Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои муқобила бо коронавирус дар Тоҷикистон 1,69 миллион доллар ҷудо кард


Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон
Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавируси нав 1 миллиону 690 ҳазор доллари дигар кумак мекунад.

Сафорати Амрико дар Душанбе 6-уми май дар баёнияе гуфт, ин ёриҳо ба воситаи Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) ба дасти Тоҷикистон мерасад.

Пештар Иёлоти Муттаҳида барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ба Душанбе 866 ҳазор доллар кумак карда буд. Сафорати Амрико мегӯяд, ёриҳои нав дастрасии кормандони соҳаи тибби Тоҷикистонро "ба таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани зарфиятҳои ташхисӣ барои мубориза бо COVID-19" фароҳам меорад.

Оҷонсии USAID Central Asia низ ба Тоҷикистон барои мубориза бо буҳрони коронавирус аз ин пештар як миллион доллар кӯмак кард.

Дар маҷмӯъ, ҳукумати Амрико тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар кумак кардааст. "Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳолати бӯҳронӣ дар паҳлуи Тоҷикистон аст", - гуфтааст сафорати Амрико дар баёнияи худ.

Тайи моҳҳои ахир барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва муқобила бо он, кишвару созмонҳои мухталиф ба Тоҷикистон миллионҳо доллар ҷудо кардаанд. То ба ҳол барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон Олмон 1 миллион евро, ​Бонки Осиёии Рушд 100 ҳазор доллар, ​Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар, ​Русия ва Чин беш аз 20 ҳазор донаӣ тест ва ё маводи ташхиси коронавирус ва ЮНИСЕФ либосу ашёи муҳофизатӣ додаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки барои муҳофизати қишрҳои осебпазир аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 600 ҳазор доллар кумак мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо низ ба Тоҷикистон ба маблағи 48 миллион евро ёрӣ карданист.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин кумакҳо ва шеваи харҷи онҳо ба таври шаффоф гузориш надодаанд. Ин аст, ки бархе аз корбарони шабакаҳои иҷимоӣ мехоҳанд, ҷараёни харҷи кумакҳо сахт назорат карда шавад.

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои харҷи нодурусти баъзе аз кумакҳо танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG