Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия муносибатҳои бисёр хуб дорад ва дар замони муносибе бо ӯ мулоқот мекунад. Ӯ дар ин бора рӯзи 30-уми ноябр дар мусоҳиба бо хабарнигори Садои Амрико сухан гуфт.
Пештар аз ин гуфтугӯ Доналд Трамп эълон кард, ки ба сабаби тасарруфи се киштии Украина аз тарафи неруҳои Русия аз мулоқот бо Владимир Путин дар шаҳри Буэнос Айрес, пойтахти Аргентина даст мекашад.
Доналд Трамп дар гуфтугӯи муфассал бо Садои Амрико ҳамчунин дар бораи қарордодҳои нав бо ҳамсоягони кишвар Канада ва Мексика суҳбат кард ва гуфт, ки аз нуфузи афзояндаи Чин дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд нигарон нест. Ӯ айни замон ишора кард, ки мехоҳад, Амрико бо Иттиҳодияи Аврупо тиҷорати беҳтаре дошта бошад, зеро ба қавли ӯ кишварҳои зиёде Амрикоро бо додугирифти ноодилона “ғорат кардаанд”.
Қарор буд, Доналд Трамп рӯзи 1-уми декабр бо Владимир Путин мулоқот кунад. Ҳукумати Русия гуфт, мумкин аст, дидори раҳбарони ду кишвар 2 соат идома ёбад, вале Доналд Трамп эълон кард, ки аз ин мулоқот даст мекашад. Ӯ рӯзи 29-уми ноябр гуфт, “барои ҳамаи тарафҳо беҳтар аст, мулоқот лағв шавад”, зеро Русия се киштии Украинаро барнагардондааст ва маллоҳони онро ҳам озод накардааст.
Русия рӯзи 25-уми ноябр се киштии Украинаро ҳангоми убур аз гулугоҳи Керч дар наздикии нимҷазираи Қрим бо 24 маллоҳи онҳо дастгир кард. Украина ин амалкардро таҷовуз номид, вале Русия мегӯяд, ки онҳо ба сабаби вуруд ба қаламравҳои обии Русия тасарруф шуданд.
Дар шаҳри Буэнос Айрес, нишасти сарони кишварҳои Гуруҳи 20 идома дорад ва қарор буд, раисони ҷумҳурони Амрикову Русия дар ҳошияи ин нишаст мулоқоте дошта бошанд.