Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи Трамп дар мавриди Путин чӣ будааст? Нақли мушовири собиқ


Фиона Ҳилл, собиқ мушовири Шӯрои амнияти миллии Трамп
Фиона Ҳилл, собиқ мушовири Шӯрои амнияти миллии Трамп

Собиқ мушовири президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки дар даври дуюми президентӣ Доналд Трамп талош хоҳад кард, ки раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путинро барои мавзеъгирии муштарак дар қиболи Чин, ё ба истилоҳ ташкили “нерӯи муштарак” моил кунад.

Фиона Ҳилл, собиқ мушовири Шӯрои амнияти миллии Трамп дар умури Русияву Аврупо ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи Брукинг ба ҳайси муҳаққиқ кор мекунад.

Ҳилл гуфт, ки ин ҳадафро Трамп аллакай мехост аз имсол дунбол кунад, вақте хост Путин барои ширкат дар ҷаласаи “Гуруҳи Ҳафтгонаи кишварҳои саноатӣ” (G 7 ) иштирок кунад. Фиона Ҳилл, ки рӯзи 27-уми октябр ҳамроҳ бо профессори донишгоҳи Стенфорд ва собиқ сафири ИМА дар Украина Стивен Пифер дар як баррасие ширкат дошт, гуфт, “Трамп хеле мехоҳад, ки бо Путин (дар қиболи Чин) нерӯи муштарак ташкил кунад”.

Ӯ гуфт, “ба иловаи ин ҳама хушмуомилагиҳои мисли “биёед, меҳмон шавед”, зоҳиран дар паи созиши назорати силоҳҳо мавзӯи Чин қадами баъдӣ хоҳад шуд”.

Вале, ба бовари Ҳилл, Путин аз чунин дархости иқдом алайҳи ҳамсояи шарқиаш “то ҷое асабонӣ мешавад”. Ӯ гуфт, “русҳо воқеан ҳам инро намехоҳанд”.

Трамп, замоне, ки сари қудрат омад, аз соли 2017 ба мавзӯи Чин рӯ оварду як ҷанги тиҷоратӣ бо Пекинро ба роҳ монд. Соли ҷорӣ бархе ширкатҳои чинӣ аз ҳақи фаъолият маҳрум шуданд.

Маъмурияти Трамп Чинро дар тиҷорати ноодилона, аз ҷумла, ҷосусӣ дар соҳаи саноат, интиқоли маҷбурии фанновариҳо ба ихтиёри ширкатҳои давлатӣ ва ғайра гунаҳгор кард. Ӯ инчунин ширкатҳои фанноварии чиниро ба ҷосусӣ ба манфиати ҳукумати Чин айбдор кардааст.

Маъмурияти Трамп шарикону муттафиқонаш аз кишварҳои дигарро ба таҳрим кардани фанновариҳои чинии навъи 5G тела медиҳад.

Тобистони имсол, вақте таниш дар равобит бо Чин шиддат гирифт, Трамп эълон кард, ки мехоҳад бо вуҷуди мухолифатҳои дигар раҳбарон, Путинро ба ҷаласаи раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи “G7” даъват кунад.

Ба узвияти ин созмон ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва Канада шомил ҳастанд. То соли 2014 Русия ҳам як узви ин гурӯҳ ва он замон номаш ҳам мутобиқ ба шумори кишварҳои узв “G8” буд. Вале баъди тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина Маскавро аз ҳайати ин созмон берун карданд.

Ҳилл гуфт, ки Русия аз пешрафти босуръати Чин “тарс дорад” ва намехоҳад дар ҳолати рақобати геополитикӣ бо ин кишвар қарор гирад.

Ба гуфтаи ӯ, ИМА барои Русия “як хубӣ кард”, ки Чину Русияро барои наздиктар шудан бо ҳам такон дод.

То ҳол Вашингтон аз роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодиву монеаҳо Маскаву Пекинро муҷозот ва хашми онҳоро ба бор овард.

Вале бо ин вуҷуд, Русия аз он ки сарҳадаш бо Чин дастнорас аст, бисёр нороҳат мешавад.

Маскаву Пекин солҳои 1990 ва 2000-ум, дар паи ихтилофҳои марзии даврони шӯравӣ бо ҳам созишҳои марзӣ имзо кардаанд.

Ба гуфтаи Ҳилл, задухӯрдҳои марзии Чин бо Ҳинд дар як нуқтаи муштараки марзӣ дар Ҳимолой метавонад Кремлро нороҳат кунад.

Ӯ гуфт, “агар шумо дар Маскав нишаста ин ҳамаро мушоҳида мекунед, шояд ба ин фикр биафтед ва нигарон шавед, ки мавзеъгирии Чин дар масоили гӯё ҳалшудаи ихтилофҳои марзӣ тағйир ёфтааст”.

Миллатгароҳои чинӣ то ҳол қисматҳое дар шимоли Амурро ҳамчун қаламравҳои таърихан чинӣ арзёбӣ мекунанд ва “аз эҳтимол дур нест”, ки Чин кореро, ки Русия бо Қрим кард, такрор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG