Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияе дар Эрон гуфт, раҳбари гуруҳи "Тундар" дар Тоҷикистон боздошт шудааст


Ҷамшед Шормаҳд
Ҷамшед Шормаҳд

Як нашрияи марбут ба “Сипоҳи посдорон”-созмони низомии Эрон иддао кардааст, ки Ҷамшед Шормаҳд, як мухолифи фаъоли ҳукумати ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст.

Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гуруҳи “Тундар” аст, ки мақомоти Эрон ӯро “террорист” ва дар даҳҳо таркишу қатлу куштор гумонбар медонанд.

Коршиносон иддаои ҷониби Эронро бештар таблиғот барои саркуби дигарандешон меноманд.

Рӯзномаи “Ҷавон” марбут ба “Сипоҳи посдорон” навиштааст, ки ӯро рӯзи 31-уми июл дар Тоҷикистон боздошт ва баъдан ба Эрон интиқол додаанд.

Гузориши рузномаи “Сипоҳи посдорон” метавонад нишони рабудани Шормаҳд тавасути нируҳои амниятӣ ё ҳамкории давлати Тоҷикистон дар таҳвил додани ӯ ба нируҳои Вазорати иттилоъоти Эрон бошад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин иддао вокуниш накардаанд.

Хабари боздошти Ҷамшед Шормаҳд рӯзи 1-уми август нашр шуд.

Ҷамшед Шормаҳд, раҳбари гуруҳи “Тундар” дар Лос Анҷелоси Амрико зиндагӣ мекард ва маълум нест, ки ӯ чӣ тавр дар Эрон пайдо шуд. Аз моҳи март ба ин тараф барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ миёни кишварҳо баста аст. Дар ин шароит ин мухолифи низоми ҷумҳурии исломии Эрон дар куҷо ва дар чӣ шароите боздошт шудааст, ҳанӯз саволи бепосух аст.

Миёни Эрону Тоҷикистон низ ҳанӯз парвозҳо ба роҳ монда нашудааст.

Маҳмуд Алавӣ, вазири иттилоти Эрон иддао кард, ки ӯ "аз ҷониби Исроил ва Амрико" пуштибонӣ мешуд. Чунин иддаои Эрон ҳамеша аз ҷониби кишварҳое, ки мавриди хитоб қарор доранд, рад шудааст.

Вазорати Иттилооти Эрон 31-уми июл дар хабарномае эълом кард ,ки масъули гуруҳи “Тундар”-ро дар пайи амалиёти печида “боздошт кардааст”.

Дар баёния Вазорати иттилоот ишорае ба наҳваи боздошти Шормаҳд нашуда буд ва рӯзи гузашта гумонзаниҳое дар бораи эҳтимоли рабудани ӯ дар хориҷ аз кишвар матраҳ шуд.

Вазири Иттилооти ҷумҳурии исломӣ ҳамчунин ба нақли Ҷамшед Шормаҳд гуфт, ки ин нафар худро амн мепиндошт, вале намедонист, ки ҳамеша зери назари маъмурони амниятии Эрон қарор дорад.

Давлати Эрон дар ҷараёни боздошти Руҳулло Зам, ки дар Ироқ сурат гирифт низ таблиғоти густардаи дар бораи ҳимояти мақомоти амниятии Фаронса аз ин мутаҳам анҷом дод ва онро намоиши қудрати амниятии “Сипоҳ посдорон” донист. Рӯҳуллоҳ Зам, як фаъоли дигари эронӣ буд, ки дар Фаронса зиндагӣ мекард ва дар Телеграм саҳифаи пурбинанда дошт. Ӯ мақомоти Эронро интиқод мекард.

Телевизиони ҳукумати Эрон шаби шанбе дар гузориши кутоҳе Ҷамшед Шормаҳдро намоиш дод.

Дар ин навор Шормаҳд бидуни чашмбанд нишон дода шуд. Ӯ дар ин навор эътироф кард, ки дар ҷиноятҳое даст дорад. Эътирофе, ки ниҳодҳои ҳуқуқи башар борҳо аз он интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки боздоштшудаҳо зери фишору шиканҷа ба ҷиноятҳо “иқрор” мешаванд.

Ҷамшед Шормаҳди 65 сола пас аз инқилоби исломии Эрон ба хориҷ рафт ва аз тариқи телевизони худаш зидди ҳукумати ин кишвар сӯҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG