Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 95 нафар аз илтиҳоби шуш. Омори фарқкунандаи Бонки Миллӣ ва Вазорати тандурустӣ


Бемористони рақами яки шаҳри Душанбе
Бемористони рақами яки шаҳри Душанбе

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ғайримунтазира омори беморон ва фавтидагон аз илтиҳоби шушро дар чаҳор моҳи гузашта дар кишвар нашр кард ва онро дар ҳоли афзоиш тасвир намуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон танҳо дар бораи гирифторони илтиҳоби шуш дар се моҳи аввали имсол гузориш дода, онро дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 169 ҳолат камтар гуфтааст.

Дар матлабе дар сомонаи расмии Бонки Миллӣ гуфта шудааст, ки дар моҳҳои январу феврал ва марту апрел 5489 кас ба илтиҳоби шуш ё пневмония гирифтор шудаанд. Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон, ин рақам назар ба омори чаҳор моҳи аввали соли гузашта 850 ҳолат зиёд аст (чор моҳи аввали 2019 - 4639 нафар, чор моҳи аввали 2020 - 5489 нафар).

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел дар посух ба дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта буд, ки дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар илтиҳоби шуш шудаанд, ки дар қиёс ба се моҳи аввали соли 2019-ум 169 ҳолат камтар аст (се моҳи аввали 2019 - 5192 нафар, се моҳи аввали 2020 - 5023 нафар).

Посухи Вазорати тандурустӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ
Посухи Вазорати тандурустӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ

Маълум нест, омори кадоме аз ин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дуруст аст. Ва ин зиддунақизӣ гумонҳоеро ба бор овардааст, ки эҳтимол байни ниҳодҳои давлатии кишвар рақамҳои дигар мечарханд, вале барои матбуоту мардум омори дигаре гуфта мешаванд.

Тамосҳои мо рӯзи 2-юми май бо дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва Бонки Миллии Тоҷикистон барои рӯшан кардани ин ки оморҳо аз куҷо омадаанд ва чаро аз якдигар фарқ мекунанд, то ин дам бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудани посухҳо онро низ ҷой хоҳем дод.

Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори фавтидагон аз илтиҳоби шушро аз аввали имсол нашр накардааст, Бонки Миллӣ мегӯяд, дар чаҳор моҳ 95 кас аз ин беморӣ ҷон доданд. Ин рақам дар муқоиса ба чаҳор моҳи аввали соли гузашта 42 ҳолат бештар будааст.

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фавт аз бемории узвҳои нафаскашӣ, аз ҷумла пневмония (пас аз бемориҳои дилу рагҳо ва саратон) дар ҷойи сеюм қарор дошта, ҳамасола аз 7 ҳазор то 16 ҳазор нафар одамон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор мешаванд ва аз 130 то 650 нафар гирифторони ин беморӣ мефавтанд, ки аз 1,0 то 4 фоизи шумораи умумии беморшудагонро ташкил медиҳад", - навиштааст сомонаи расмии Бонки Миллии Тоҷикистон.

Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, ношаффофӣ дар кори ниҳодҳои расмии Тоҷикистон ва дастнорас будани мақомот барои суҳбат бо матбуот ба ин вазъ сабаб шудааст.

Пештар Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфта буд, ба пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои ташкили нишастҳои ҳаррӯзаи хабарӣ дар робита ба вазъи феълӣ мансабдорон посухи рад додаанд.

"Ин ғайри қобили қабул аст. Ин бемасъулиятии афроде аст, ки дар Вазорати тандурустӣ дар бахши иттилоъ кор мекунанд. Фикр мекунам, дар шароити феълӣ пинҳон кардани маълумот ҷиноят аст", - афзуд ӯ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастикам як ҳафта боз дар бораи беморони илтиҳоби шуш дар ҷумҳурӣ ҳеч иттилоъ надодааст. Дар ҳоле ки пизишкон мегӯянд, баъзе аз бемористонҳо аз гирифторони илтиҳоби шуш пур шудааст ва ҳар рӯз дар бораи марги ин ё он нафар аз пневмония дар гӯшаҳои кишвар хабар мерасад.

Галина Перфилева, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодисаҳои зиёди пневмония вуҷуд дорад ва ин ҳодисаҳо дар шакли бисёр сахт дида мешаванд ва бешубҳа моро нигарон кардааст. Мутаассифона, ҳодисаҳои пневмония вуҷуд дорад. Ин чиз наметавонад мояи ташвиши мо набошад."

Вале ӯ дар мавриди онки фавти одамон аз пневмония аз ҳад зиёд нест, гуфт, "омори марги беморони илтиҳоби шушро надорам. Мо онро дархост кардем, вале, мутаассифона, надорам."

Масъалаи илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон баъд аз он доғ шуд, ки мақомот ба набудани бемории КОВИД-19 дар кишвар пофишорӣ доштанд, вале охири моҳи март баъд аз фавти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз пневмония аъзои оилаашро ба карантин гирифтанд. Ҳамчунин мақомот талош карданд, ки ҷасади фавтидагон аз бемории илтиҳоби шушро ба наздиконашон надода, шитобкорона ва зери чораҳои сахт дафн кунанд.

Ҳоло маълум нест, дар бемористонҳои кишвар чанд нафар гирифторони илтиҳоби шуш қарор доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба 15 сокини кишвар сироят кардааст. Аз он замон то кунун чизи дигаре дар бораи беморон, чӣ гуна ва кай сироят шудани онҳо, шеваҳои табобат ва дар чӣ вазъ будани маризон иттилоъ дода нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG