Номи онҳо талаффузи душворе дорад. Дар тавлидоти саноатии нав, нақши муҳим иҷро мекунанд. Ва акнун дар маркази ҷанги тиҷоратии рӯ ба афзоиши Амрико ва Чин, қарор гирифтаанд.
Юлия Свириденко, вазири иқтисоди Украина, рӯзи 16-уми апрел эълон кард, ки "пешрафтҳои чашмрас" дар созиши истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо миёни Киев ва Вашингтон ба даст омадааст.
Дар яке аз таблиғот ё огоҳиҳое, ки дар шабакаи иҷтимоии Weibo дар Чин нашр шуд, мардоне дида мешаванд, ки кори рӯзмарраро раҳо карда, барои ҷангидан дар ҷабҳаи Русия ба Украина мераванд.
Даҳ сол пеш, замони барҳаёт будани Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, барои як рӯзноманигори ғарбӣ навиштани китобе дар бораи ҷомеа ва режими сиёсии ин кишвар осон набуд. Аз ин рӯ, китоби “Сароби Абрешим”-и Ҷоанна Лиллис дастоварди “Узбекистони нав” дониста мешавад.
Осиёи Марказӣ ба бозори муҳим ва макони мошинҳои истеҳсоли Чин табдил ёфтааст. Сокинон бо майли зиёд ин мошинҳои нисбатан дастрасро мехаранд ва ҳукумат ҳам талоши ҷалби миллардҳо доллар аз ширкатҳои чиниро дорад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон гуфтугӯҳои мустақимро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон оғоз кардаанд ва рӯзи шанбе, 12-уми апрел, нишасте дар сатҳи боло баргузор хоҳад шуд.
Духтарон ва занон дар Туркманистон огоҳ карда шудаанд, ки аз ин пас бояд дар ҷойи кори худ дар шаҳри Ишқобод либосу рӯймоли зард бипӯшанд. Масъулони идораҳо гуфтаанд, “дастур аз болост” ва ҳар касе онро риоя накунад, аз кор ронда хоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба НАТО вафодор аст, аммо кишварҳои дигари узв низ бояд бо афзоиши буҷаи дифоӣ ва низомии худ мувофиқат кунанд.
Вазири умури хориҷии Олмон, ки бо як сафари ногаҳонӣ ба Киев рафтааст, нисбат ба "тактика"-ҳои Русия барои кашолкорӣ дар гуфтушуниди сулҳ дар мавриди хатми ҷанг дар Украина ҳушдор дод. Ин сафари нуҳуми Анналена Барбок ба Украина аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 аст.
Ёфтҳои бештар