Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.
Патрик О.Коннор, раҳбари ҳайат рӯзи 12-уми май ҳангоми нишасти хабарӣ, ки онлайн сурат гирифт, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи сирояти беморӣ дар дохили ҷомеа ворид шудааст. Мавридҳои собитшудаи СОVID-19 ҳангоми ҳузури мо дар кишвар зиёдтар шудаанд ва теъдоди беморон ҳар ду-се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Биноан вазъ ташвишовар аст ва андешидани чораҳои заруриро талаб мекунад. “
Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 12-уми май омори тозаи беморонро эълон кард ва гуфт, ки теъдоди гирифторон дар як шабонарӯзи гузашта 68 нафар афзудааст. Дар умум ҳоло дар кишвар 729 мавриди собитшудаи COVID-19 сабт шудааст ва аз ин миён 23 нафар ҷон бохтаанд. Аммо аксарият ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, миқёси густариши беморӣ васеътар аз он аст, ки мақомот тасвир мекунанд ва талафот ҳам зиёдтар аз омори расмӣ аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук ҳар рӯз доир ба марги нафаре, аз ҷумла донишмандон, табибон ва баъзе аз чеҳраҳои шинохта хабар нашр мешавад, ҳарчанд сабабҳои марги онҳоро бемории қалб, илтиҳоби шуш ва бемориҳои дигар мегӯянд.
Дар нишасти хабарии ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт пурсиданд, ки то куҷо ба омори расмии вазорати беҳдошти Тоҷикистон бовар доранд. Патрик О. Коннор гуфт, ин омор пеш аз онки ба дасти созмони онҳо бирасад, “роҳи дарозеро тай кардаанд.” Ӯ афзуд: “Аз шифохона ба мақомоти вилоятӣ мерасад, то ба вазорат меояд ва сипас ба мо мерасад. Дар ҳолатҳое ба мисли хуруҷи COVID-19 метавонад таъхир вуҷуд дошта бошад ва мо ҳамкорӣ мекунем, табодули иттилоотро идома медиҳем. Мо корро барои гирифтани иттилооти дуруст идома медиҳем.”
Аз 200 то 250 ташхис аз коронавируси нав дар як рӯз
Роҷеъ ба тавоноии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон барои ташхиси кофӣ барои маълум кардани гирифторон, яке аз аъзои ҳайат гуфт, ки айни замон озмоишҳо фақат дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад ва мутахассисон қодиранд, ҳадди аксар аз 200 то 250 ташхис анҷом бидиҳанд, ки бисёр кам аст.
Барои ҳамин Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додааст, ки озмоишҳо зиёдтар анҷом дода шаванд ва роҳҳои гирифтани ташхис дар лаборатория ва ё озмоишгоҳҳои сайёр дар дигар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор доштааст. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ, дар посух ба суолҳо доир ба имконоти Тоҷикистон барои ташхиси беморони эҳтимолӣ гуфт, то имрӯз дар кишвар 44 ҳазор абзори ташхис вуҷуд дорад, ки аз Чину Русия ва Олмон овардаанд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз "бештар аз 7700 нафарро озмоиш кардем ва аз миёни онҳо бемории 661 нафар собит шуд." (то рӯзи 11-уми май)
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 1-уми май ва баъд аз он ба Тоҷикистон омад, ки шубҳаву гумон дар бораи “орӣ аз вирус” будани кишвар зиёд шуд. Мақомоти расмӣ то рӯзи 30-уми апрел мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти СОVID-19 сабт нашудааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба маргумир аз беморие, ки мақомот “илтиҳоби шуш” мегуфтанд, зиёд мешуд.
Омори шубҳабарангез ва кор барои омори дурусту боварибахш
Доир ба шубҳаву гумон роҷеъ ба оморҳои мақомоти Тоҷикистон ва замони эълони сирояти вирус дар нишасти хабарӣ сӯҳбати зиёд нашуд, ҳарчанд Патрик О.Коннор гуфт, ки баъди бастани марзҳо ҳанӯз рафтуо дида мешуд. Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ эътироф кард, ки бо вуҷуди бастани марзҳо ва эълони карантин дар Узбекистону Қирғизистон зоҳиран шаҳрвандони ин ду кишвар аз “роҳҳои пинҳонӣ ба Тоҷикистон рафтуомад мекарданд.”
Хабарнигорон ҳамчунин доир ба он пурсиданд, то куҷо иддаоҳои мақомот, ки теъдоди зиёде ба “илтиҳоби шуш” гирифтор шудаанд, дуруст аст ва ин мавридҳо СОVID-19 набудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то 30-уми апрел мегуфтанд, ки садҳо озмоиши анҷомдодаи онҳо вуҷуди вирусро дар беморони гирифтори илтиҳоби шуш собит накард.
