Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи истифода аз матолиби Озодӣ

Иҷозаи истифода аз матолиби Радиои Озодӣ

Муҳтавои сомона ё пойгоҳҳои диҷитолии вобаста ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва 22 бахши он бар асоси қонунҳои амрикоӣ ва байнулмилалии "копирайт" ё ҳаққи муаллифӣ ҳифз карда мешаванд.

Радиои Озодӣ аз истифода, бознашр ва паҳн шудани муҳтавои матнии худ дар пойгоҳҳои диҷитол истиқбол мекунад.

Мо, инчунин, паҳн шудани мунтазами матолиби худро ба воситаи хабарномаҳои имейлӣ, гуруҳҳои хабарӣ ва махзани додаҳо хуш мепазирем, аммо фурӯши матолиби Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қатъиян манъ аст.

Бознашри гузоришҳои матнӣ

Ҳангоми пурра истифода кардани гузоришҳои матнии мо, зикри номи Радиои Озодӣ ҳатмист.

Дар оғози мақола торпайванди матлаби аслиро бигузоред, ки дар сомонаи https://www.ozodi.org/ ё пойгоҳҳои дигари Радиои Озодӣ нашр шудааст.

Дар ҷое аз мақола инро ҳам нависед: “Ҳуқуқи муаллиф (c) 2020. RFE/RL, Inc. Бо иҷозати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бознашр шудааст. Хиёбони Коннектикут 1201 NW, Ste 400, Вашингтон 20036.”

Аз тағйир додан ё таҳрифи маънӣ, ном ё якпорчагии маҳсулот худдорӣ кунед.

Ҳангоми истифодаи порчае аз гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, талаб мекунем, зикр кунед, ки мавод иқтибос аст ва дар ҷое аз матни худ линк ё торпайванди матлаби аслиро биоваред.

Вақте матлабҳои Радиои Озодӣ ба забонҳои дигар тарҷума мешаванд, тақозо мекунем, зикр кунед, ки мавод тарҷумашуда аст, забони асосии матлабро ёдовар шавед ва дар ҷое аз матни худ ба матлаби асосӣ ҳам линк ё торпайванд бидиҳед. Матни тарҷумашуда набояд маъно, ном, тамомият ё якпорчагии матлабро тағйир диҳад ё аз байн барад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ин ҳақро ба худ медиҳад, ки ҳар вақт иҷозати истифода аз матлабҳои худро бозхонд кунад.

Барои дарёфти маълумот дар мавриди бознашри матолиби Радиои Озодӣ, лутфан, бо Мартинс Званерс, Муовини Мудир дар умури Расонаҳо ва Ҷомеа ва бо ин имейл permissions@rferl.org дар тамос шавед.

Бозпахши садо, видео ва аксҳо

Пахш ё бозпахши матлабҳои садоӣ, видеоӣ ва аксҳои сомонаи Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ ва 22 бахши он, ки дар сомона ва платформаҳои дигари вобаста ба он нашр шудаанд, бе иҷозати хаттии Радиои Озодӣ мумкин нест.

Радиои Озодӣ барои бозпахши маводаш пул талаб намекунад, аммо мехоҳад, пеш аз нашри матолиби садоӣ, видеоӣ ва тасвирии он иҷозати хаттӣ бигиред. Барои ин:

Аввал “Иҷозатнома”-ро пур карда, имзо гузоред ва ба Мартинс Званерс, Муовини Мудир дар умури Расонаҳо ва Ҷомеа ва ба ин имейл permissions@rferl.org фиристед. Пас аз тасдиқи он ки маводи дархостшуда ба Радиои Озодӣ тааллуқ дорад, ба Шумо иҷозаи истифода аз он дода хоҳад шуд.

Тавре дар “Иҷозатнома” ишора шудааст, ҳангоми истифода аз матолиби садоӣ, видеоӣ ва тасвирии Радиои Озодӣ номи "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" ҳатман зикр карда шавад. Барои посух гирифтан ба ҳар гуна суол, аз ҷумла дар мавриди иҷозаи бознашр ва зикри манбаъ, метавонед, ба имейли permissions@rferl.org бинависед.

Маводи тарафи севум

Баъзе аз гузоришҳои Радиои Озодӣ бо истифода аз матн ва иқтибосҳое аз манобеи севум, ба монанди “Ассошиэйтед Пресс”, “Рейтерз”, Хабаргузории “Франс Пресс”, “ТАСС” ва ғайра омода шудаанд. Пеш аз истифодаи матолибе, ки аз манобеи севум ҳастанд, на танҳо иҷозаи Радиои Озодӣ, балки нахуст иҷозаи муаллифи аввалӣ ва соҳиби имтиёзи матолибро бигиред.

Лутфан, ҳама суолҳоро дар бораи бозпахши матолиби Радиои Озодӣ ба permissions@rferl.org фиристед.

МАЪЛУМОТ

XS
SM
MD
LG