Шифоёфтагони COVID-19 хуни худро ба муолиҷаи дигарон медиҳанд. ВИДЕО

Афроде, ки аз бемории ҳамагири КОВИД-19 шифо ёфтаанд, дар хунашон подтанҳое доранд, ки метавонад бо коронавирус дар бадани шахси дигар муқобала кунад. Истифода аз равиши интиқоли плазмаи хун ба беморони дигар натиҷаҳои умедворкунанда доштааст. Пажӯҳишгарон акнун ба таҳқиқи масъала пардохтаанд, ки оё ин равиш метавонад роҳбурде муаассир барои мубориза бо вируси корона бошад ё не.

Тиффани Пинкней, эҳдокунандаи плазма, қаблан ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда буд ва шифо ёфт. Ӯ мегӯяд, "албатта, донистани ин ки дар хуни ман, мумкин аст, посухҳое ба ин муаммо вуҷуд дошта бошад, бисёр шигифтовар аст."

Вазъи саломати Тиффани Пинкней пас аз шифо ёфтан аз бемории КОВИД-19 ҳоло хуб аст. Ин ба он маъност, ки ӯ метавонад ба сиҳат шудани дигарон аз ин беморӣ низ кумак кунад. Пинкней яке аз аввалин беморони собиқ дар Ню-Йорк аст, ки ба эҳдои плазмаи хунаш иқдом кард, то аз он дар дармони озмоишии беморони дигар истифода шавад.

Артуро Касадевал, иммунолог аз Донишкадаи беҳдошти Блумберги Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс мегӯяд, "ин бисёр сода аст. Афроде, ки шифо меёбанд, дар хунашон подтанҳое доранд, ки вирусро куштаанд. Ва агар онҳо плазма эҳдо кунанд (плазма бахши моеи хун аст, на селулҳои сурхранг ва монанди он), ин плазма подтанҳое дорад ва Шумо плазмаро метавонед барои дармони уфунат ё ҷилавгирӣ аз он ба фарди дигаре интиқол бидиҳед."

Интиқоли подтанҳо аз бемороне, ки шифо ёфта ва ҳанӯз ҳолати заъфу нотавонӣ доранд, дар бадани афроди дигар масунияти пассивро эҷод мекунад ва мубориза алайҳи уфунат ё вирусро осонтар месозад. Ин як равиши нав ва ҳанӯз исботнашудаи мубориза бо вируси корона аст – аммо дар илми тиб падидаи тоза нест. Аз ин равиш барои дармони қурбониёни бемории ҳамагири зуком дар соли 1918 ва ҳатто пештар аз он алайҳи дифтерия, беморие, ки маншааш бактерия аст, истифода шуда буд.

Баъдҳо тавлиди густардаи ваксина ва антибиотикҳо нисбат ба интиқоли плазма авлавият ёфт, вале ин равиш ахиран алайҳи таҳдидҳои тоза ба кор рафтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Худ наҷот ёфтӣ, каси дигареро ҳам наҷот деҳ!" Талош барои давои COVID-19

Доктор Девид Рейх, раиси Бемористони Кӯҳи Сино дар Нб-Йорк мегӯяд, "ба назар мерасад, ин равиш дар эпидемияҳои қаблӣ муассир будааст. Зоҳиран дар замони паҳни зукоми хукӣ, эпидемияҳои H1N1 дар солҳои 2008 ва 2009 асари мусбате доштааст."

Аммо пажӯҳишгарон таъкид мекунанд, ки ҳанӯз чизҳои зиёде барои омӯхтан дар бораи вируси корона ва шеваҳои муборизаи муассир бо он вуҷуд дорад.

Доктор Артуро Касадевал гуфт, "плазма собиқаи хубе дар гузашта доштааст, аммо вируси корона бемории нав аст. Бино бар ин, бояд ёд бигирем, ки чӣ гуна аз он истифода кунем. Ҳарчанд ин равиш дилгармамон месозад, ҳарчанд гузоришҳои аввалия аз он мусбат аст, фикр мекунам, дар андеша ва амали худ бояд ҷиддӣ бошем ва ин равишро бо озмоишҳои болинии муносибе мураттаб имтиҳон кунем."

Дар Бемористони Кӯҳи Сино дар Ню-Йорк 35 бемор дар чаҳорчӯби озмоишҳои болинӣ аз эҳдокунандагон плазма дарёфт кардаанд.

Доктор Ания Вайнберг мегӯяд, “бодиққат ва эҳтиёти тамом фароянди беморӣ ва додаҳову иттилооти дигарро радёбӣ мекунем ва умедворем, ки битавонем баъд аз ҳудуди ду ҳафта ёфтаҳои аввалияи худро бо шумо ва ҷаҳониён дар миён гузорем. Масалан, ин ки оё плазмаҳо метавонанд дубора паҳн шаванд? Чӣ вақт эмин хоҳанд монд? Чӣ муддат масунияти онҳо дар сатҳи пойин ё дар сатҳи боло хоҳад монд? Инҳо мавридҳоест, ки қасд дорем ба он пардозем ва ин корҳо таъсири бузурге дар вазъи нерӯи кори беҳдоштии мо ва эҳтимол дар вазъи нерӯи кори ҷаҳонӣ хоҳад дошт, бавижа ин ки ҷомеаҳоро дубора боз хоҳем кард.”

Таҳқиқоти монанд дар Аврупо ва Чин ҳам дар ҳоли анҷом шудан аст ва пизишкон мегӯянд, озмоишҳои аввал баёнгари беҳбуд ёфтани нишонаҳои беморон аст.

Агар ба назар бирасад, ки интиқоли плазма алайҳи бемории КОВИД-19 эмин ва муассир аст, боз ҳам истифода аз ин дармон дар миқёси васеъ як навъ чолиш хоҳад буд. Диана Берент, яке дигар аз беморони шифоёфта, ба манзури ҷалби эҳдокунандагони билқувва дар Иёлоти Муттаҳида шабакае ба номи Survivor Corps роҳандозӣ кардааст.

Диана Берент гуфт, “рӯйхате дорем, ки ҳамаи озмоишҳои анҷомшуда дар саросари кишварро гирдоварӣ мекунем ва дар дастраси умум қарор медиҳем. Ва ба унвони миёнҷӣ байни пажӯҳишгоҳҳо ва наҷотёфтагон аз вируси корона амал мекунем, то системами коромадтар ва фароянди омӯзиш пухтатар шавад. Мо дигар фурсате барои аз даст додан надорем, чун ҳаёти инсонҳо дар хатар аст ва ҳифзи ҷони онҳо бисёр муҳим аст.”

Донишмандон интизор доранд, ки таҳқиқот дар мавриди интиқоли плазма ҳамзамон ва баробар бо фаъолиятҳои илмӣ барои тавлиди доруҳо ва ваксинаҳои нав пеш биравад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!