IMF бо шарт ба Тоҷикистон қарз дод. Э.Раҳмон гуфт, пули муҳоҷирон 50% кам шуд

Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) дар ивази 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз аз Тоҷикистон тақозо кардааст, ки қисмати даромади буҷаро беш аз 2 миллиард сомонӣ ва хароҷотро беш аз 1 миллиард сомонӣ кам кунад. Коршиносон мегӯянд, чунин тақозои Сандуқ ба ҷо аст, чунки Тоҷикикистон солҳо боз нақшаи даромади буҷаро аз тавони иқтисодиаш бештар таъин мекард, ки сарбории он болои бахши хусусӣ меуфтод ва намегузошт босуръат рушд кунад.

Сандуқи Байналмилалии Пул бо дархости Тоҷикистон 189,5 миллион миллион қарзи боимтиёз ҷудо кард. Ин қарзҳо баҳра надоранд ва дар муддати 10 соли дигар бояд баргардонда шаванд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" 14-уми май бо такя ба манбаи худ дар ҳукумат навишт, СБП хостори 2,7 миллиард сомонӣ кам кардани нақшаи даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 шудааст. Аз қисмати хароҷоти буҷа 1,2 миллиард сомонӣ коҳиш дода мешавад.

Қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020 қабул шудааст. Қисмати хароҷоти онро 26 миллиарду 403 миллион сомонӣ ва бахши даромадро 26 миллиарду 54 миллион сомонӣ муайян кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: IMF ба Тоҷикистон 189 миллион доллар медиҳад, то COVID-19-ро сабуктар "гузаронад"


Ҳар сол 9-10 дарсад боло бурдани нақшаи даромади буҷаи Тоҷикистон, ки бо рушди воқеии иқтисод ва даромади бахши хусусӣ ҳамхонӣ надошт, солҳост боис ба интиқоди иқтисоддонҳост. Аммо Вазорати молия то ба ҳол боре ҳам ба ин гуна эродҳо эътино накардааст ва сол то сол бахши даромади буҷаро боло мебурд. Дар натиҷа сарборӣ болои бахши хусусӣ афзуд, то ҳадде ки нозирони андоз барои буд кардани нақшаи даромади буҷа соҳибкорон ва моликони ширкатҳоро маҷбур мекарданд барои моҳҳо ва ҳатто соли оянда молиёт супуранд.

Сотим Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, аз рушди воқеии иқтисод бештар муайян кардани даромади буҷа, хилофи ҳикмати мақоли маъруфи "почаатро ба дарозии кӯрпа дароз кун" буд ва дар ниҳоят бар зиёни иқтисод тамом мешуд.

"Бубинед, вақте аз соҳибкор ё ширкат барои соли оянда андоз талаб мекунанд, то "план" буд шавад, чӣ гуна бахши хусусӣ рушд мекунад? Соҳибкорон барои оғози тарҳу лоиҳаҳои навашон аз куҷо маблағ меёбанд, дар ҳоле ки пулҳои озодашонро барои соли оянда барои андоз додаанд? Масъулони мақомот ба ҳарфи коршиносон, ки борҳо ба ин мушкил таъкид кардаанд, гӯш намекарданд. Акнун ба назар мерасад ночор мондаанд ва шарти СБП-ро қабул карданд", - гуфт ӯ.

Умаров афзуд, дар ниҳоят коҳиши дахлу харҷи буҷаи давлат онро усутувор мегардонад, вале муҳим он аст, ки дар оянда низ мақомот аз ин буҳрон сабақ бардоранд ва буҷаро ҳамсон ба рушди воқеии иқтисод ва даромади соҳибкорону ширкатҳо таҳия кунанд, на бештар аз он.

Номаи президент Раҳмон: Интиқоли пули муҳоҷирон 50% кам шуд

Қабл аз он ки СБП ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарз диҳад президент, президент Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Кристалина Георгиева, мудиромили СБП нома навиштааст. Матни ин номаро Сандуқ нашр кард. Президент Раҳмон дар номааш ба СБП вазъи иқтисоди Тоҷикистонро хеле ногувор тасвир карда, гуфтааст, "интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия 50 дарсад кам шуд." Ӯ ба унвони мисол гуфтааст, назар ба соли гузашта аз ҳисоби интиқоли пулӣ ба кишвар 80 миллион доллар камтар ворид гардид.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, COVID -19 ҳанӯз дар ҳоли густариш буда, шокҳои бархоста аз он пешбинишаванда нестанд ва "агар шокҳое, ки ин беморӣ ба бор меоранд, аз пешбиниҳо бештар буд, мо хароҷотро барои пешгирӣ ва муолиҷа бештар хоҳем кард".

Тарҳи тағйири буҷаи Тоҷикистонро барои соли 2020 айни замон таҳия карда, ба гуфтаи як ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ, аз ҳукумат ба порлумон фиристодаанд.

Маҷлиси Намояндагон аз 30-юми апрел инҷониб ба далели ба COVID-19 гирифтор шудани чанде аз вакилон, аз ҷумла бистарӣ шудани раиси он Маҳмадтоҳир Зокирзода бо илтиҳоби шуш иҷлосия доир накардааст. Аз ин рӯ, тарҳи нави буҷа ҳанӯз тасвиб нашудааст.

Вазорати молия рӯзи 15-уми май дар изҳороте гуфт, рӯзи 8-уми май 189,5 миллион доллар ба суратҳисоби вазорат ворид шудааст.

Вазорат гуфтааст, ин маблағро барои "пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши кумакҳои иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ва бозгардони қарзи хориҷаи кишвар харҷ мекунад.

Як шарти дигари Сандуқи Байналмилалии Пул дар назди Тоҷикистон ҳангоми ироаи 189,5 миллион доллар ин будааст, ки ҳукумат бояд ҳар се моҳ дар мавриди ба куҷо харҷ шудани ин пулҳо гузориш диҳад ва онро барои омма дастрас намояд.

Вазорати молия низ ба ин уҳдадории Тоҷикистон дар изҳороташ ишора карда, гуфтааст, гузоришҳои семоҳа ва аудити сарфи маблағҳоро, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода хоҳанд шуд, нашр хоҳад кард. Чизе, ки то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон аз иҷрои он аксаран сарпечӣ мекунанд ва хеле кам дар бораи сарфи маблағҳои мардум, буҷаи давлатӣ ва ё кӯмакҳои молии байналмилалӣ гузориш додаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!