Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли истисноии ҷасади Ҳоҷимурод аз Русия ба Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯ дар Бошқирдистони Русия буд
Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯ дар Бошқирдистони Русия буд

Шоми 13-уми июн мошини ҳомили ҷасади Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи тоҷик, ки ҳангоми наҷоти кӯдаки дар об ғарқшуда ҷони худро аз даст дод, аз шаҳри Уфаи Русия ба самти Тоҷикистон ҳаракат кард.

Бинобар хуруҷи коронавирус роҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ баст аст, вале ба таври истисноӣ мақомоти Русия ва Тоҷикистон ҷасади ин ҷавонро ба Тоҷикистон интиқол доданд. Ҳукумати Қазоқистон ва Узбекистон ба ин мошин иҷозаи убур додаанд.

Ҳоҷимурод Қаландаров рӯзи 7-уми июн ду кӯдакро ҳамроҳ бо як дӯсташ дар дарёи "Белая" дар шаҳри Уфа аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худаш ғарқ шуд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон амали ҷавони тоҷикро қаҳрамонӣ тавсиф карданд ва гуфтанд, ки ба таври истисноӣ тариқи мошини махсус ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба ватан мефиристанд.

Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз пеш ронандаи мошинеро, ки ҷасадро бояд ба Тоҷикистон меовард, бинобар таб доштан аз марзи Қазоқистон пас гардонида буданд. Ин бор, ба гуфтаи ӯ, ронанда иваз шуд ва мошин дубора ба роҳ баромад.

“Ин кушиши дуюм барои овардани ҷасади фарзандам аст. Бори якум ронанда таб доштааст ва ӯро пас гардониданд. Бегоҳии рӯзи гузашта мошин ба роҳ баромад ва Худо тинҷиву амониро диҳад, бояд то фардо ба Тоҷикистон бирасанд”,-гуфт падари Ҳоҷимурод Қаландаров.

Роҳи заминӣ аз Уфа ба Душанбе 2700 километр аст ва 37 соат тӯл мекашад.

Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, ки донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон буд, дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ интизори ҷасад ҳастанд.

Ҳоҷимурод Қаландаров моҳи августи соли гузашта барои таҳсил ба Бошқирдистони Русия рафта буд.

Ҷаҳонгир Абдулхайров, муҳоҷири 19-солаи тоҷик ва дӯсти Ҳоҷимурод мегӯяд, он рӯз ҳамроҳ барои тамошо ба соҳили рӯди “Белая” рафта буданд.

Ӯ гуфт, вақте шоҳиди ғарқ шудани ду кӯдак шуданд, ҳарду худро ба об андохтанд.

Дар соҳил тақрибан 250 нафар ҳузур доштааст, вале ба гуфтаи Ҷаҳонгир, "касе ҷуръати дохили об шудан надошт".

"Бо Ҳоҷимурод дохили об шудем. Кӯдаконро аз байни об, ки чуқуриаш аз 10 метр зиёд аст, ба соҳил овардем. Ӯ кӯдакро то се метр мондан ба соҳил бардошта овард. Аз ин ҷо дигар кӯдак бо қувваи худаш берун шуд. Ман бори охир ӯро дар ҳамин се метр мондан ба соҳил дидам", - нақл кард Ҷаҳонгир.

Ин ҷавон мегӯяд, чун лаби соҳил пур аз одам буд, фикр кард, ки Ҳоҷимурод он ҷост. Бо гузашти як соат ӯро он ҷо пайдо намекунад ва баъдан ба дигар дӯстону наздиконаш хабар медиҳад.

Бегоҳи рӯзи 7-уми июн ҷасадро пайдо карданд.

Акбар, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, хабари корнамоии ҷавони тоҷик зуд дар матбуоти Русия пайдо шуд, вале дар он ҷо аз мансубияти миллии ӯ ном набурданд.

"Дар ҳама ҷо навиштанд, ки "як ҷавон" кӯдаконро наҷот дод ва худаш ғарқ шуд, лекин нагуфтанд, ки ин ҷавон тоҷик аст. Матбуоти Русия дар хабарҳои ҷиноятӣ ба миллият таъкид мекунанд, вале дар хабарҳои хуб мансубият ба кадом миллат буданро фаромуш мекунанд",-гуфт ӯ.

Мақомоти Ҷумҳурии Бошқирдистон ба мардуми тоҷик ва хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори таслият карда буданд. Муовини нахуствазири Бошқирдистон Фанур Ягафаров рӯзи 9-уми июн дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт:

"Мо, пеш аз ҳама, ба наздикону азизони Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори ҳамдардӣ мекунем. Бояд тамоми саҳнаи фоҷиаро таҳқиқ бикунем ва мақомоти тафтишот бо ин кор машғуланд. Вале аз ҳоло мешавад гуфт, инсонеро аз даст додем, ки раҳмдил асту нисбат ба тақдири дигарон бефарқ нест".

Ҳар сол ба Русия аз Тоҷикистон на камтар аз чор ҳазор донишҷӯ барои таҳсил мераванд ва Ҳоҷимурод Қаландаров ҳам яке аз онҳо буд, ки дар як корнамоӣ ҷонашро аз даст дод.

Дар бораи ҷасорати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои истиқлол ин кишварро макони муҳоҷирати кории худ интихоб кардаанд, дар гузашта ҳам хабарҳо нашр шудааст. Моҳи ноябри соли 2019 дар Шӯрои федератсияи Русия навраси 11-солаи тоҷик Бахтиёр Усмоновро, ки тобистони он сол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсти русашро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ карданд. Ҳодисаи маъруфи дигар ба қаҳрамонии Собир Хаспаллаев рабт дорад. Вай 5-уми декабри соли 2017 шоҳиди ба дарё рафтани мошини сабукраве шуд ва зиёд фикр накарда, худро ба дарё андохту ронандаи ин мошинро, ки зан будааст, аз мурдан наҷот дод.

Фарзон Салимов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки моҳи марти соли 2018 барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхторе дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак кард, низ қадрдонӣ шуд. Айни замон бархе аз муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки баъзе аз корнамоиҳои онҳо дида ва қадрдонӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG