Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахши панҷуми "Истиқлол" муваққатан бемор қабул намекунад. ВИДЕО


Бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе
Бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе

Як бахши шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе, ба гуфтаи мақомот, аз беморони илтиҳоби шуш пур шудааст. Дар паси дари бахши 5-уми бемористон навиштаанд, ки "Беморхона муваққатан бемор қабул намекунад".

Ба ҷуз ин, дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо нишонаҳои пневмония бистарӣ кардаанд. Мақомот ҳамвора ба илтиҳоби шуш будани ин афрод таъкид доранд, вале бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд. Дар ҳоле ки ​ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел гуфт, дар кишвар 15 мавриди сирояти бемории КОВИД-19 ошкор шуд.

Рӯзи 29-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳид шуданд, ки чанд нафарро аз дарвозаи бемористони "Истиқлол" пас гардонданд. Онҳо ба кумаку машварати табибон ниёз доштанд, вале нишонаҳои илтиҳоби шушро надоштанд.

Мирсаид Сатториён, хабарнигори 20-солаи тоҷик, панҷ рӯз пеш бо нишонаҳои пневмония дар бемористони “Истиқлол” бистарӣ карда шуд. Вай мегӯяд, дар як ҳуҷра ду нафарро ҷо додаанд.

"Шароиташ беҳтар аст. Табибон бо либоси махсус, ки ҳама ҷояш маҳкам аст ва айнаки калон дорад, омада, доруҳоро мегузаронанд. Худи беморхона хӯроки парҳезӣ медиҳад ва хӯроки овардаи наздиконро ҳамшираҳо мерасонанд. Аммо ҳуҷраҳо пур ҳастанд ва аз шаби гузашта дарро маҳкам карданд", - афзуд Мирсаид Сатториён.

Ин хабарнигори тоҷик гуфт, баъди ду ҳафтаи бозгашт аз вилояти Суғд бемор шуд ва бо нишонаҳои пневмония ӯро дар бемористон бистарӣ карданд. Ба гуфтаи Сатториён, дар оғоз бемориро ҷиддӣ нагирифт, вале ҳоло ба гуфтаи табибон риоя мекунад.

Бо ин вазъ, ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳарораташ гоҳ баланд ва гоҳ паст мешавад ва дар ҳавои абрӣ ду рӯз боз нафаскашиаш ҳам мушкил шудааст. Сатториён гуфт, аз онҳо то ҳол тести коронавирус нагирифтаанд.

Муқимҷон Фатҳуллоев, мудири шӯъбаи умумии бемористони "Истиқлол", мегӯяд, аз чаҳор қисмати асосии беморхона ҳоло таваллудхона пурра кор мекунад. Фатҳуллоев мушаххасан нагуфт, ки ҳоло дар ин бемористон чанд нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ ҳастанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Афзоиши гирифторони пневмония дар шифохонаҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

Ба ҷуз аз бемористони “Истиқлол” гирифторони пневмония дар Душанбе дар маркази тиббии рақами 1 (маъруф ба “Якум Советский), “Клиникаи Мансуров” ва беморхонаи сироятӣ низ ҷойгир шудаанд.

Рӯзи 27-уми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ шоҳиди он буданд, дар маркази тибби рақами 1 ҳам беморонро қабул намекарданд ва ба онҳо мегуфтанд, катҳо пур шудааст.

Мақомоти тандурустии шаҳри Душанбе намегӯянд, ки феълан дар пойтахт чанд нафар бемори илтиҳоби шуш ҳастанд. Рӯзи 29-уми апрел дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе гуфтанд, сардорашон дар ҷойи кор нест ва бе иҷозаи ӯ ягон рақамро ба хабарнигорон намедиҳанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ низ дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Хабарҳои зиёд аз фавти беморон илтиҳоби шуш ва дафни онҳо зери чораҳои сахт суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бисёриҳо мепурсанд, агар ин афрод аз пневмония фавтидаанд, пас, ин қадар чораҳои сахт ҳангоми дафни онҳо барои чист.

Мақомот мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест, чун шумори беморони илтиҳоби шуш дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 169 маврид камтар. Аммо дар бораи фавтидагон ва беморони илтиҳоби шуш дар моҳи апрел омори пурра пешниҳод нашудааст.

Мақомот мегӯянд, дар кишвар 15 мавриди сирояти коронавирус сокинонро ошкор карданд. Вале дар бораи кай ва дар чӣ ҳолат ба ин беморӣ сироят шудани онҳо шарҳ дода нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG