Назорати пардохту қабули роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пурзур карда шудааст.
Як хонаводаи эҳтиёҷманд дар ноҳияи Масчоҳ иддао дорад, ки бо ваъдаи ҳукумати маҳаллӣ ду писарашонро ба хизмати ҳарбӣ фиристоданд, то як порча замини иловагӣ гиранд. Вале на танҳо ба ин оила замин дода нашуд, балки заминеро аз онҳо гирифтанд ва ба каси дигар доданд.
Порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷазо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шавад. Вакилон тарҳи тағйир ба ду банди Кодекси ҷиноиро рӯзи 10-уми апрел қабул карданд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст ва даҳҳо узви собиқаш дар зиндонҳо ҳастанд, ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони дигар ба Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC) шикоят кардааст.
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги як сарбози Нерӯҳои марзбонӣ шуруъ кардааст.
“Лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳафт моҳ боз идома дошт, рӯзи 11-уми апрел бекор карда шудааст. “Маҳдудияти барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуд,” – гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯйи “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ.
Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мақомоти Русияро барои маҷбурӣ ба ҷанги Украина бурдани тоҷикони зиндонӣ дар ин кишвар шадидан маҳкум кардааст.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон як афсари Вазорати корҳои дохилиро дар сарҳад бо Афғонистон захмӣ карда, ду корманди дигари ин ниҳодро дар назди як махфигоҳи маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз соли 1991 бо хонаводаи Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, бар сари як қитъа замин баҳс дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст.
Ёфтҳои бештар