Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзони Хатлон умедворанд, КОВИД-19 ба сарзамини онҳо намерасад


Кишоварзон ҳангоми хӯрдани ғизо ва сари як дастурхон. Коре, ки ба гуфтаи табибон дар замони коронавирус набояд кард.
Кишоварзон ҳангоми хӯрдани ғизо ва сари як дастурхон. Коре, ки ба гуфтаи табибон дар замони коронавирус набояд кард.

Барои Зуҳурбек Шарипов, сокини ноҳияи Кушониён мавсими кори саҳро шурӯъ шудааст. Ҳар рӯз бояд зироатҳояшро аз алафҳои бегона покиза ва боғашро нигоҳубин кунад. Дар рӯзҳое, ки теъдоде аз сокинони ноҳия аз бими сирояти вируси нав, аз хона берун намеоянд, ё ҷое намераванд, ӯ ҳар рӯз дар берун аст ва аз шом то бегоҳ дар саҳро бегоҳ мекунад.

Зуҳурбек Шарипов мегӯяд, барои кишоварз дар хона пинҳон шудан илоҷи кор нест, чун агар кор накунад, гурусна мемонад. Сокини деҳаи Қазонгузар, ки дар саҳро бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Рӯҳияи моро ягон касал, ягон беморӣ, намешиканад. Аз ин рӯ ҳар кас бояд барои амнияти озуқавории хонаводаи худ давлати худ саҳм гузораду ба манфиати ҳам хоҷагӣ ва ҳам халқ кор кунад”.

Зуҳурбек Шарипов як гектар кишти гандум ва боғ дорад. Кишоварзи тоҷику ҳамроҳонаш бо вуҷуди огаҳиву ҳушдорҳои пайвастае, ки аз телевизиону кӯчаву ҳамсояҳо мешунавад, зиёд ба чораҳои пешгирӣ аз сироят аҳамият намедиҳад. Ӯ мегӯяд, дар саҳро хатари сироят камтар аст. Умедвор аст, ки таҳдиди беморие, ки ба гуфтаи мақомот ба Тоҷикистон нарасидааст, ба зудӣ рафъ мешавад, барои ҳамин аз барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва кишоварзиаш даст накашидааст.

Зуҳурбек Шарипов мегӯяд: “Дар баъзе шаҳрҳо мебинем, ки бархе ҳатто қарз карда, маблағҳояшон барои захира кардани орду равған сарф мекунанд. Мо баръакс пасандозамонро барои замин харҷ кардем, 500 метр лӯла ва насоси обкашӣ харидем. Ба ин тарсу ҳаросҳо дода намешавем.”

Зуҳурбек Шарипов ҳангоми чидани алафҳои бегона
Зуҳурбек Шарипов ҳангоми чидани алафҳои бегона

Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст ва мисли Зуҳурбек Шарипов ҳазорон нафар ҳоло дар киштзорҳояшон ба кор машғуланд. Хатлон аз таъминкунандагон аслии маҳсулоти кишоварзии бозорҳои дохилӣ мебошад.

Сироҷиддин Наботов, яке аз кишоварзони дигар аз Кӯшониён аст. Мегӯяд, ки эҳтиёт ва ҳатто карантин кардану дар хона мондан хуб аст, вале ҳосилаш барбод меравад: “Дар хона, ки нишинем, ҳама хушк мешавад. Ҳамаҷо хатари коронавирус аст. Мегӯянд, ки дар хона бошед, вале наметавонам, ҳосиламон аз даст меравад ва бояд кори саҳро кунем.”

Бо вуҷуди онки мақомот мегӯянд, вирус дар Тоҷикистон нест, вале мардумро барои эҳтиёт ва дар хона мондан ташвиқ мекунанд. Кишоварзон корҳои худро муҳим мешуморанд. Ҳоло бо оғоз ёфтани кишти пахта, зироати аслии вилоят, мумкин аст, мардуми зиёде ба саҳро барои кишти ин ашёи стратегии Тоҷикистон бароянд.

XS
SM
MD
LG