Сокинони баъзе аз деҳаҳоро дар Рашту Тоҷикобод, ки дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел зарар дидаанд, ба маконҳои амн мекӯчонанд. Шодмон Ғиёсов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт, ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо деҳаҳое ҳастанд, ки дар гузашта низ борҳо аз заминларза осеб дидаанд.