Сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба таври ғайриинтизор неру ва тавоноиҳои шарҳвандон ва ҷомеаи маданиро ба намоиш гузошт, мегӯянд ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ, вале гумон намекунанд, ки ин оғози дигар шудани муносибати мақомот бо онҳо гардад.
Баъди расидани зарбаи аввали коронавирус ба вилояти Суғд ин ҷо бори аввал ташаббусҳои ёрӣ ба таббибон ва беморон ба таври худҷӯш намудор шуд. Бори аввал ҷавондухтар Назира Тоҳирова ва модараш ба падари хонавода -- духтуре, ки шабонарӯзӣ дар беморхона монда буд, хӯроки шом оварданд. Вале фикр карданд, табибони зиёде акнун дар бемористон зиндагӣ мекунанд. Назира аз тариқи Фейсбук сокинони Хуҷандро даъват ба ёрӣ кард. Дар фурсати кам ин кори нек ба як ҳаракати калон табдил шуд. Дигар на танҳо хӯрданӣ ёрӣ мекарданд, балки ниқобу либосҳои махсус ҳам мебурданд. Баъдтар бо ташаббуси ин духтар бунёди хайрияе бо номи “Уқёнусе аз қатраҳо” созмон ёфт ва ба яке аз даҳҳо гуруҳи мададрасон табдил ёфт. Давлат дар ин ҳангом дар канор тамошобин буд. То замоне, ки фикр мекард, ки чӣ бояд кард ҳаракати мардумии ёрӣ ба пизишкон ва беморон аллакай тамоми кишварро фаро гирифта буд, ки дар рафти кор созмону гуруҳҳое низ таъсис шуданд.
Шодӣ Рашидбеков, соҳибкори маҳаллӣ ва намояндаи соҳибкории хурду миёнаи шаҳри Хоруғ аз чанде пеш узви “Иттиҳодияи соҳибкорони Помир” аст, ки аз сӯйи сокинони маҳаллӣ барои муқовимат бо сирояти COVID-19 роҳандозӣ шудааст. “Иттиҳодия дар се самти асосӣ кор мекунад: Ордро яклухт харида, ба бозори шаҳру ноҳияҳои наздиктар мебарад ва бо нархи худи маҳсулот мефурӯшад, то аз баландшавии нарх дар бозор пешгирӣ кунад, беморхонаи вилоятиро бо хӯрок, лавозимоти тиббӣ ва василаҳои муҳофизатӣ таъмин менамояд”,- мегӯяд Рашидбеков.
Барои ин, ба гуфтаи вай, иттиҳодия ризокорони худро дар беморхонаи вилоятӣ дорад, ки ҳамарӯза мониторинг мегузаронанд ва барои хӯрок ва лавозимоти зарурӣ дархост медиҳанд. “Ҳамчунин гуруҳҳои зиёди одамоне ҳастанд, ки довталабона ба мо кӯмак мекунанд, моро ҳамчунин раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳимоят мекунад, вале мо талош дорем, ки ҳамаи ёриҳоро мутамарказ кунем, то кумакҳо муассиртар шаванд”,- эътироф мекунад Рашидбеков.
Вокуниши ғайриинтизор
Буҳроне, ки бо сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯ зад, амалан фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро зинда кард, ҳам бахши расмӣ ва ҳам бахши ғайрирасмии онро. Бо пайдо шудани хабари расонаҳо аз мавридҳои ба гунаи шубҳаовар зиёди пневмония ё илтиҳоби шуш дар миёни шаҳрвандон ва маргҳои мармуз аз ин бемориҳо, ҳанӯз 20-ми апрел 18 созмони ҷамъиятӣ ва фаъолон аз Вазорати тандурустӣ дархост карданд, ки ба вазъи эпидемиологии кишвар дар робита ба ҳамагирии босуръати коронавирус дар дунё, равшанӣ андозад. Аз ҷумла хоста шуд, ки омори гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар соли ҷорӣ таҳия ва пешниҳод шавад.
