Ҳалокати се нафар аз боронгариҳо дар Панҷ. АКС

Сели Фархор

Боронгариҳои шадиди шаби 16-уми май дар ҷануби Тоҷикистон хисороти ҷонӣ дар пай доштааст. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, ки бар асари боронгариҳо дар ноҳияи Панҷ се нафар ҷон бохтанд. Қурбониёни ҳодиса ду кӯдак ва як мард мебошанд.

  • Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, кӯдакон яке дусола ва дигаре чаҳорсола ҳастанд.

Бархе аз сокинони ноҳияи Панҷ аз ҳалокати ба камияш шаш нафар суҳбат мекунанд. Ҳоҷӣ Қурбон, як сокини ноҳияи Панҷ, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ҷасади се нафарро аз зери обу лой ёфта, ҷустуҷӯи ҷасади дигарон идома дорад. “Сел бисёр сахт омад ва чандин манзилро хароб кард. Одамон дар дохили хона монда буданд”, - афзуд ӯ.

Аксҳо аз ноҳияи Панҷ:

Ҳалокати се нафар дар ноҳияи Панҷ

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир як ҳайат аз ин ниҳод дар раъси муовини раис барои рафъи оқибатҳои табиӣ ба ин минтақа рафтааст. Ба гуфтаи манбаъ, то ба ҳол дар робита ба хисороти ношӣ аз ин ҳодисаи табиӣ, маълумоти дақиқе дар даст нест.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ дар ҳукумати Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода ба ноҳияи Панҷ рафтааст. Ба гуфтаи манбаъ, се ҷамоати ноҳияи Панҷ аз боронгариҳои шаби гузашта хисорот дидаанд ва заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хароб шудаанд.

Мақомот дар Фархор ҳам гуфтаанд, ки шаби гузашта сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд шуда, қисмате аз манзилҳои сокинон дар деҳаҳои Сурхоб ва Қизилсу ҷамоати Ғалаба зери об мондааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло комиссияи ҳукуматӣ таъсис шуда ва ба бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ оғоз кардаанд. ​

Муҳаммад Валиев, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Фархор рӯзи панҷшанбеи 17-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи боронгариҳои зиёд, об ба манзилҳои сокинони деҳаҳои Сурхоб ва Қизилсу ворид шуда ва киштзорҳоро хароб кардааст. Вай афзуд, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Шабонгоҳ борон бисёри борид, аз кӯҳ санг овардааст, сатҳи оби дарё баланд шуда, баъзе заминҳои корамро вайрон ва дар баъзе хонаҳои сокинон об ворид шудааст. Аммо талафоти ҷонӣ ва харобкорӣ то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Мо комиссия ташкил карда, хона ба хона гашта истодаем”, -- гуфт ӯ.

Акс аз сели Фархор:

Сел дар Сурхобу Қизилсӯ

Ба иттилои Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон, то 20-уми май ҳаво дар кишвар номусоид боқӣ мемонанд ва боронгариҳо идома мекунад. Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, гармии ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа паст мефарояд.