Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, ки ба “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда буд, баъд аз муолиҷа аз бемористон ҷавоб шудааст.
Вазорат рӯзи 15-уми май бо нашри хабари кӯтоҳе дар вебсайташ навишт, ки “Маҳмадтоир Зокирзода, 15 майи соли равон баъд аз шифо ёфтан аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ба хона рухсат карда шуд.”
Маҳмадтоир Зокирзода ба гуфтаи вазорат рӯзи 5-уми май бо ташхиси бемории “илтиҳоби шуш” дар беморхонаи мазкур муолиҷа мегирифт. Вазорати тандурустӣ гуфтааст, ки раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон “хизматрасонии тиббии муассисаро баҳои баланд дода, ба роҳбарияти вазорати тандурустӣ, сартабиби беморхона” изҳори сипос кард. Аммо дар баёнияи вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳеҷ ишорае ба бемории СОVID-19 нашудааст, ки ҳоло дар кишвар ба бештар аз 1100 нафар сироят карда ва 33 нафарро куштааст.
Қаблан сару садо буд, ки раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон гирифтори COVID-19 шудааст, ҳарчанд вакилони Маҷлиси намояндагон мегуфтанд, ки ин сару садо воқеият надоранд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон дар суҳбате бо хабаргузории "Азия Плюс" эътироф кардааст, ки ба бемории нав гирифтор шуда буд.
Мутахассисону табибон мегӯянд, СОVID-19, ки асосан ба роҳҳои нафаси инсон сироят мекунад, дар баъзе ҳолат бемории “илтиҳоби шуш” бармеангезад. Мақомоти Тоҷикистон, ки то рӯзи 30-уми апрел таъкид мекарданд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти СОVID-19 сабт нашудааст, сабаби марги чандин нафар дар бемористонҳоро “илтиҳоби шуш” мегуфтанд.
Рӯзи 12-уми май ҳангоми нишасти хабарии ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Душанбе яке аз мутахассисони ҳайат дар робита ба ҳамин масъала гуфт: “Агар бемор бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, баъд аз 5-6 рӯзи рушди беморӣ, вирус аз роҳҳои болоии нафас гум мешавад ва озмоишҳо вуҷуди онро нишон намедиҳанд. Агар озмоиш аз биниву ҳалқ гирифта шавад, табиист, ки онро (СOVID-19) нишон намедиҳад.“
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва коршиносону мухолифони давлат ҳоло ҳукумати Тоҷикистонро башиддат танқид мекунанд, ки сирояти коронавируси нав ба кишварро пинҳон дошт ва сабаб шуд, ки беморӣ дар байни мардум паҳн шавад. Дар як моҳи ахир чандин нафар аз афроди шинохта бахусус донишмандону устодони донишгоҳҳо фавтиданд, ҳарчанд мақомот ҳеҷ гоҳ сабаби марги онҳоро нагуфтаанд ва шарҳе ҳам надодаанд.