Яке аз мутахассисони ҳайат дар робита ба ин суол гуфт: “Агар бемор бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шуд, баъд аз 5-6 рӯзи рушди беморӣ, вирус аз роҳҳои болоии нафас гум мешавад ва озмоишҳо вуҷуди онро нишон намедиҳанд. Агар озмоиш аз биниву ҳалқ гирифта шавад, табиист, ки онро нишон намедиҳад. “
Матбуоти Тоҷикистон ва ҷомеаи маданӣ Галина Перфилеева раҳбари дафтари ин созмон дар Душанберо ба он муттаҳам мекарданд, ки бо такрори маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон ба “пинҳонкории онҳо” мусоидат кардааст. Ҷомеаи маданӣ ва матбуот мегӯянд, ҳукумат бо ин пинҳонкорӣ ва беэътиноӣ ба густариши вирус дар миёни ҷомеа мусоидат кард. Худи Галина Перфилеева, ки дар курсие танҳо менишаст, дар нишасти хабарӣ суҳбат накард.
Сафар бо Суғду Хатлон ба истиснои Бадахшон
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар муддати бештар аз 1 ҳафта ба муассисаҳои тиббӣ, озмоишгоҳҳо дар Душанбеву Хатлону Суғд рафта ва бо намояндагони Вилояти Бадахшон сӯҳбати онлайн анҷом додааст. Дар робита ба норасоии лавозимоти муҳофизатӣ барои табибон, ки шикоят аз он зиёд аст, раҳбари ҳайати созмон гуфт, ки норасоӣ дар воқеъ мушоҳида мешавад. Ӯ афзуд: “Захираи лавозимоти муҳофизатӣ (дар шифохонаҳо) зуд тамом мешавад. Мо медонем, ки васоили муҳофизатӣ оварданд ва бояд ҳарчӣ зудтар тақсим карда шаванд. Мо фаҳмидем, ки мушкили таъмини табибону дигар маъмурони тиббӣ бо васоили муҳофизатӣ вуҷуд дошт.”
Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар мубориза бо беморӣ ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ мерасонад, бо пешбинӣ аз густариши беморӣ гуфтааст, мумкин аст, дар Тоҷикистон аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавируси нав гирифтор шаванд ва аз 6 то 21 ҳазор нафар фавтанд. Патрик О. Коннор дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин пешгӯӣ гуфт: “Ҳар навъ пешгӯӣ ва талош барои маълум кардани теъдоди беморони СОVID-19 кори бисёр мураккаб аст. Пешгӯиҳое, ки мекунем ба манобеъ ва саҳмгузорӣ дар мубориза бо беморӣ вобастаанд. Пешгӯӣ тасвири лаҳзаинаи оянда аст, ки мо бар асоси ваъзи ҳозира онро тасаввур мекунем. Пешгӯиҳо барои маблағгузориву омодагӣ кӯмак мекунанд, вале оянда аксаран номаълум аст. Мо бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ бояд ҳамеша ба сенарияи бадтарин омода бошем ва сахт бикӯшем, ки чунин чизе иттифоқ наафтад.”
Омодагӣ барои сенарияи бад
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳоло сирояти беморӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аълои худ нарасидааст ва “фурсати он расидааст, ки бо фаъол кардани баромаҳои иловагӣ ба сенарияи бадтарин омода шавем ва ба шифохонаҳову табибону кормандони тиб кӯмак кунем, барои қабули теъдоди зиёди беморон омода шаванд.“ Ӯ афзуд, чораҳое, ки Тоҷикистон бояд барои монеъ шудан ва аз байн бурдани беморӣ биандешад, на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки тамоми ҷаҳон таъсир мегузорад.
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки арзёбии комилашро дертар бо тавсияҳои иловагӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Айни замон дар нишасти хабарӣ гуфтанд, фосилагирии иҷтимоӣ, риояти қоидаҳои беҳдошт ва ташхиси фарогиру зуд ва ҷудо аз ҷомеа нигаҳ доштани беморон тавсияҳои аслиест, ки метавонад, суръати густариши бемориро суст карда ва онро нигаҳ дорад. Онгуна, ки раҳбари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Бедошт гуфт, баъди вуруди онҳо ба Душанбе онҳоро низ озмоиш кардаанд ва баъди маълум шудани онки бемор нестанд, имкон додаанд, бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла нахуствазир Қоҳир Расулзода мулоқот кунанд.