Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи электронӣ дар Тоҷикистон кай имконпазир мешавад? ВИДЕО


Акс аз интихоботи порлумонии соли 2015
Акс аз интихоботи порлумонии соли 2015

Дар ҳоле ки дар бештари кишварҳои фазои посшӯравӣ намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мухолифин ва ҳатто ҳукуматҳо талош доранд, фанновариҳои навини райъдиҳиро барои таъмини интихоботи шаффофу одилона роҳандозӣ кунанд, дар Тоҷикистон ин мавзуъ матраҳ намешавад.

Наздик шудани интихоботи президентӣ ҳатто далел барои такмили низоми райъдиҳӣ нашуд.

Райъдиҳии “қадимӣ”

Сарсусадоҳо дар мавриди истифодаи фанновариҳои нав дар ҷараёни райъдиҳӣ дар Тоҷикистон бенатиҷа анҷом шуд. Ба ин суол Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар номаи худ ба Радиои Озодӣ, ки 11 сентябр нашр шуд, посухи умумӣ додааст. Ба суоли эҳтимоли баргузории интихоботи электронӣ бо истифода аз телефонҳои мобилӣ КМИР бо такя ба Қонуни асосии кишвар гуфтааст, ки “қонун шакли дигари овоздиҳиро пешбинӣ накардааст”.

Назари сокинонро дар ин ҷо бубинед.

Интихоботи электронӣ дар Тоҷикистон кай мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Ба ин тартиб, КМИР бо такя ба қонунгузории барҳол, масъалаи роҳандозии шеваҳои нави райъдиҳӣ, ҳадди ақал то интихоботи пешорӯро ҷамъбаст кард.

Пешниҳод дар бораи дар қитъаҳои райъдиҳӣ насб кардани камераҳои назоратро КМИР ҳамчунин бо такя ба маҳрамияти райъдиҳӣ рад кардааст. Дар ҳоле ки насби камераҳо на дар утоқи райъдиҳӣ, балки дар саҳни биное пешбинӣ шудааст, ки қутиҳо дар он ҷо ҷой доранд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки вақте дар апрели соли 2020 сабти номи IMEI-и ҳамаи абзорҳои ҳушмандро қонун ҳатмӣ кард, дар мавриди ҳифзи сири инфиродӣ касе ёдовар нашуд.

“Тоҷикистон дар назар намегирад”

Зимнан шеваҳои нави райъдиҳӣ бо шумули фанновариҳои навин дар кишварҳои ғарбӣ ба таври густарда истифода мешаванд ва дар кишварҳои Шӯравии пешин низ ҷойгузин мешаванд.

Барои намуна, гузинаҳои гуногуни райъдиҳии электронӣ дар бештар аз 30 кишвари дунё истифода мешаванд. Аз ҷумла дар ИМА, Брозил, Швейтсария, Эстонӣ, Белжик, Бритониёи Кабир ва ғайра. Ин райъдиҳи ба сурати комилан фосилавӣ, мисли ин ки шаҳрванд аз компютари шахсии худаш ё ба василаи терминалҳои вижаи электронӣ дар қитъаи райъдиҳӣ овоз медиҳад, амалӣ карда мешавад.

Баҳсҳо дар мавриди истифодаи чунин фановариҳо дар Украина давом доранд. Ба гуфтаи ҷонибдоронаш, ин гуна ибтикор метавонад шаффофияти интихоботро таъмин ва эҳтимоли тақаллубро хеле кам кунад. Райъдиҳии такрориро аз байн мебарад ва масрафоти молии давлатро барои интихобот тадриҷан камтар мекунад.

Дар Тоҷикистон, бино ба баҳогузории мутахассисон дар мавриди истифодаи ин гуна шеваҳо ҳанӯз сухан намеравад.

“Барои роҳандозии ҳама гуна ибтикор фановарриҳои дастрас, алоқа, пойгоҳ ва маҳорати кадрҳо лозим аст. Ҳамаи ин аз оғоз бояд вориди қонунгузорӣ шуда бошанд”,- мегӯяд раиси Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет” Муҳаммадӣ Ибодуллоев. Ба гуфтаи ӯ, бидуни асоси қонунӣ ин гуна ибтикорҳо наметавонанд фаъол шаванд.

Дар ҳамин ҳол фанновариҳои ба ин монандро на танҳо дар ҷараёни райъдиҳӣ роҳандозӣ мекунанд, балки дар баъзе маврид аз сӯйи мухолифин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ниҳодҳо ба сифати алтернативии шумориши оро истифода мешаванд.

Масъалан, дар интихоботи ахири президентӣ дар Беларус барномасозон барои ҳифзи орои интихобкунандагон пойгоҳи вижа сохта буданд ва пешниҳод карданд, ки беларусиҳо дар он номнавис шаванд ва рӯзи интихобот акси варақаи райъдиҳиро ба он ҷо бифристанд. Барнома ороро коркард ва натиҷаҳои алтернативии интихоботро мунташир кард.

Ё шеваи “Райъдиҳии ҳушмандона”, ки соли 2019 аз сӯйи тими мухолифи рус Алексей Навалний сохта шуда буд. Ин тарҳ бо ҳадафи аз миён бурдани парокандагии оро байни номзадҳо ва пуштибонии рақиби қудратманди ҳизби “Русияи воҳид” буд. Тарҳҳои ёдшуда ҳарчанд ба натиҷаи райъдиҳӣ таъсир нарасониданд, вале ба ҳар сурат барои ҳукумат зарфиятҳои эътирозии ҷомеаро ба намоиш гузоштанд.

"Ибтикор муҷозотшаванда аст"

Дар Тоҷикистон норизоятиҳо вобаста ба раванди интихобот аз сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ тақрибан шунида намешавад. Истисноъ танҳо муроҷиати раиси Ҳизби сотсиал-демкорат Раҳматилло Зойиров буд, ки моҳи майи соли равон нашр шуд. Дар миёни 16 тағйиру иловае, ки ин сиёсатмадор пешниҳод карда буд, таҳияи феҳристи ягонаи интихобкунандагон қабл аз эълони интихобот, бозбинии тартиби ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мақоми президентӣ ва муҳлати корзори пешазинтихоботӣ низ вуҷуд доштанд. Аммо ягон пешниҳоди ин сиёсатмадор аз тарафи ҳукумат қабул нашуд.

Рӯзноманигори тоҷик Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, дар низоми мавҷуд истифодаи ҳамагуна фанновариҳо танҳо хосияти символикӣ дошта метавонаду халос.

"Ман фикр мекунам электронӣ карданӣ райъдиҳӣ ё истифода аз фановариҳои иттилоотӣ, аз ҷумла биометрик марбут ба кишварҳое, мешавад, ки ба гузаронидани интихоботи шаффоф ирода доранд ва қудрат ивазшаванда аст. Ин гуна навовариҳоро шояд замоне мунтазир шавем, ки дар мо номзадҳо ба мақоми президентӣ ранг бозӣ накунанду дар воқеъ вориди рақобати ҷиддӣ шаванд”,-мегӯяд, коршинос.

Зуҳури ташаббусҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон дар воқеъ вокуниш ба бор меоранд. Намунаи бараълои он ибтикори худпешбарии ҳуқуқдони ҷавон Фаромуз Иргашов ба сифати номзад ба мақоми президентӣ буд. Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ин гуна ҳадафгузории сиёсияш аз таҳдид ба ҷони ӯ сухан мегуфтанд.

Доктори улуми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки сарфи назар аз шакли идораи раёсатӣ дар Тоҷикистон ҳама ташаббусҳо аз шахси шумораи аввали давлат ва аз ҳизбе, ки ӯ раҳбарӣ мекунад вобастаанд.

"То замоне онҳо ба роҳандозии ҳар гуна падидаи марбут ба таҳаввули раванди интихобот манфиатдор набошанд, ин чиз номумкин аст, зеро натиҷаи он метавонад ба манофеи бунёдии онҳо мухолифат кунад”,-мегӯяд Ҳакимов. Низоми мавҷуди интихобот, ба гуфтаи ӯ, имкон медиҳад, ки интихобот дар кишвар тибқи натиҷаҳои дилхоҳ инҳисор карда шавад.

Интихоботи 11-уми октябр, панҷумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин сӯ, раисҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон расман пирӯзи ҳамаи чор интихоботи гузашта эълон шуда буд.

Натиҷаи ин интихоботҳоро бархе ҳукуматҳои кишварҳои пасошӯравӣ демкоратӣ эътироф кардаанд, аммо кишварҳо ва созмонҳои ғарбӣ онҳоро ноодилона ва ғайришаффоф донистаанд.

XS
SM
MD
LG