Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқ ё "духтардуздӣ"? Мақомот талоши издивоҷи марди 38-сола бо духтари 17-соларо таҳқиқ мекунанд


Тасвири духтардуздӣ. Акс аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ
Тасвири духтардуздӣ. Акс аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ

Мақомоти додситонӣ дар шарқи Тоҷикистон ҳодисаи аз ҷониби як марди 38 сола бо худ бурдани духтари 17-сола аз деҳа ба Душанберо таҳқиқ мекунанд.

Волидайни духтар мегӯянд, фарзандашон, ки дар синфи 11-и мактаби миёна мехонад, дуздида шудааст. Марди 38-сола ва худи духтар ба мақомот гуфтаанд, ки бо ризоияти ҳам ба Душанбе рафтаанд ва ҳадафашон издивоҷ буд.

Ин духтар, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ба сини издивоҷ нарасидааст, рӯзи 9-уми октябр аз як деҳа дар шарқи Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе бурда шудааст, вале пас аз як рӯзи хабар додани волидайнаш ба пулис ӯро дубора ба зодгоҳаш пас овардаанд. Номи ин духтар ва маҳали зисташ, ки бо далелҳои ахлоқӣ зикр намешаванд, ҳоло дар як мактаб-интернати наздик ба ҷойи зисташ нигаҳдорӣ мешавад.

Як мақоми додситонӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки духтар аз тарси ин ки волидайнаш ӯро ҷазо хоҳанд дод, ба хонаашон баргаштанӣ нест.

Ин манбаъ гуфт, ки бо ҷонибҳо суҳбат кардаанд, вале ин ҳодиса ҳамчун “духтардуздӣ” парванда нашудааст, зеро ба гуфтаи ӯ, духтар дуздида шуданашро рад мекунад ва мегӯяд, “ихтиёран бо ин мард ба Душанбе рафтааст”. Мард ва духтар гуфтаанд, ки ҳадафашон издивоҷ буд.

Дар ҷомеаи сунатии Тоҷикистон талоши издивоҷи духтари ҷавонро бидуни никоҳ ва анҷоми маросими туй маҳкум мекунанд. Дар Тоҷикистон духтарон танҳо дар ҳолате аз хонаи волидайн ба хонаи шавҳари оянда фирор мекунанд, ки волидайни духтар шадидан муқобили ин издивоҷ ҳастанд. Волидайн фирори духтари худро бадномӣ ҳисоб мекунанд.

Ҳоло зоҳиран мушкил дар ин ҳодиса танҳо ба сини издивоҷ нарасидан духтар аст. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, бо қарори додгоҳ имкони як сол кам кардани сини издивоҷи духтар вуҷуд дорад ва дар он сурат ӯ метавонад издивоҷ кунад.

Қонунгузории Тоҷикистон сини издивоҷро аз 18-солагӣ боло муқаррар кардааст, вале дар ҳолатҳои истисноӣ, мисли камбизоат ё ятим будани духтар додгоҳ ҳақи як сол поён кардани сини издивоҷро дорад.

Волидайни духтар шадидан мухолифи ин издивоҷ ҳастанд ва талош доранд, ки ин мард ҷазо дода шавад. Онҳо бар ин назаранд, ки ин мард дар Русия ҳамсари рус дорад ва духтари онҳоро ҳамсари дуюм карданист. Нозирамоҳ, модари духтар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳеҷ сурат ба издивоҷи духтараш бо ин мард розӣ нест.

“Духтарамро фиреб додаанд. Ба хона намеояд ва мегӯяд, ки агар баргардад маро мекушед. Наход ман фарзандамро кушам ё азият диҳам, охир ӯро фиреб додаанд. Гуфтааст, ки хонаат мехараму ба Русия мебарам, дилашро гарм кардааст. Ин амал аз руи шариат нест, ӯ талабаи мактаб аст, бояд дарс хонад”,--гуфт модари ин духтар ва афзуд, ним моҳ боз духтараш на мактаб меравад ва на хоҳиши бозгашт ба хонаро дорад.

Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои суҳбат бо марде, ки ин духтарро бо худ барои як рӯз ба Душанбе бурдааст, бенатиҷа буд. Танҳо як нафар, ки худро аз хешовандони ин мард муаррифӣ кард гуфт, ки воқеан ӯ дар Русия ғайрирасмӣ зан ва ду фарзанд дорад. Ӯ чор моҳ пеш ба Тоҷикистон омада, мехоҳад зани мусалмон дошта бошад. Ёрмуҳаммад, бародари ин духтар мегӯяд, ин ҳодиса “шаъни онҳоро паст задааст”.

Дар бораи “арӯсдуздӣ” дар Тоҷикистон омори дақиқе вуҷуд надорад, вале дар Қирғизистони ҳамсоя, ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, ҳар сол то 12 ҳазор духтарро медузданд. Аммо коршиносон мегӯянд, фарқ дар ин аст, ки дар Тоҷикистон духтарон дар ҳолатҳои истисноӣ, аз сари ишқ бо ҳамсарони оянда фирор мекунанд ва ин кор бо розигии ду ҷониб, вале хилофи хоҳиши волидайн сурат мегирад.

Дар чунин ҳолат дар Тоҷикистон дар ниҳоят волидайн ба издивоҷи духтарашон бо марде, ки ҳамроҳаш рафтааст, розӣ мешаванд ва бо гузашти сол бо ин ҳодиса муросо мекунанд.

XS
SM
MD
LG