Бо гумони қатли зану шавҳари соҳибкор дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як гуруҳи ҷиноӣ боздошт шудааст. Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Ибодат Неъматуллоева, моликони дӯкони матоъфурӯшӣ дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд шаби 17 ба 18-уми октябри соли гузашта дар хонаашон кушта шуданд.
Як замон бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон ҳоло оҷиз аст ва наметавонад, 13 ҳазор сомонӣ пули як корманди 50-солаи худро бипардозад.
Як муҳандиси тоҷик баъди бознишаста шудан ва раисӣ кардан, ҳоло ба шуғли дигаре рӯ овардааст ва кӯмак ба афроди маъюб.
Назари харидорон бо роҳи дастуру супориш ба танзим даровардани нархи гӯшт дар бозор яксон нест. Бархе ин иқдомро дуруст медонанд, бархеи дигар ба иҷрои доимии он шубҳа мекунанд.
Як тасвири Нигина Азимова, навраси тоҷик, ба намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех роҳ ёфт ва соҳиби ҷоиза шуд. Нигина Азимова чаҳор сол дар мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, дар ин муддат, ба гуфтаи худаш, беш аз сад тасвир кашидааст.
Як тасвири Нигина Азимова, навраси тоҷик, ба намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чех роҳ ёфт ва соҳиби ҷоиза шуд.
Як сокини деҳаи лӯлитаборон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои атфоли маҳаллӣ мактаб сохтааст. Акбаралӣ -- ин мактабдори бемаълумот аз ҷануби Тоҷикистон мехоҳад ҳамтаборони лӯлиашро ба таълиму тарбия фаро гирад.
Нияти як ширкати эронӣ барои бунёди пистазори нав дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус сокинони деҳаи Ватанро нигарон кардаст. Ширкати хориҷӣ бунёди пистазорро дар ҳудуди 4 гектар заминҳои иҷорагирифтааш шурӯъ кардааст, вале ин корҳо дастрасии сокинони деҳаро ба қабристони нави онҳо мушкил кард.
Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин муаллифи гумномеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо мисраъҳои ҳаҷвии интиқодиаш сокинони маҳаллиро асабонӣ кардааст.
Нигина Амонқулова баъди хомӯшии яксола мегӯяд бо ӯ чӣ гузашт.
Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик мегӯяд, "рости гап, ман ҳар саҳаре, ки аз хоб мехезам, бе фарзандон худро тасаввур карда наметавонам. Тарбияи фарзандро ба касе бовар карда наметавонам, ба хотире, ки фарзандони худам ҳастанд."
Агар феҳрасти калимаҳои серистифода миёни мардум ва матбуоти Тоҷикистон дар соли 2017 таҳия шавад, “танзим” дар ин раддабандӣ ба эҳтимоли зиёд мақоми аввалро касб хоҳад кард. Дар ин сол назорат дар ду бахши муҳими зиндагӣ – шодӣ ва мотами сокинон – шадидтар шуд.
Дар ин барнома ситораҳои попи тоҷик аз асрори зиндагии худ дар соли 2017 пардакушоӣ карданд.
Генерал Нуралишоҳ Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, дар сурате ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо Толибон дар Афғонистон ба ҳам биоянд, хатарашон ҷиддӣ хоҳад шуд.
Таронаи "Оҳи дили зорам"-ро дар шабакаи Ютуб давоми 8 мо 6 милион бор диданд.
Мавзуна даҳ сол мешавад ба ороиши мӯй ва рӯи занон сару кор дорад. Ӯ мегӯяд, зебоии занонро кашф мекунад, тимсол меофарад.
Зикруллоҳ аз ҷумлаи овозхоне дониста мешавад, ки арзиши хизматаш дар тӯй гарон аст. Дар зимн худи ӯ ҳам ба интиқодҳо аз нархи гарони хизмати овозхонон дар тую маросим ва пешниҳоди танзими ин самт розӣ нест.
Агар дигарон дар ин рӯзҳо ба ҷашн омода шаванд, онҳо шаҳрро барои мардум меороянд.
Ҳар гӯшаи шаҳри Душанберо ба хотири ҷашн ороста карданд.
Дар бозорҳои Душанбе имрӯзҳо мардум дар ҷустуҷӯи ниқоби сазоворанд.
Ёфтҳои бештар