Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подполковники тоҷикро барои 40 дашном ба ҳамкораш аз кор ронданд. ВИДЕО


Видео дувуним дақиқа аст ва дар ду дақиқаи он бештар аз 40 дашном шунида мешавад.
Видео дувуним дақиқа аст ва дар ду дақиқаи он бештар аз 40 дашном шунида мешавад.

Рӯзи 5-уми май дар паёмрасонҳои корбарон видеои ҷанҷол бо як нозири роҳ нашр шуд, ки дар он марде, ки зоҳиран афсари баландрутба аст, нозири роҳро “саг” меномад ва модару ҳамсарашро батакрор дашном медиҳад.

Дар ин видео, ки маълум нест, кай сабт шудааст, марде, ки худро подполковник муаррифӣ мекунад, нозири роҳро барои ҷарима бастани ронандаи кадом мошине дашномҳои қабеҳ медиҳад.

Видео ба далели ахлоқӣ кӯтоҳ карда шудааст, чун нашри қисмати аслии он ҷоиз нест.

Бадрафтории подполковники тоҷик бо нозири роҳ барои ҷарима
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00

Дар тӯли ду дақиқаи ҷанҷол ин мард нозири роҳро 40 маротиба дашном медиҳад ва зоҳиран ба раҳбараш занг зада мегӯяд, ки “сагҳои ГАИ” ӯро безор кардаанд.

Телефони афсар ҳам дар ин муддат рӯшан аст ва подполковник ба нозири роҳ, ки Баҳодур ва аз Шаҳринав муаррифӣ мешавад, батакрор дашном медиҳад ва ҳақорат ҳам ба унвони модару ҳамсар ва ниҳоят худи нозири роҳ аст.

Баъди муддати кӯтоҳе аз нашри гузориши Радиои Озодӣ, Раёсати кофтукоби ҷиноятии Вазорати умури дохилӣ дар саҳифааш дар Фейсбук эълон кард, ки подполковники милисаро, ки зоҳиран муфаттиш дар ин раёсат аст, аз кор рондаанд.

Дар баёнияи кӯтоҳе, ки рӯзи 5-уми май нашр шуд, омадааст, видео якчанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва шаҳрвандон ҳам баъди дидани он изҳори норозигӣ кардаанд. "Пас аз ин бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, подполковники милитсия аз мақомоти ВКД озод карда шуд" – омадааст дар ин баёния. Ному насаби полковникро нагуфтаанд.

Дар Тоҷикистон таҳқири намояндаи давлат ва аз ҷумла афсарони милиса ҷиноят ба ҳисоб меравад ва барои он ҷазо пешбинӣ шудааст.

Видео зоҳиран рӯзҳои ахир сабт шудааст, чун нозири роҳ, ки таҳқир мешавад, ниқоби тиббӣ дорад.

Дар гузашта ҳам видеоҳои бадрафтории худи нозирони роҳ бо ронандагон нашр шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин видеоро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG