Додгоҳи олии Тоҷикистон як навраси 16-сола аз ноҳияи Варзобро бо гуноҳи қатли ду нафар ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Ҳам ҷониби ҷабрдидаҳо ва ҳам маҳкумшаванда мегӯянд, дар ин қатл ноболиғ даст надорад ва гӯё зери шиканҷаи маъмурони интизомӣ гуноҳро ба гардан гирифтааст. Шаҳло Ваҳҳобзода, додраси парванда, гуфт, дар ҷараёни тафтишот ва баррасии парванда гуноҳи наврас тасдиқ шудааст.
Мурофиаи ниҳоӣ пас аз тақрибан нӯҳ моҳи баҳсу баррасӣ, рӯзи 7-уми апрел, дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Додгоҳ ин наврасро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ -- дуздӣ, роҳзанӣ ва куштори бераҳмона -- муҷрим шинохт ва ҳамчунин ба иҷрои 160 соат корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.
Додрас ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ноболиғ будан ва бори аввал ҷиноят содир кардани муттаҳамро ба назар гирифта, ҳукми сабуктаре додааст.
Дар пайи эълони ҳукм, ҳам наздикони кушташудаҳо ва ҳам ҷониби маҳкумшаванда аз он норозигӣ карда, гуфтанд, мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ барои пайдо кардани омилони асосии ин ҷиноят талош нанамудаанд. Вале ҳарду ҷониб аз нафари мушаххасе ном набурданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шабнами Искандар, вакили мудофеи ноболиғ, аз қавли нафари зери ҳимояташ гуфт, ӯ шаби рӯй додани ҳодиса чаҳор нафарро дар маҳалли қатл дидааст. "Он шаб ғайри онҳо ва кушташудаҳо касе дигаре дар истироҳатгоҳ набудааст. Зерҳимояам тасодуфан онҳоро мебинад. Номи се нафари онҳоро медонад. Симои чаҳорумӣ дар ёдаш ҳаст. Барои иқрор шудан ба ҷиноят шиканҷа шудааст", - афзуд ӯ.
Мақомоти тафтишотӣ ва ҳам додрас Шаҳло Ваҳҳобзода мегӯянд, иддаои ҷониби маҳкумшуда дар мавриди шиканҷа шудани ӯ тасдиқи худро наёфт.
Наздикони кушташудаҳо ноболиғро дар қатли наздиконашон гунаҳкор намедонанд ва мегӯянд, гунаҳкорони асосии куштор берун аз парванда мондаанд.
Гулнисо Маҳмудова, модари яке аз кушташудаҳо Шӯҳрат Ғолибов, ба Радиои Озодӣ гуфт, манзур аз омилони куштор чаҳор нафарест, ки ноболиғ дар мурофиаҳо ба зидди онҳо шоҳидӣ додааст. Вале ба ҷуз аз ду нафари онҳо, каси дигаре бозпурсӣ нашудааст.
Вакилони мудофеи хонаводаи кушташудаҳо ва маҳкумшуда мегӯянд, бо далели норӯшаниҳои зиёд дар парванда хосторӣ таҳқиқи дубора шудаанд.
Додрас Шаҳло Ваҳҳобзода рӯзи 7-уми апрел гуфт, парванда ҳамаҷониба таҳқиқ шуда, ҳукм бо дарназардошти далелҳо ва пурсиши шоҳидон содир шудааст. Вай гуфт, афродеро, ки ноболиғ ба даст доштан дар ҷиноят гумонбар медонад, тафтиш кардаанд ва иртиботи онҳо бо ҳодиса тасдиқ нашудааст. "Зарурати бозпасгардонии парванда нест", - илова кард ӯ.
Ҳарчанд додрас ҳукмро дар чаҳорчӯби қонун арзёбӣ намуд, вале Қимат Розиева, вакили мудофеи хонаводаи кушташудаҳо мегӯяд, чанд далели муҳиме, ки бегуноҳии ноболиғро собит мекард, мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор нагирифт: "Дар табаре, ки мегӯянд бо он ҷиноят шудааст, изи ангушти ноболиғ ёфт нашуд. Дар мурофиа як шоҳид, ки навори дурбини мағозааш лозим шуд, нишондод дод, ки кормандони мақомот бе тартиб додани санад наворҳоро гирифта, ҳамаро пок кардаанд. Бубинед, ҳама корро кардаанд, то гунаҳкорони асосӣ пинҳон монанд".
Ҷониби ҷабрдидаҳо ва маҳкумшаванда ҳоло тасмим доранд, нисбат ба ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ, яъне ба коллегияи назоратии Додгоҳи олӣ шикоят баранд.
Миёнаҳои моҳи июли соли гузашта, телевизиони давлатии Тоҷикистон як гузориши Вазорати умури дохилиро нашр кард, ки нишон медод, наврасе нақл мекард, чӣ гуна ду нафарро куштааст. Аммо наздиконаш гузориши телевизиониро сохтаи мақомот арзёбӣ намуда, гуфтанд, писарашон дар нахустин мулоқот бо онҳо гуфтааст, баъд аз таҳдиду шиканҷаи кормандони пулис, аз тарс кушторро эътироф кард.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, куштори Шуҳрат Ғолибови 25-сола ва Исломиддин Шаҳидови 13-сола, сокинони шаҳри Душанбе, рӯзи 6-уми июли соли 2019 дар истироҳатгоҳи "Нилан"-и Варзоб, ки он ҷо ҳамроҳ кор мекардаанд, рух додааст.
Вазорати умури дохилӣ он замон гуфт, ҳангоми кори якҷоя миёни наврас ва Ғолибов ҷанҷол рух дода, дар натиҷа наврас дар заминаи хусумати шахсӣ ба утоқе, ки дар он Ғолибов бо Исломиддин хоб будаанд, ворид шуда, онҳоро бо зарби табар ба қатл расондааст. Адвокат ва пайвандони маҳкумшуда мегӯянд, ба ин ки дар тафтишот омадааст, миёни ноболиғу кушташудаҳо хусумате буд, бовар надоранд.
Истироҳатгоҳи "Нилан"-и Варзоб, ки куштор дар ҳамон ҷо рух додааст, хонаводаи Шуҳрат Ғолибов ба иҷора гирифта, барои таъмини рӯзгор кор мекардаанд.