Тоҷикон дар "карантин" чӣ кор мекунанд? Чанд паём аз гӯшаҳои дунё. ВИДЕО

Парвиз Назаров, Мави Масабӣ ва Манучеҳр Қудратов. Акс аз Фейсбук

Агар "карантин" ва ё хонашинӣ барои иддае давраи сахти бекориву вобастагӣ аз телевизиону Интернет аст, дигарон аз ин имконият барои иҷрои нақшаҳои дерина истифода мекунанд. Яке китоб менависад, дигаре ба фарзандаш дарс медиҳад ва саввумӣ аз пайи хуш кардани табъи дигарон аст.

Тоҷикистониҳо дар кишварҳои гуногуни дунё ҳастанд ва аз нақли чанд нафарашон мебинем, ки ҳафтаҳои маҷбурии хонашинӣ дар пасманзари пандемияи коронавирусро чӣ гуна паси сар мекунанд.

Манучеҳр Қудратов, Олмон: "Аз пайи тарҷумаи китоб шудам"

Манучеҳр Қудратов, корманди илмии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Регинсбурги Олмон аст. Вай ҳоло мисли сокинони дигари ин кишвари аврупоӣ дар хона монда, рӯзашро ба ду бахш тақсим кардааст: нимаи аввали рӯз бо фарзандаш дарс омода мекунад ва пас аз нисфирӯзӣ, вақте компютери хона озод шуд, аз пайи тарҷумаи китоб мешавад.

Қудратов дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ дар оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфт: "Карантин дар Олмон то 19-уми апрел давом мекунад. Дар давраи карантин бекор намемонем, чун мактабу кӯдакистонҳо баста ҳастанд. Ба кӯдакон дар хона дарс медиҳем. Ҳар рӯз ба фарзандам се соат аз фани математика ва забони олмонӣ дарс мегӯям. Маводро мактаб тавассути почта мефиристад. Баъдан бо лоиҳаҳое, ки солҳои охир дастам намерасид, машғул ҳастам. Аввал, тарҷумаи китоби "Straftheorien 2. Auflage" ("Назарияи ҷазо дар ҳуқуқи ҷиноятӣ”). Ин китобро аз олмонӣ ба русӣ тарҷума мекунам ва шояд то охири сол дар Маскав чоп шавад. Инчунин ба таҳияи луғати ҳуқуқии олмонӣ-тоҷикӣ банд ҳастам, ки 20 ҳазор калима ва ибора дорад. Шояд ба ин лоиҳа баъди карантин ҳам се-чаҳор соли дигар машғул шавам".

Мавӣ Масабӣ, Русия: "Фурсати он аст, ки бо пайвандон наздиктар шавем"

Мавӣ Масабӣ, журналист ва шоир аз Тоҷикистон, дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Кори ӯ то ҷорӣ шудани карантин ҳам аз хона ба роҳ монда шуда буд. Ороишҳои дастии таҳиякардаи Мавӣ, ки бо шеваи тоҷикӣ сохта мешаванд, тавассути Интернет ба фурӯш мераванд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди бозгашти фарзандаш аз сафари Тайланд аз 23-юми март ҳамаи аъзои оила дар карантин ҳастанд. Вале бо маҳдуд шудани муқаррароти ҳаракату зиндагии мардум низоми кори ӯ дигар нашуд.

Мавӣ Масабӣ ба ин бовар аст, ки марҳилаи карантину хонашинӣ фурсати хуби тоза кардани андешаву афкор ва танаффус дар ҷараёни пуршиддати зиндагӣ аст. "Шарт нест, ки дар рӯзҳои тӯлонии бекорӣ инсон дунболи фаъолиятҳои наве бишитобад, баръакс, бояд як лаҳза ист карда, зиндагиву ҳастӣ, андешаву афкори худро бозбинӣ кунад", - мегӯяд ӯ.

Вай афзуд: "Ба назари ман, табиат моро аз ҳаракат нигоҳ дошта мегӯяд, "ай инсон, биист, аз дав бимон, ором шав, бишин ва як лаҳза андеша бикун, ки барои чӣ ва ба хотири чӣ зиндагӣ мекунӣ? Ҳамаи кор ба он хотир аст, ки зиндагии атрофиёни мо хуш бошад. Ҳоло фурсати он расидааст, ки бо наздиконамон наздиктар шавем. На ин ки бачаҳоро саросемавор ба кӯдакистону мактаб гусел карда, фақат шом бубинем ва ё дар бораи волидон фикр кунем. Афсурдаву бемор нашавед, саломат бошед, дар фикри худу азизонатон ва хуш бошед".

