Мақомоти Тоҷикистон нахустин мавридҳои фавти беморони КОВИД-19-ро дар кишвар тасдиқ карданд.
Бино ба иттилои расмӣ, ки шоми 2-юми май ба воситаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон шуд, то ин дам
2 нафар аз коронавирус ҷон бохта,
сирояти 76 кас ба ин бемории ҳамагир тасдиқ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар бемористонҳои кишвар 2782 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд. Дар шабонарӯзи гузашта 217 касро пас аз ташхису муоина ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.
Мақомот дар бораи онки ин афрод кай, чӣ гуна ба коронавируси нав сироят шудаанд ва дар кадом бемористон табобат мегиранд, ҷузъиёт намедиҳанд.
Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, тафсилот бисёр муҳим аст, чун марзҳо аз нимаи дувуми моҳи март баста буда, мақомот то 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро дар кишвар ба шиддат рад мекарданд ва вазъи эпидемиологиро "нисбатан ором" тасвир менамуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба кишвар бори аввал аз сироят шудани 15 нафар ба коронавирус хабар дод. Ин рақам субҳи шанбе ба 32 нафар баробар шуд ва шоми шанбе ба 76 кас расид. Мақомот гуфтанд, нахустин мавридҳои гирифтории сокинонро ба вируси нав рӯзи 29-уми апрел ошкор карданд.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ки се сенарияи эҳтимолии густариши вирусро баррасӣ кардааст, дар Тоҷикистон, мумкин аст, аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, имкон дорад аз 6 ҳазору 536 нафар то 21 ҳазору 25 нафар фавтанд. Ин омори тахминии Бонки Ҷаҳонӣ аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Ҳоло бархе аз сокинон ва таҳлилгарон мақомотро барои бо таъхир эътироф кардани мавҷудияти беморӣ айбдор мекунанд. Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар суҳбати қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "дар ҳукумат нисбат ба короновирус фикри ягона вуҷуд надошт. Як гурӯҳи таъсиргузор хоҳиши пинҳон кардани маълумотро доштанд. Ин гуруҳ аз таҳлукаи мардум дар ҳарос буданд. Дар муқобил коршиносон ба вижа мутахассисони тиб буданд, ки доимо таъкид мекарданд, ин сиёсат оянда надорад ва бар зарари давлати Тоҷикистон меанҷомад."
Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-юми май дар баёнияе гуфт, аз замони ошкор шудани коронавируси нав барои пешгирӣ аз сирояти он ба аҳолӣ "тасмимҳои таъҷиливу муассир" гирифтааст.
"Натиҷаи чунин чораҳо аст, ки беш аз се моҳ, аз оғози ба қайд гирифтани аввалин ҳодисаҳои пайдоиши коронавирус дар мамлакат ягон ҳодисаи мубтало шудан ба пандемияи COVID-19 ба қайд гирифта нашуда буд", - омадааст дар баёния.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 бо назардошти вазъ дастур додааст, ки тадбирҳо барои муқобила бо беморӣ ва роҳ надодан ба густариши вирус тақвият дода шаванд. Ҳукумат дастур додааст, аз ин баъд барои пешгирӣ аз сирояти вирус, тамоми мардум ҳангоми гашутугузор дар берун ҳатман ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
Дар кишвар карантин эълон нашудааст, то аз паҳн шудани вирус пешгирӣ ба амал ояд. Танҳо мактабу боғчаҳои кудакон таътил, чорабиниҳои оммавӣ манъ ва ба бастани ниқоби тиббӣ дастур дода шудааст. Мақомот мегӯянд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар поксозӣ ё дезинфексияи идораву муассиса ва кӯчаву хиёбонҳо бо маҳлулҳои беҳдоштӣ идома дорад.
Коронавируси нав охири моҳи декабри соли гузашта дар Чин ошкор шуд. То кунун дар ҷаҳон беш аз 3 миллиону 300 ҳазор нафар ба ин беморӣ сироят шуда, зиёда аз 238 ҳазор кас ҷони худро аз даст доданд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз 1 миллион нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаанд.