Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозири тоҷикро баъди навори ҷанҷолаш бо ронандаи қазоқ аз кор ронданд


Баҳси нозири роҳ бо ронанда қазоқ
Баҳси нозири роҳ бо ронанда қазоқ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корманди Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Турсунзодаро барои “рафторе, ки шаъну эътибори корманди ВКД-ро паст мезанад” аз кор барканор кард.

Навори баҳси нозири роҳ 22-уми июни соли равон зери номи "Баҳси ронандаи қазоқ бо пулиси тоҷик" дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки фармони барканории Ислом Маҳкамов, корманди 51 солаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Турсунзода ду ҳафта пеш содир шудааст.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ин ниҳод гуфт, ки пас аз нашри навори баҳси нозири роҳ бо ронандаи қазоқ онро Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқ кард ва ба ин натиҷа расид, ки ӯ набояд дар БДА корашро давом диҳад.

Ислом Маҳкамов мегӯяд, 27 сол дар Бозрасии давлатии автомобилӣ кор кардааст, вале аз барканор шуданаш эътироз надорад.

Дар видеои дудақиқаӣ дида мешуд, ки нозири роҳ мошини боркашеро манъ карда, рақамҳои онро гирифтаааст. Ронанда, ки худро шаҳрванди Қазоқистон меномад, роҳи мошини корманди БДА-ро медорад. Пас аз баҳси лафзие ронанда бо зур рақами мошинро аз дохили мошини хидматии БДА мегирад. Дар навор, ки зоҳиран онро ҳамроҳони ронанда сабт кардаанд, дида мешавад, ки нозири роҳ ба мошини хидматиаш савор мешавад ва бо ҳақорат аз назди мошини боркаш дур мегардад.

Ин навор мавҷи вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва аксаран рафтори нозири роҳро маҳкум карданд.

Ислом Маҳкамов, нозири барканоршудаи БДА мегӯяд, иштибоҳаш ин буд, ки хотири ронандаи хориҷиро дид ва ӯро ҷарима накард.

Ӯ гуфт, ки ронандаи қазоқ бо суръати тез ҳаракат дошта, қоидаҳои роҳро риоя накарда буд.

"Ҳоло пурра аз мақомот озод кардаанд. Гуноҳи ман ин буд, ки як шаҳрванди хориҷиро меҳмон гуфта хотирашро дидам. Гуфтам, нагӯянд, ки дар Тоҷикистон меҳмононро беэҳтиромӣ мекунанд, хотирашро дидам. Ҳамин буд хатоям.",-гуфт ӯ.

Танқидҳо аз кори нозирони роҳ зиёд садо медиҳад. Мақомот мегӯянд, ҷомеа садҳо амали хуби онҳоро нодида мегиранд, вале аз хурдтарин хатояшон ҳангома месозанд.

Нуриддин Аскаров, корманди собиқадори БДА мегӯяд, дар сафи ин ниҳод даҳҳо корманди хуб ҳаст, ки ҳамарӯза корҳои хуберо аб анҷом мерасонанд.

"Коргарони хуб бисёр ҳастанд. Албатта, дар байни 4-5 ҳазор нафар як ду қонуншикан пайдо мешавад. Лекин адолатро бояд риоя кард ва ба хотири як нафар номи як ниҳодро бад накунем. Корҳои хуби нозирони роҳро ҳам бояд гуем. Агар онҳо дар роҳ набошанд ва ҷиддӣ назорат набаранд, садамаҳо зиёдтар мешаванд",-гуфт ӯ.

Шаш соли ахир Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020-ро амалӣ мекунад, ки ҳадафи он “давра ба давра беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он аст". Имсол ин барнома ба поён мерасад.

Бори аввал нест, ки навори баҳси кормандони БДА бо шаҳрвандони хориҷӣ ва ё сокинони кишвар расонаӣ мешавад.

Моҳи майи соли 2018 низ шаҳрванди Руминия – Михай Сикаи наворе нашр кард ва гуфт, нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз ӯ пора талаб кардаанд.

Дар навори видеоие, ки зоҳиран ба телефони мобил бардошта шудааст, гуфтугӯи тӯлонии ин марди хориҷӣ ва ходими полиси роҳро дида мешуд.

Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна баъди гуфтугӯи тӯлонӣ марди сайёҳ як миқдор пулро дар курсии пеши мошини нозирони роҳ мегузорад ва асабонӣ ба самти мотосиклаш бармегардад. Ба қавли сайёҳи руминӣ, онҳо аз Русияву Муғулистону Қазоқистону Қирғизистон ҳам гузаштанд ва фақат дар Тоҷикистон ба чунин бархӯрд рӯ ба рӯ шудаанд.

Мақомот ин наворро низ таҳқиқ карданд ва ду корманди милисаро барканор карданд.

Бозрасии давлатии автомобилӣ, як бахше аз Вазорати корҳои дохилӣ буда, бештар ба танзим ва назорати ҳаракат дар роҳҳои кишвар машғул аст.

XS
SM
MD
LG