7 рӯзи дигар монд. Трампу Байден ба марҳилаи охирини муборизаҳо ворид шудаанд 

Доналд Трамп ва Ҷо Байден

Президент Доналд Трамп ва рақиби демократаш Ҷо Байден рӯзи душанбе охирин ҳафтаи пешазинтихоботии худро шурӯъ мекунанд.

Интихобот рӯзи 3-юми ноябр аст ва як ҳафта пеш аз овоздиҳӣ шиддат гирифтани пандемияи COVID-19 ва бемор шудани Майк Пенс, муовини Трамп муборизаро пурчолиштар мекунад.

БАҲСИ РАҚИБОН

Трамп ҳамоно аз муваффақияташ дар амри мубориза бо COVID-19 сӯҳбат мекунаду Майк Пенс таблиғоти интихоботиро қатъ накардааст ва ин ҳама дар ҳолест, ки ҳамарӯза ҳодисаҳои нави рекордии гирифторӣ ба коронавирус дар ИМА ба қайд гирифта мешавад.

Байден президентро барои, ба гуфтааш, “тан додан дар баробари пандемия” муттаҳам кард ва гуфт, ин амалаш боиси марги тахминан 225 ҳазор сокини кишвар гардид.

Дар ҳашт рӯзи пеш аз интихобот беш аз 59,1 миллион аҳолии ИМА аллакай ба таври ҳузурӣ ваё тавассути почта дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Овоздиҳии имсола бино ба пешбиниҳои Донишгоҳи Флорида метавонад аз назари ширкати раъйдиҳандагон дар як асри гузашта рекордӣ шавад.

КӢ КУҶО МЕРАВАД ВА ЧӢ КОР МЕКУНАД?

Рӯзи душанбе Трамп ба Пенсилвания меравад. Пенсилвания, ки аз назари шумори раъйдиҳандагонаш хеле муҳим ва ҳалкунанда ба шумор меравад, макони таваҷҷӯҳи ҷиддии ҳам Трамп ва ҳам Байден будааст. Қарор аст Трамп дар баробари мардуми Аллентаун, Лититс ва Мартинсбург суханронӣ кунад. Ҳадафи Трамп ин аст, ки аз роҳи сафарҳои батакрор дили мардуми Мичиган, Пенсилвания, Висконсин, Небраска, Аризона ва Невадаро ба даст оварад.

Рӯзи душанбе Байден дар хонааш дар аёлати Делавар мемонад. Вале сешанбе бояд ба аёлати Ҷорҷиа рафта бо сокинони шаҳрҳои Атлантаву Ворм Спрингс мулоқотҳо барпо кунад. Шаҳраки Ворм Спрингс бо 400 сокин макони даргузашати президенти демократ Франклин Рузвелт дар соли 1945 мебошад. Ин президент ИМА-ро дар замони ба истилоҳ “Рукуди бузург” раҳбарӣ карда барномаи нави бурунрафти кишвар аз бӯҳрони иқтисодиро бо номи “Созиши нав” (New Deal) роҳандозӣ карда буд.

НАЗАРПУРСИҲО ПЕШАКӢ ДАР БОРАИ НОМЗАДҲО

Дар ҳоле, ки натиҷаҳои назархоҳӣ баёнгари барои ҳарду ҳизб пуррақобат будани фазо дар ин аёлати ҷанубии кишвар аст, Байден талош дорад, раъйи дар соли 2016 ба фоидаи ҷумҳурихоҳҳо ва Трамп аздастрафта дар Ҷорҷиаро ба фоидаи худу демократҳо гардонад. Ҷорҷиа аз соли 1992 инҷониб аз номзадии демократҳо пуштибонӣ накардааст.

Назархоҳиҳои як ҳафта пеш аз интихобот мегӯяд, ки ҳарчанд Байден бо тафовути ҷиддӣ аз Трамп пеш гузаштааст, боз ҳам дар иёлоти ҳалкунандаи мисли Флорида ва Пенсилвания мизони маҳбубияти ҳарду ба ҳам наздик аст. Рӯзи сешанбе дар шаҳри Орландои Флорида собиқ президенти ИМА Барак Обама Байденро таблиғ хоҳад кард. Дар замони Обама Байден дар мақоми муовини президент кор кардааст.

АФЗОИШИ ОЛУДАШАВИҲО БА КОРОНАВИРУС ВА МАВЗУИ БАҲС

Дар давоми ду рӯзи гузашта дар ИМА шумори рекордии нави олудашавиҳо ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва ҳамин мавзӯъ ба тими Байден баҳонае шуд, ки бархӯрди Трампу тимаш ба пандемия ва кам нишон додани хатари ин бемории ҳамагирро мавриди интиқод қарор диҳад. Дар миёни интиқодҳои демократҳо нодида гирифтани машварати пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ аз ҷониби Трампу аъзои тимаш дар тамоми барномаи пешазинтихоботӣ калидӣ будааст.

Вале худи Трамп, ки дар масъалаи мубориза бо пандемия бештар аз муваффақиятҳо гуфтааст, рӯзи якшанбе дар баробари тарафдоронаш дар Ню-Ҳемпшайр ҳам гуфт, “ҳеҷ як кишвар дар ҷаҳон онгуна ки мо барқарор мешавем, барқарор нашудааст”.

Раиси ситоди Кохи Сафед Марк Медовс рӯзи якшанбе гуфт, ки маъмурият на сари масъалаи “назорати пандемия” тамаркуз кардааст, балки дар фикри эҷоди воксинаву тарзи муолиҷаи ин беморӣ аст.

Дар вокуниш ба ин изҳорот Байден гуфт, ки маъмурияти амалкунандаи Кохи Сафед “масъулиятҳои бунёдии худ дар амри ҳимояти мардуми Амрикоро иҷро накард”.

Рӯзи шанбе маълум шуд, ки Марк Шот, раиси ситоди Пенс ва чанд ёвари муҳими дигари ӯ ба коронавирус олуда шудаанд. Вале бо вуҷуди хуруҷи вирус, Кохи Сафед гуфт, ки муовини президент таблиғоти интихоботиро идома медиҳад. Пенс, ки натиҷаи тесташ манфӣ баромадааст, бино ба гуфтаи сухангӯяш, рӯзи якшанбе дар Каролинаи Шимолӣ буд ва рӯзи душанбе ба Миннесота меравад.

Зердастони Пенс дар дохили Кохи Сафед аввалин нафарони олудашуда ба коронавирус нестанд. Пеш аз ин худи президент Трамп, ҳамсараш Мелания Трамп, писарашон Баррон ва чанд ёвару ҳамкораш ҳам ба ин вирус гирифтор шуданд.