Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор ба ҷамъияти саҳомии "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар қаламрави шаҳри Душанбе ҳудуди 5 гектар замин дод. Дар қарор гуфта шудааст, ширкат бозори масолеҳи сохтмонӣ месозад. Матни пурраи қарори ҳукумат рӯзи 7-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Ин дар ҳолест, ки "Фароз" моҳи сентябри соли 2019 бо нашри изҳороте иддао кард, ки "натиҷаҳои фаъолият зараровар аст" ва ширкат барҳам дода мешавад. Шӯрои мудирони ширкат барои барҳам додани он ба Кумитаи андоз ҳам нома фиристода буд.
Бо гузашти беш аз ҳафт моҳ аз он тасмим, ҳукумати Тоҷикистон дар қароре таҳти рақами 175 дастур дод, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии кишоварзии "Деҳқон" дар Душанбе 4,96 гектар замини обӣ бо ҳаққи истифодаи доимӣ ба ҷамъияти "Фароз" дода шавад.
Дар идома "Фароз" вазифадор шудааст, ки ҳамчун ҷуброн ба суратҳисоби махсуси буҷаи кишвар 673 ҳазору 274 сомонӣ гузаронад.
"Фароз" ширкати бисёрсоҳае аст, ки мувофиқи санадҳо ҳанӯз соли 2002 таъсис ёфтааст. Ширкат аз оғоз ба хариду фурӯши сӯзишворӣ машғул буд. Солҳои охир аз воридкунандаҳои асоси гази моеъ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2019 ба ҳуҷҷатҳое дастрасӣ пайдо кард, ки нишон медиҳанд, "Фароз" ва ширкатҳои мутааллиқ ба он фаъоланд ва дар заминаи он як тадқиқоти фарогире ҳам нашр шуд.
Биноан, бархе аз коршиносон, варшикастагии “Фароз”-ро на молӣ, балки маънавӣ меноманд. Дар яке аз охирин мусоҳибаҳояш сухангӯи ширкати "Фароз" моҳи сентябри 2019 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "заҳмату ободсозиҳои ширкати "Фароз" дар самтҳои мухталифи кишвар ба ҷойи миннатдорӣ мавриди танқиду шикоят қарор гирифт. Ин талошҳо нодида гирифта шуд, навистанд, навистанд, навистанд ва роҳбарият тасмим гирифтанд, ширкатро барҳам диҳанд".
Амволе, ки ширкати "Фароз" моҳи сентябри 2019 дар сомонаи расмиаш ба фурӯш гузошт, ҳанӯз боқист.
Ин феҳраст аз 108 номгӯ иборат буда, аз ҷумла чаҳор анбори бузурги сӯзишворӣ ва гази моеъ дар вилояти Суғд ва Хатлон, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон, 10 пойгоҳи автомобилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, 10 нуқтаи ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, 37 мошини боркашон ва интиқолдиҳандаи газ ва маводи нафтӣ ва 8 мошини сабукравро дар бар мегирад.
"Фароз" дар тиҷоратҳое ба монанди ҷамъоварии шираи камол, саёҳати лижаронӣ ва варзишҳои зимистонӣ дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст.
Ширкат ҳамчунон дар тавлиди дору аз заҳри мор, истеҳсоли равған, оҳану пӯлод, боркашонӣ, бонкдорӣ, суғуртаи мошинҳо, нашри китоб, чопи рақамҳои мошин, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, мактабҳои ронандагӣ, ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, насби таҷҳизоти газӣ дар мошин, хадамоти ҳаммому сауна (СПА Ҳаёт), ташхисгоҳҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳои хӯроку масолеҳи сохтмон дар бозор ҳузур дорад.
Ахиран "Фароз" ҳамчунон литсейеро дар Душанбе таъсис дод, ки бо усули таълими бритониёвӣ фаъолият мекунад ва қимати солонаи таҳсил дар он беш аз 3 ҳазор доллар аст.