Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мушкили молиявиро далели камбуди афзояндаи об дар Осиёи Марказӣ унвон кард.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, интизори ниҳоӣ шудани асноди созиш миёни Эрон ва кишварҳои гурӯҳи «5+1» аст, то маҳдудиятҳоро аз «Kont Investment bank» лағв кунад.
Нахуствазири Тоҷикистон, вазифае, ки дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон усулан намояндагони вилояти Суғд ишғол мекунанд, ин навбат ба собиқ раиси ҳукумати ин вилоят Қоҳир Расулзодаи 52-сола насиб шуд.
Эмомалӣ Раҳмон як идда чеҳраҳои навро ба кобинааш ворид кард, ки ба гуфтаи доираҳои наздик ба ҳукумат дар кумитаву вазоратҳои зери назари худ мутахасис ҳастанд.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон баъди 18 сол аз таҳти раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, қадимтарин вазири кабинаи Эмомалӣ Раҳмон таҳти назари Шералӣ Мирзои 46-сола гузашт.
Сомонаҳои расмии Русия матни созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистонро ба нашр расонданд. Ба дунбол, ин қарордод ба ҳукми иҷро медарояд, вале то замони тасвибаш - фақат ба сурати муваққат.
Бино ба тағйироти ахир дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ин ба баъд мансабдорони хориҷӣ ва ходимони созмонҳои байнулмилалӣ, ки масуният надоранд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.
Баъди қариб ду соли танаффус як овозхони Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон консерт медиҳад. Бисёриҳо консерти Фирӯза Ҷумъаниёзоваро як фоли нек барои ояндаи равобити Душанбеву Тошканд медонанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд зилзилаи рӯзи 10-уми ноябр хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст. Вале чанде аз сокинони Ваҳдат аз марги як кӯдак хабар медиҳанд.
Қаҳҳор Маҳкамов, президенти аввалини Тоҷикистон дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори «Озодӣ» гуфт, нерӯгоҳи Роғун ва тарҳи оби Сиёмаи Варзоб ду орзуе буд, ки ӯ натавонист амалӣ кунад.
Насим Раҷабов, раиси созмони ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 9 хонуме, ки аз сӯи кормандони милисаи ин ноҳия боздошт шуда буданд, раҳо шудаанд.
Ширкати "Asian Express Terminal" мегӯяд, ба зудӣ 200 худрави ҷадидро вориди Тоҷикистон мекунад.
Таҷҳизоте, ки барои телевизиони муштараки форсии «Наврӯз» ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба як ширкати хусусӣ тааллуқ доранд.
Бо гузашти ду рӯз аз боздошти 2,5 кило маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе мақомот то ҳол аз гуфтани исми соҳиби бор худдорӣ мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тарҳи лӯлаи гази Туркманистон аз тариқи Тоҷикистон то Чин барои Тоҷикистон муфид аст, аммо ҷузъиёти он ҳанӯз мушаххас нест.
Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон натиҷаҳои таҳқиқи ҳаводиси Хоруғро эълон накарда, ҳуқуқи шаҳрвандонро барои дастрасӣ ба иттилоот нақз мекунанд.
Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард.
Модари қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон, ки ҳамроҳи апааш дар Кобул кушта шудааст, фарзияи мақомоти афғонро дар ин бора рад кард.
Аксарияти ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон гуфтаанд, ки анҷуманҳои худро барои пешбарии номзад ба маснади президентӣ охирҳои моҳи сентябр баргузор хоҳанд кард. Танҳо ҳизби ҳоким ин иқдомро ба аввали октябр вогузор кардааст.
Яке аз ду нафари кушташуда дар Кобул қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дар вазнбардории қудратӣ ва дигари хоҳари ӯ будааст.
Ёфтҳои бештар