Баъд аз он ки мақомот дар остонаи сафари комиссияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ расман вуҷуди вирусро дар Тоҷикистон пазируфтанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо номаи дигаре ба СҶТ муроҷиат ва изҳори нигаронӣ карданд, ки мавридҳои воқеии сироятшавӣ дар кишвар хеле бештар аз он аст, ки расман мақомот гуфтанд.
Ҳанӯз то замони эътирофи далели сироятёбӣ дар кишвар, фаъолон дар вилояти Суғд аз ҷамъоварии пул барои хариди либосҳои муҳофизатӣ ва васоили муҳофизати инфиродӣ эълом карданд ва аз мақомот талаб карданд, ки иттилои сироятёфтагонро пинҳон накунанд.
Неруи ташаббусҳои шаҳрвандӣ
Дилрабо Самадова, вакили дифоъи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, мегӯяд, ки гуруҳи онҳо то кунун ба қишри осебпазир ва кормандони тиббӣ хӯрокворӣ, василаҳои муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти мавриди ниёзи тиббӣ ёрдам мекунанд. “Мо рӯйи минтақаҳои дурдаст тамаркуз мекунем, ки он ҷо ба мо фаъолони маҳаллӣ ва кормандони созмонҳои гуногун ёрӣ мерасонанд. Онҳо, ки маҳалҳоро хубтар медонанд, барои мо рӯйхат омода мекунанд, мо ба онҳо маҳсулот мефиристем ва онҳо ба мардум мерасонад ва ба мо гузориши аксӣ медиҳанд. Ёригирандагон баъди қабули маҳсулот дар варақаи махсус имзо мегузоранд”,- нақл мекунад Самадова. Ин гуна ёрӣ, ба назари вай, ба шарофати ҷамъоварии пул тавассути ризокорон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар имконпазир шуд ва ба сокинони Хуҷанд, Душанбе ва навоҳии дигар расид.
Дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон созмони “Тавонӣ, ёрӣ кун” якҷо бо ташаббуси шаҳрвандии “СИЗ Душанбе” ба пизишкон ёрӣ мерасонанд. Ба ин кор ҳамчунин созмони “Пешрафт” шарик шуд, ки аз ҷамъоварии маблағ ва имкони ёрии якдафъаӣ ба 100 ҳазор шаҳрванд хабар дод.
Ба ҷуз ин, фаъолмандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба назар мерасад, ки он ҷо гуруҳҳои вижае мисли “COVID-19:Тоҷикистон” ва “Пизишкони Тоҷикистон” ташкил шудаанд ва дар бораи сироятёфтагон, фавтидагон ва шеваҳои табобат хабар медиҳанд.
Фаъолон ҳамчунин феҳристи алтернативии онҳоеро, ки бар асари коронавирус фавтидаанд тартиб додаанд, ки дар он аллакай номи зиёда аз 200 нафар гирдоварӣ шудааст. Ин дар ҳоле, ки бино ба маълумоти вазорати тандурустӣ шумораи фавтидагон чизе дар ҳудуди бештар аз 30 нафар аст.
Равобити мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ
Коршиносон бар инанд, ки буҳрони кунунӣ як навъ ангезае шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро гирди ҳам овард кард. “Ҳеч гоҳе ҷомеаи мадании мо ин гуна фаъол набуд. Вале агар ба таърих назар андозем, ин гуна буҳронҳо ҳамеша ҷомеаро муттаҳид мекунанд. То ин ҳодиса дар ҷомеаи мо тарсу ҳаросҳои муайяне буд, вале ҳоло мо мебинем, ки мардум тадриҷан аз ин ҳолат берун меоянд ва нотарсида, озодона назари худро изҳор мекунанд, ҳадаф мегузоранд ва ба он ноил мешаванд”,- мегӯяд ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова.
Ӯ меафзояд, ки ҳукуматҳои ғайридемократ, маъмулан кам мойиланд, ки бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунанд ва танҳо ҳамин гуна лаҳзаҳои буҳронӣ онҳоро маҷбур ба ин гуна ҳамкорӣ мекунад. “Вале ин ҳамкорӣ пеш аз ҳама ба фоидаи ҳукумат аст, ин мардум барои кори худ пул намегиранд, вале ҳозиранд ҳатто ҷони худро дар ин гуна маврид қурбон кунанд. Ҳукумат дар оянда бояд рӯйи ин фикр кунад, ки дар лаҳзаҳои сахт кӣ дар паҳлуяш истод”,- таъкид мекунад ҳомии ҳуқуқ.
Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти истротежики назди президент розӣ нест ва мегӯяд, ки мақомот ҳамеша бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ризокрон ҳамкорӣ кардааст. “Мақомот ба бисёре аз намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ёрӣ расонидаанд. Ҳукумат бисёриҳоро пуштибонӣ кард ва барои пайдоишаш ёрӣ кард ва минбаъд онҳо ҳамчун унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд. Масалан, “Авангард”-и Мардихудо Давлатов ва дигарон, ки шаҳрвандони одие ҳастанд, вале хеле ҷонибдори фаъолшавии ҷомеаи шаҳрвандиянд”,-мегӯяд Сафаров.
Ин гуруҳҳо рисолатеро иҷро мекунанд, ки ба гуфти мухолифонашон гумон аст, ба ҳифзи манофеи ҷамъият равона шуда бошад, балки бештар ба манфиати мақомот ва ҳатто аъзои хонаводаи президент ва мансабдорони ҷудогона.
“Ҳар касе ба роҳи худ меравад”
Ҳамчунин маҳбусони тоҷик низ аз таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар канор намонданд.
Ҳанӯз дар поёни моҳи апрел Эътилофи зиди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар як номаи худ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон хоста буд, ки ҳуқуқи касоне, ки дар маҳбасанд, риоят шавад, аз ҷумла озодии иттилоъ ва изҳори назар, зеро дар зиндонҳо режими вижаи зиддисироятӣ ҷорӣ шуда буд.
Алӣ Ализод, фаъоли маданӣ мегӯяд, ки посухгӯйӣ ва фаъолмандии шаҳрвандон барояш ғайриинтизор набуд, ки бо имконоти маҳдуд ёрӣ мерасонанд. “Бубинед бо чӣ шавқу шӯре табибони мо, сар аз фаррош то сардухтурҳо ҳоло кор мекунанд. Ба ҳамватанонамон дар Русия бингаред. Чӣ гуна онҳо ҳамдигарро ёрӣ мекунанд. Ҳарчанд онҷо вазъи ҳама мушкил аст. Вале дар пасманзари ёрии онҳо, талоши мақомот, ки тавонмандии бештаре барои ёрирасонӣ доранд, камрангтар аст. Хусусан агар инро дар назар бигирем, ки ҳоло дар дигар кишварҳо ҳукуматҳо чӣ гуна ёриҳо ба шаҳрвандони худ мерасонанд”,- мегӯяд Ализод.
Бо вуҷуди ин, вай бовар надорад, ки мақомот дидгоҳи худро нисбат ба ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва ҷомеа дигар кунанд. “Ҳашар”-и умумиҷумҳурявии соли 2010-ро ба ёд биоваред, замоне ки мардум тақрибан охирин доштаҳои худро барои сохтмони Роғун дод. Сарфи назар аз маблағи чашмгире, ки он вақт ҷомеа ҷамъ кард, фаъолмандии он тақрибан аз назар дур монд. Фикр мекунам айнан ҳамин ҳол баъди ҳамагирӣ рух медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳи худу ҳукумат ба роҳи худ мераванд”, - пешбинӣ мекунад ҳамсуҳбати мо.