Парвиз Назаров, Қазоқистон: "Муҳим аст, ки хушбин бошем ва нороҳат нашавем"

Парвиз Назаров, овозхони маъруфи тоҷик, муқими Қазоқистон аст. Вай аз замони ҷорӣ шудани карантин дар ин кишвари Осиёи Маркзаӣ бо аъзои оилааш дар хона аст, вале нороҳат намешавад ва талош мекунад, бо истифода аз фурсат ба ҳаводоронаш консерт бидиҳад. Консерти интернетӣ аз студияи Парвиз Назаров дар хонааш.

Назаров аз Алмато ба ҳаводорони Радиои Озодӣ як рӯзи кору зиндагии худро сабт карда фиристод: "Салом, дӯстон. Дар Алмаато ҳама дар карантин ҳастанд. Вазъ ҳоло назар ба замони то бӯҳрон (коронавирус) сангинтар аст. Он замон берун рафтан мумкин буд, маъракаву барномаву ҳунарнамоӣ буд. Ҳоло бояд дар хона дар карантин бимонем, вале ба назарам, ин ҳам хуб аст, то ки бемориӣ густариш наёбад. Муҳим аст, ки хушбин бошем, нороҳат нашавем. Фурсати он расид, ки барои Шумо, шунавандаҳо, бинандаҳо ва кормандони Радиои Озодӣ як тарона иҷро кунам. Ман мераваму микрофону гӯширо омода карда, барои Шумо мехонам".

Наргис Ҷӯраева, Тоҷикистон: "Чанд роҳи машғул доштани кӯдак вуҷуд дорад"

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба коронавирус расман сабт нашудааст. Бо ҳамин сабаб сокинони кишвар корро бо шеваи маъмулӣ пеш мебаранду таҳсили кӯдакон баъд аз таътили баҳорӣ аз 1-уми апрел шуруъ шуд.

Дар ҳоле ки баъзе аз волидон дар Тоҷикистон ҳайронанд, ки дар сурати эълони карантин фарзандонро чӣ гуна машғул доранд, Наргис Ҷӯраева -- модари дугоникҳо Фаризу Табриз -- нороҳат нахоҳад шуд.

Вай барои машғул доштани писарони ҳаштсолааш барномаҳои зиёди ҳунариву эҷодӣ омода кардааст. Ҳар як ин машғулият барои рушди зеҳниву ҷисмии онҳо равона шудаанд. Фаризу Табриз мисли ҳар кӯдаки дигари тоҷик дар ҳавлӣ бозӣ карда, бо варзиш ҳам машғул мешаванд, вале шоҳмотбозӣ, китобхонӣ ва расмкашӣ бахши муҳими машғулияти хонагии онҳо мебошад.

Фариз мегӯяд: "Ман китоби "Энсиклопедияи калон барои писарон"-ро мехонам, ин ҷо дар бораи аҷоиботи олам, ҷонварон ва фанновариҳо қисса мешавад. Он хеле омӯзандаву ҷолиб аст."

Додараш Табриз мегӯяд: "Ин китоби “Ҷисми инсон” аст. Дар он дар бораи саломатӣ, тарзи дастшӯӣ навиштаанд, то ҳама микробҳо нобуд шаванд. Ин китоб “Ширхорҳо” ном дорад. Дар он дар бораи ҷонварон, паррандаҳо ва ҳаёти моҳиҳо навишта шудааст".

Наргис Ҷӯраева аз охирин навгониҳои омӯзишӣ хабар дорад, бархе аз маводи таълимиро тавассути Интернет фармоиш медиҳад ва муштарии доимии китобфурӯшиҳо аст. Ҷӯраева мегӯяд, интихоби ӯ сари бозиву машғулият тавре ба роҳ монда шудааст, ки кӯдакон аз кори кардаашон ҳам лаззат бубаранду ҳам чизи наверо ёд гиранд.

"Масалан, расмкашӣ аз рӯи рақам як василаи вақтгузаронӣ аст. Бачаҳо одатан кори дастиро дӯст медоранд. Як чизи зебои дигар аст – мӯҳрадӯзӣ. Дидани баланд шудани алаф ҳам хеле ҷолибу омӯзанда аст. Инчунин бозиҳое ба монанди "Агрономи хурдсол" ҳастанд. Дар дохилаш тубаки замин дорад ва дона шинонда ҷараёни рушди растаниро мушоҳида кардан мешавад. Инчунин, китобҳои пазл ҳам харидан мумкин аст. Масалан, кӯдак дар баробари омӯзиши чӣ будани қатор аз пораҳо сурати қаторро ҷамъ мекунад. Кӯдак аз ин роҳ пуртоқату баназм буданро ёд мегирад. Ҷаҳонбиниаш ҳам васеъ мешавад. Шумо метавонед вақти худро шоду фоидабахш сипарӣ кунед".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!