Дар як муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлоб як варзишгари ҷавон кушта ва ду тани дигар сахт маҷрӯҳ шудаанд. Ҷавони кушташуда, размикори начандон шинохта ва 19-сола Маҳмадалӣ Юсуфов аст.
Дар Эрон се рӯз мотами миллӣ эълон шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон шоми якшанбе, 11-уми январ бидуни ишора ба саркӯбу куштори эътирозгарон ва нақши нерӯҳои амниятӣ, дар кишвар се рӯзи мотам эълон карданд.
Оилаи тоҷикеро, ки дар Русия ба ҳалокат расиданд, субҳи имрӯз 12-уми январ дар ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониён ба хок супурданд. Тобути марди муҳоҷири тоҷикро бо ҳамсар ва духтари панҷсолааш рӯзи 11-уми январ ба Тоҷикистон оварданд.
Як хушдоманро дар ноҳияи Ҷайҳун ба он гумонбар донистанд, ки келини 23-солаашро ба худкушӣ расондааст.
Пас аз як рӯзи даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, наҷотбахшони тоҷик ҷасади Исматулло Қурбонов афсари нерӯҳои марзбониро аз ғори бештар аз 200 метрӣ берун кашида ба хешовандонаш супурдаанд.
Дар як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду афсар ва як сарбози тоҷик кушта шудаанд. Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд. Чанд манбаи аз ҳам ҷудо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 24-уми декабр дар минтақаи Баҳораки ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иттифоқ уфтод.
Дар натиҷаи таркиши мошин дар Маскав генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раҳбари як раёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, кушта шудааст.
Як мард аз деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод бо гумони қатли ҳамсари собиқаш, Ҷавҳарбии Давлатшоҳи 27-сола дастгир шудааст.
Ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа кушта шудани хонандаи даҳсолаи тоҷикро дар Русия маҳкум карда, дар ин ҳодиса Душанбеву Маскавро муқассир хондаанд. Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабр дар мактаб аз сӯи як ноболиғ кушта шуд.
Ёфтҳои бештар