Шарҳ: "Сарчашмаи хашму ноумедӣ дар тазоҳуроти Амрико на танҳо марги Ҷорҷ Флойд аст"

Тазоҳурот дар рӯзи 2-уми июн дар шаҳри Ню Йорк.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз тазоҳуроти азим ба зидди табъизи нажодӣ дар солҳои ахир идома дорад. Сабабаш марги марди сиёҳпӯсте буд, ки як маъмури сафедпӯсти пулис мехост, ