Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Абдулло Ҳабибовро дар канори Душанбе дафн карданд.ВИДЕО


Ҷанозаи ӯ бо ҳузури даҳҳо нафар сурат гирифт.
Ҷанозаи ӯ бо ҳузури даҳҳо нафар сурат гирифт.

Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, ки шаби 24-уми апрел дар шаҳри Душанбе даргузашт, ба хок супурда шуд. Онҳое, ки Ҳабибовро аз наздик мешиносанд мегӯянд, ӯ дар солҳои 90-ум ба ҳеч гуруҳе шомил нашуд ва аз нафароне буд, ки дар ташаккули артиши Тоҷикистон хизмати зиёд кардааст.

Абдулло Ҳабибов як ҳафта қабл аз расидан ба синни 80 ин ҷаҳонро тарк гуфт. Ба гуфтаи пайвандонаш, моҳи январ ба илтиҳоби шуш гирифтор шуд ва шаби 24-уми апрел ҳолаш якбора бад шуд.

Давлат Ҳабибов, писари Абдулло Ҳабибов рӯзи 25-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар роҳ ба беморхона ҷон дод. Абдулло Ҳабибов ба гуфтаи наздиконаш рӯзҳои ахири ҳаёт ба омода намудани китобе машғул буд, ки дар бораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон нақл мекард. “Рӯзи охир он китобро анҷом дода, барои чоп супориданд,”-мегӯяд писари Абдулло Ҳабибов.

Маросими видоъ бо Ҳабибов дар назди манзилаш баргузор шуд ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон барои генерали мустаъфӣ намози ҷаноза хонд. Барои видоъ бо Абдулло Ҳабибов даҳҳо нафар аз наздикон ва ҳамкорони ӯ омада буданд. Ӯро дар қабристоне дар канори Душанбе дафн карданд.

Генерал Абдулло Ҳабибовро дар канори Душанбе дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Зиндагии генерал Абдулло Ҳабибов бо таърихи навтарини Тоҷикистон пайванд буд. Зода ва парвардаи давраи Шӯравӣ дар охирин солҳои пеш аз фурӯпошии он яке аз раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ буд. Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон аз ҳукумати нав пуштибонӣ намуд ва иҷрои вазифаҳои душвореро дар ниҳодҳои интизомӣ бар дӯш гирифт.

Солҳои зиёд аз қонунгузорони мӯътабари порлумон буд ва баъд аз синни нафақа низ аз саҳнаи кишвар дур нашуд, ҳамчун коршиноси масоили амниятӣ дар баҳсҳои зиёд, аз ҷумла барномаҳои Радиои Озодӣ ширкат меварзид.

Акбаршоҳ Искандаров раиси вақти Шӯрои олӣ дар солҳои 90-ум мегӯяд, фавти Абдулло Ҳабибов “талафот барои миллат аст.” Ӯ афзуд: “Як даврае буд, ки ки аъзои ҳукуматро ба гарав гирифтанд. Ман аз Қӯрғонтеппа (Бохтар) омадам, дар Шӯрои олӣ ба ғайр аз Абдулло Ҳабибов каси дигар набуд. Ҳамроҳи Абдулло Ҳабибов то соти 17:50 бо вохӯрӣ ва машварат охирин аъзои ҳукуматро аз чанги онҳо гирифтем”,

Дӯстонаш мегӯянд, хизмати дигари Абдулло Ҳабибов барои кишвар ин заҳматҳои ӯ барои шаклгирии артиши миллии Тоҷикистон бузург аст. Сафарали Раҷабов, генералии мустаъфӣ мегӯяд, Абдулло Ҳабибов дар замони мушкилтарин муовини вазири дифоъ буд. Раҷабов мегӯяд, солҳо бо Абдулло Ҳабибов дар вазорати дифоъ кор кард ва хотироташ аз ӯ ин аст, ки: “Ҳабибов дар рушди ниҳодҳои вазорати дифои Тоҷикистон саҳми бузург гузошта аст. Як инсони бузург буд.»

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шуда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав таҳсил кардааст.

Баъдан ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, раиси кумитаи Маҷлиси Олӣ оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифо, мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ кор кардааст.

Соли 2015 ба зидди ӯ бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ -- “худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда боз карданд ва як сол баъд қатъ шуд. Ӯ мехост, дар маҳаллаи “Автовокзал"-и шаҳри Душанбе масҷид созад ва мақомот мегуфтанд, ки сокинон зидди ин нақшаи ӯ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Баҳори соли 2016 бинои ниматамоми масҷид ба моликияти давлат табдил дода шуд.

XS
SM
MD
LG