Ин ҳама рӯзи сиё мегузарад, гиря макун!

Боғи умрат марасон, аз ғами олам ба хазон,

Паси ҳам шому сабо мегузарад, гиря макун!

Исмоил Зарифӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Азбаски худ аз омадани коронавирус бисёр ғамгинам, хостам аз роҳи шеъру сухан ба мардум рӯҳия бахшам, то ба ҳарос наафтанд, вале афсӯс он ба хоки мо низ қадам ниҳод. Дар муддати кӯтоҳ шахсони фарҳангии зиёдеро аз бари мо бурд. Дард, камбизотӣ ва тарси мардуми Тоҷикистон ва сайёраи Замин маро водор мекунад, ки бо шеър ба Худованд ниёиш кунам”.

“Алами модарон аст”

Рӯзи 18 май хонум Мавҷигул Мирхоҷа ҳам бо номи “Ғумор омад” (ба шуғнӣ “Вабо омад”) ғазале ба забони шуғнӣ гуфт ва адиб Исфандиёри Назар ҳам онро ба тоҷикӣ тарҷума ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Бибандед дарби* манзилро, вабо омад, ғумор омад,

Зи қаҳри ҳазрати Яздон ғубор омад, ғубор омад.

Аҷал мисли гул одамро зи рӯи ин замин чинад,

Баҳор омад сияҳ, дунё, сияҳ, оре баҳор омад...

Мавҷигул Мирхоҷа мегӯяд, “ин дарди тамоми ҷаҳон, алами модарон аст. Вақте одамон ҷон медиҳанд, эҳсос боло мегирад ва шеър тавлид мешавад”.

Ҳаҷвнавис Қосимҷон Зарифӣ ва муаллифи шеъре бо номи “Тоҷики титу питам” бо ашъори иҷтимоиаш дар YouTube маъруф шудааст. Ӯ мегӯяд, “шоир оинаи миллат аст. Оина ҳамонест, ки сафедро – сафед ва сияҳро сияҳ инъикос мекунад. Акнун ин мусибат ба сари ҳама кишварҳо омад. Дар мо ҳам дер эътироф карданд, вагарна мардум сабуктар мегузаронд”. Зарифӣ мегӯяд, дар садади иншои “як чизи вазнин” дар ин мавзӯъ аст, ки базудӣ нашр хоҳад шуд.

Пайдоиши ашъори мардумӣ дар мавзӯи иҷтимоиро дар давраи мушаххаси таърихӣ илми фолклоршиносӣ меомӯзад. Шогирди хурдтарини мактаб дар Тоҷикистон медонад, ки матни мардумии "Аз Хуталон омадия"-ро мардуми Хуталон (Кӯлоби имрӯза) ба муносибати шикасти арабҳо дар қарни 8 гуфтаанд.

Дар охири садаи 20 мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози қарни 21 мавзӯи муҳоҷирати корӣ ба Русия чунин мавқеъро касб карда ба фарқ аз даврони пешин, на танҳо аз роҳи шифоҳиву матнӣ, балки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд.

Ҳоло маълум нест, ки матни шеъру тарона ва дигар дардномаҳо дар бораи коронавирус ва осеби сангини равонии он то куҷо мондагор хоҳад буд, вале ба қавли бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ, паёмҳои умедбахши он дар ин шабу рӯзи хабарҳои нохуш ва аз дафну ҷаноза, то ҷое ба дардҳои мардум малҳам мешавад.

“Паёми аслӣ умед аст”

Навиштаҳои бисёр муаллифон дар баробари блогҳои шахсиашон, инчунин дар саҳифаи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони адаб”-и Фейсбук ҳамарӯза нашр мешавад. Мудири саҳифа шоири тоҷик Фирдавси Аъзам мегӯяд, ҳамарӯза ба дасти онҳо шеъру навиштаҳое ворид мешавад, ки аксарашон дар мавзӯи коронавирус мебошад: “Мебинам, ки бисёре аз навқаламон, соҳибқаламон ва шоирони матраҳ... шеър мегузоранд, вале қабл аз нашри онҳо мудирони гурӯҳ он шеърҳоро баррасӣ мекунанд. Лекин аз нигоҳи техникӣ ва ё қавонини шеър агар ба ин шеърҳо нигоҳ кунед, аксарашон заъиф ҳастанд. Аммо паёми аслие, ки дар аксар шеърҳо ҳаст, умед аст, як ҳисси ҳамдардию рӯҳбаландӣ, ҳимоят аз пизишкон, парасторон аст. Мо ба хотири ҳамин нукта ба ин шеърҳо иҷозаи чоп медиҳем”.

“Мо бояд ба халқ гӯш кунем”

Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар Душанбе мисли ҳама дигарҳо ин бӯҳрони беҳдоштиро мушоҳида мекунад, ҳамчунин шеъру навиштаҳои муаллифони мухталифро дарёфт мекунад. Ин ҳунарманди шинохта бӯҳрони коронавирусро як ҳушдоре ба ҳама аъзои ҷомеа меномад:

“Бубинед, як чизи майда ба ҳама асар кард. Шоир аст, ҳофиз аст, прокурор аст, президент аст... Аз Худо дур шудем. Аз Худо дур нашавем. Мардум барои гуфтани ҳарфи дилаш тарс дорад, ба ҳамин хотир бо шеър мегӯяд... Мо бояд ба халқ гӯш кунем”.

“Ин муноҷот аст”

Шоираи тоҷик Шоира Раҳимҷон баъди бист рӯзи мубориза бо коронавирус дар як беморхонаи Душанбе ҳоло дар канори бистари модари бемораш муноҷот мекунад.

Во ҳасрато!

Сайёра мегиряд, мемирад,

Биё, пеши Худо зону занем.

Пузиш бихоҳем,

К-ин бало густурда шуд, густурда мегардад.

Ҳаво олудаи марг аст,

Олам мурда мегардад...

Ӯ мегӯяд, ҳоло расонаҳо пур аз хабару гумонзанӣ дар бораи эҳтимоли “пешакӣ тарҳрезишуда будани коронавирус аст, вале бо ин вуҷуд, новобаста ба дину мазҳаб, инсонҳо ингуна мусибатҳоро ба он рабт доданд, ки “Худо аз мо ғазаб кард”, “Худованд болои мо як имтиҳони шадид овард”. Шоира Раҳимҷон мегӯяд, аксари шеърҳое, ки дар ин марҳила эҷод шуданд, “дуо аст, хоҳиш аст аз Худованд, ки ғазабашро камтар бикунад болои одамизод”.

“Чӣ қадар дард, эътироз ва фарёд доранд”

Журналист ва шоир Орзу Исоев, ки бо ошкорбаёниаш дар шеър маъруф аст, мегӯяд, ҳама гуна эҷодиёти иҷтимоии мардумӣ як навъ эътироз ва фарёд аз рӯзгор аст. Ӯ мегӯяд: “Аз замони пеш дарду захмҳои ҷамъият ва мушкилоти иҷтимоъ дар мисоли фироқ, дурӣ, ғарибӣ, вомондагиву бечорагӣ дар қолаби чаҳорпораву рубоӣ рехта шуда, ба адабиёти фолклорӣ роҳ меёфтанд. Инсонҳо замоне, ки матбуот набуд, аз роҳи чаҳорпораҳо эътироз баён мекарданд. Шумо ин чаҳорпораҳои мардумиро кам набинед, ки ба шакли рубоиву дубайтӣ навишта мешаванд. Чӣ қадар дард доранд, чӣ қадар эътироз ва фарёд доранд”.

Худи Орзу ахиран навишт:

Бубин, то бар куҷоҳое расидем,

Ки дар пушти қафасҳо орамидем.

Дар ин шебу фарози чархи гардон

Чу кӯҳему вале аз каҳ шамидем.

Зи дасти ин вабои даври масмум

Шабеҳи соя бар кунҷе хазидем...

XS
SM
MD
LG