Хона ба хона. Роҳи пешгирӣ аз коронавирус ё кумак ба густариши он?

Акс аз саҳифаи ҳазби халқии демократии Тоҷикистон дар Фейсбук

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, одамони ношинос ба хонаашон омада, ба онҳо фаҳмондаанд, ки чӣ гуна худро аз КОВИД-19 ҳифз кунанд. Пас аз додани маълумот онҳо имзои сокинонро гирифтаанд. Дар ҳоле ки ин кор танқиди зиёдеро миёни мардум ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст, ба Радиои Озодӣ муяссар шуд, рӯшан намояд, ки гашти хона ба хонаро кормандони давлатӣ бо амри Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон пиёда намудаанд.

Карим, як сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ба Радиои Озодӣ занг зада, гуфт, рӯзи 2-юми май нафароне, ки худро намояндаи ҳукумати ноҳия муаррифӣ карданд, аз ӯ шумораи аъзои оилаашро пурсидаанд. Ин афрод ҳамчунин гуфтаанд, "бозорҳои хӯрокворӣ баста нест, қаторҳо кор мекунад ва ҳукумат намегузорад нархҳо боло равад".

"Ин ҳамаро гуфтанд ва пурсиданд, ки оё фаҳмидам ё не? Вақте "бале" гуфтам, як варақ пешниҳод карданд, ки дар он имзо гузорам. Дар ин варақ рақами ҳуҷра, ному насаби сардори хона ва теъдоди одамон навишта шуда буд. Ба он имзо гузоштам", - гуфт ҳамсуҳбати мо, ки аз рӯйи эҳтиёт хоҳиш кард номи хонаводагияш пинҳон монад.

Сокинони ноҳияҳои дигари шаҳри Душанбе низ тасдиқ мекунанд, ки кормандони мақомот ба манзили онҳо рафтаанд. Як сокини ноҳияи Синои пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони пулис хона ба хона гашта, мепурсиданд, ки дар манзили онҳо касе бемор ҳаст, ё не.

"Рақами хона ва шумораи афроди беморро сабт мекарданд", - гуфт ӯ.

Ин маърака бе эълони пешакӣ ҷараён гирифтааст, ҳарчанд шаби гузашта вазири тандурустии Тоҷикистон Олим Насимзода аз шабакаи аввали телевизиони давлатӣ шумораи тасдиқшудаи беморони дорои коронавирус ва чораҳои беҳдоштиро эълон намуд. Дар ин байн нусхае аз барқияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо имзои раиси он Озода Раҳмон ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои Душанбе вазифадор шудаанд, "барои анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ" кормандони худро ба манзилҳои мардум фиристанд.

Дар ин дастур омадааст, ки намояндагони давлат бо истифода аз "усули хона ба хона" ба мардум фаҳмонанд, ки ба воҳима дода нашаванд ва қоидаҳои санитариро риоя кунанд. Як корманди Вазорати фарҳанг рӯзи 2-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳбараш чунин дастур гирифтааст.

Масъулони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҳам хабар доданд, ки бо сокинон "вохӯрии рӯ ба рӯ" доир карданд. Дар аксҳое, ки бахши ҲХДТ дар ноҳияи Сино нашр кард, дида мешавад, кормандони ҳизб сокинонро ҷамъ карда, бо онҳо суҳбат доранд. Фаълони ҳизб гуфтаанд, ба сокинон ниқоб ва варақаҳои таблиғотӣ доданд.

Вале маъракаи гашти "хона ба хона"-и мақомот интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст.

Далери Абдураҳим, як корбари Фейсбук навиштааст, кори "фаҳмондадиҳӣ" хуб аст, аммо на ба ин тарз. Ба қавли ӯ, "ин баръакс манбаи паҳншавии вирус аст. Хуб мебуд барои мардум аз тариқи расонаҳо корҳои "фаҳмондадиҳӣ"-ро ба роҳ мемонданд. Интернетро ройгон мекарданд, мардум худаш огоҳӣ меёфт." Чунин тарзи муроҷиат ба мардум дар кишварҳои ҳамсояи Узбекистон ва Қирғизистон ба кор бурда шудааст. Дар ин ҷо ва бисёр кишварҳои дигар истифода аз интернет дар давраи муборза бо ҳамагирии коронавирус бепул шудааст.

Дар Тоҷикистон тибқи омори охирини Вазорати тандурустӣ гирифтории 32 нафар ба бемории КОВИД-19 сабт шудааст. Ба иттилои мақомот, 17 мавриди он дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд аст. Мақомот дар бораи онки ин афрод кай ва чӣ гуна ба коронавируси нав сироят шудаанд, чанд нафар шифо ёфта ва фавтидаанд, ҷузъиёт намедиҳанд.

Дар кишвар карантин ҳам эълон нашудааст, то аз паҳн шудани вирус пешгирӣ ба амал ояд. Танҳо мактабу боғчаҳои кудакон таътил, чорабиниҳои оммавӣ манъ ва ба бастани ниқоби тиббӣ дастур дода шудааст. Мақомот мегӯянд, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар поксозӣ ё дезинфексияи идораву муассиса ва кӯчаву хиёбонҳо бо маҳлулҳои беҳдоштӣ идома дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!