Эмомалӣ II ё мансаби нави Рустами Эмомалӣ дар рушди сиёсии Тоҷикистон чӣ маъно дорад?

Падар ва писар, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Интихоби раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба мансаби раиси палатаи болоии порлумон (Маҷлиси миллӣ) коршиносон қадаме медонанд, ки аз пеш тахмин зада мешуд. Чизе, ки маълум буд, вале ба ақидаи онҳо, пайомадҳояш номаълум ва норӯшан мемонанд.

Бозии бидуни интрига

Натиҷаи нахустин ҷаласаи даъвати шашуми Маҷлиси Миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон 17-уми апрел ҳамонгуна шуд, ки коршиносон пешбинӣ мекарданд: Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари раисҷумҳури кишвар раҳбари маҷлиси болоӣ ва амалан баъди президент шахси дувуми давлат шуд. Номзадии шаҳрдори 32-соларо ба ин мақом мудири Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби президентии барои кӯдакони болаёқати шаҳри Кӯлоб” Дилбар Одилзода пешбарӣ кард ва ҳамаи аъзои маҷлис аз он пуштибонӣ карданд.

Ба ин тартиб, баҳсҳои доманадоре, ки соли 2017 баъди таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси шаҳри Душанбе ба ҷойи Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз шуда буданд, ки кадом яке аз ду фарзанд курсии раиси Маҷлиси Миллиро соҳиб мешавад, ба нафъи Рустами Эмомалӣ хатм шуданд. Ҳамчунин ба сифати номзади эҳтимолӣ аз хоҳараш, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва узви пешини маҷлиси болоӣ Озода Раҳмон низ ном бурда мешуд. Ҳоло миёни аъзои таъин шудаи маҷлис то кунун номи ӯ дида намешавад.

Дар мавриди ин гуна натиҷагирӣ ҳанӯз 27-уми март, замоне ки ӯ нахустин бор дар маҷлиси вакилони пойтахт ба узвияти Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд, гуфтугузорҳо оғоз шуда буд. Ҳоло мавзуъи баҳси коршиносон ин аст, ки режими сиёсӣ дар кишвар чӣ шакле хоҳад гирифт ва то куҷо он метавонад устувор мебошад.

Хатари аз даст додани пуштибонӣ

Рӯзноманигори тоҷик Марат Мамадшоев интихоби навбатии Рустами Эмомалиро як навъ тасмими амниятӣ аз сӯйи сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон медонад, аммо мегӯяд, ҳоло зуд аст, хулосаҳои фарогир бароварда шавад. “Муҳим ин аст, ки эҳтимол дорад қудрат бархе аз пойгоҳҳои иҷтимоии худро аз даст бидиҳад. Қарор доштани хешу табор дар вазифаҳои раҳбарикунанда метавонад, мардумро дилсард кунад”,- тахмин мезанад Мамадшоев.

Пешрафтҳои ояндаи худи Рустами Эмомалиро ӯ марбут ба он медонад, ки то куҷо вайро нухбагони ҳукмрон ҷиддӣ мегиранд. “Нуфузи Раҳмон дар дохили ин нухбагон бебаҳс аст, оё чунин як нуфузро Рустам метавонад ба даст биоварад маълум нест, дар ҳар сурат ӯро лозим мешавад, ки барои ба даст овардани ин нуфуз бо дигар аъзои ин нухбаҳо мубориза кунад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Симои машҳури шинохтаношуда

То таъиноти нав писари калонии Раҳмон ба сифати сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон ва мудири Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард ва аз соли 2012 Федератсиюни Футболи Тоҷикистонро раҳбарӣ дорад.

Дар мақоми шаҳрдори пойтахт Рустам Эмомалӣ барои худ пуштибонии иҷтимоии кофиро дар симои шаҳрвандон ба даст овард. Ба шаҳрдорӣ муяссар шуд, ки робитаро бо шаҳрвандон ба роҳ монанд ва намои шаҳрро хеле дигаргун намояду мутаносибан фаъолияти шаффофи шаҳрдориро таъмин намояд. Вале бо вуҷуди ин нозирини умур мегӯянд, ки шахсияти худи Рустами Эмомалӣ барои ҷомеа ҳанӯз ноошно боқӣ мондааст.

“Ҷомеаи Тоҷикистон, ҳатто қишри равшанфикр шинохти лозиме аз Рустами Эмомалӣ надорад. Ӯ худ ҳеч гоҳе ошкоро дар пешорӯйи расонаҳову рӯзноманигорон пайдо нашудааст. Чанд боре ҳам, ки суханронӣ доштааст аз коғаз хондааст, вале дидгоҳҳо ва барномаҳои худро бо ҷомеа шарик насохтааст. Гуфта мешавад, ки ӯ мудири ҷавон, кордон аст ва барои пойтахт корҳои бисёре кард, вале ин тасаввурот дар бораи ӯ талқин мешавад, мустақим ҳосил нашудааст”, - мегӯяд рӯзноманигори таҳлилгар Иршод Сулаймонӣ.

Ба назари Сулаймонӣ барои чеҳраи № 2-и Тоҷикистон зарур аст, ки бо мардум тамоси мустақим барқарор кунад ва ҷомеаро аз зарфиятҳову барномаҳояш қаноат бидиҳад.

Қадаме ба сӯйи интиқоли қудрат

Бо далоили амниятӣ сиёсатшиносе аз Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад дар суҳбат бо Радиои Озодӣ интихоби Рустами Эмомалиро “қадаме ба сӯйи таъмини интиқоли ороми қудрат” номид. “Ба ин манзур, ин нахустин қадам ба сӯйи низоми мудириятии хонаводагӣ аст, ки ҳукумат аз падар ба писар мерасад. Дар дохили кишвар тағйири калоне пеш намеояд – дар ҳар сурат аз нигоҳи дастовардҳои кутоҳмуддат. Зеро мардум ва ҷомеа аз хеле пеш ин гомро мунтазир буд, яъне ин шеваи интиқоли қудрат ғайримунтазира набуд. Дар дарозмуддат ҳама чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки ҳукумат чӣ гуна бо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ канор меояд”, - таъкид мекунад сиёсатшинос. Дар сурати муваффақ шудан, мегӯяд ӯ, шакли мудирият нақши асосӣ намебозад, вале агар ҳукумат муваффақ нашавад, руҳияҳои эътирозӣ бештар гашта, сабаби асосии буҳронро мардум дар шеваи мудирият хоҳанд дид.

Аммо ба гуфтаи сиёсатшиноси рус Станислав Шкел, ки режимҳои қудратгаро(авторитари)ро дар фазои пасошӯравӣ таҳқиқ кардааст, дар чунин низомҳо шонси мудирияти бомуваффақияти иқтисод тақрибан ба ҳеч баробар аст. “Мушкили режимҳои қудратгаро ин аст, ки дар онҳо садоқат нақши асосиро мебозад, на шоистагӣ. Ва агар мо дар бораи наздикон суҳбат кунем, дар ин маврид мудирони бозарфият то ҳадди ақал коҳиш меёбанд ва мутаносибан, бештари мақомҳоро нафарони вафодор ва аксаран камсамар соҳиб мешаванд. Аз ин рӯ, ман наметавонам бигӯям, ки ин ба кадом як пешрафтҳое дар бозсозии иқтисод меоварад, - бовар дорад коршинос.

«Авторитаризми таборӣ»

Режими сиёсӣ дар Тоҷикистонро Шкел “қудратгароии таборӣ” ном мебарад, ки дар он ҳокимият ба хешутаборони наздик такя мекунад. “Мантиқи умумии ин режимҳо дар он аст, ки ҳар қадаре, ки раҳбари сиёсӣ дар шароити авторитарӣ дар қудрат боқӣ монад, ба ҳамон андоза ӯ ба атрофиёнаш камтар бовар мекунад. Ҳар қадаре, ки ӯ битарасад ба ҳамон андоза ӯ нафарони воқеан боварбахши худро ба мансабҳо таъин мекунад. Ва киро мешавад, ки сад дар сад бовар кард, албатта хешутаборро. Аз писари худ президент кадом як тавтеаро камтар мунтазир аст, нисбат ба дигарон”,- таъкид мекунад сиёсатшинос

Вале муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ин гуна ақидаҳоро ҷонибдорӣ намекунад ва интихоби Рустами Эмомалиро пешниҳоди мантиқӣ бар пояи шаҳрдори пойтахт буданаш медонад. “Ин кадом як мансаби иҷроӣ нест, вай ба тақсимоти буҷа таъсир расонида наметавонад. Ин мансаб манофеи минтақаҳоро таъмин мекунад ва ӯ ҳамчун шаҳрдори Душанбе мисли ҳамтои пешини худ Маҳмадсаид Убайдуллоев ин мансабро соҳиб шуд”, мегӯяд Сафаров. Вай тахмин мезанад, ки ба даст овардани курсии раиси маҷлис ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин шахс дар оянда ба мақоми болотаре мерасад.

Ба салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ таъйиди санадҳои қонунгузорие, ки аз сӯйи маҷлиси поёнии порлумон пазируфта шудаанд ва ҳамчунин таъйиди номзадии додситони кулл, судҳои Қонуни Асосӣ, Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ дохил мешавад.

Мавқеи шарикони калидӣ

Коршиносони дохилӣ бо назардошти вобастагии иқтисодӣ аз бозингарони берунӣ, моил ба ин дидгоҳанд, ки матлуб будани интиқоли қудрат ба ризоияти шарикони калидӣ, пеш аз ҳама Маскав ва Пекин бастагӣ дорад.

Мудири Маркази тадқиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистони дар Донишкадаи равобити байналмилалии давлатии Маскав Андрей Казансев мегӯяд, ки барои Русия ва Чин масъалаи нахустдараҷа субот дар минтақа аст. “На Пекин ва на Маскав мухолифи интиқоли қудрат аз сӯйи Раҳмон нахоҳанд буд. Маскав шояд хостори он будааст, ки вазъро ба хотири суботи дарозмуддат тағйир диҳад, вале дар шароити имрӯза вориди чунин коре нахоҳад шуд. Ва Чин ошкоро мегӯяд, ки ин барояш ин муҳим нест, зарур аст, ки ҳама созишҳои ҳосилшудааш риоят шаванд. Ғарб мухолифат мекунад, вале Раҳмон зарфиятҳои лозимеро дорад, хусусан пуштибонии Чин, ки ин эътирозҳоро сарфи назар кунад”, - тахмин мезанад коршинос.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар сурати истеъфои сардори давлат, ғайри қобили амал донистани он ва ё маргаш пешбинӣ мекунад, ки салоҳиятҳояш ба раиси Маҷлиси Миллӣ мегузарад ва ин то ба кор сар кардани раисҷумҳури нав пас аз интихоботи фаврӣ давом мекунад.

Интихоботи раисҷумҳур дар Тоҷикистон тирамоҳи 2020 баргузор мегардад.