Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд кори ошхонаву ҳаммом ва сартарошхонаҳоро маҳдуд карданд


Дар вилояти Суғд аз 29-уми апрел то замони ба эътидол омадани вазъи номусоиди эпидемиологӣ ва пандемияи коронавирус дар ҷаҳон дар кори марказҳои дилхушӣ, ошхонаву тарабхона, ҳаммом, сартарошхона ва толорҳои варзишӣ маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

Бо қарори раҳбари маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вилояти Суғд, ки нусхааш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, дар ин давра танҳо ба 5-10 ошхонаву тарабхона иҷозат дода шудааст, ки ба хонаҳои мардум ғизо баранд.

Муассисаҳои дигари хӯроки умумӣ муваққатан дарҳои худро мебанданд.

Ғаффор Ҷабборов, раҳбари маркази мазкур, 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо бо навбат ба якнафарӣ хидмат мерасонанд.

Аз сокинон хоста шудааст, ки ҳангоми гаштугузор дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ аз якдигар ду 2 метр дур биистанд.

Дар қарор омадааст, ки ҳарорати бадани ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мунтазам санҷида хоҳад шуд. Ҳамчунин безараргардонии оби ошомиданӣ ва расонидани доимии он ба аҳолӣ таъкид шудааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар коронавирусро ошкор накарданд. Вале марги пайиҳами чандин нафар аз илтиҳоби шуш омори мақомотро зери соя гузоштааст.

То кунун дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус мактабҳои миёнаро таътил карда, баргузории намозҳои дастҷамъӣ, ифтору идгардак ва содироти ғаллаву гӯшту картошкаро манъ намудаанд.

XS
SM
MD
LG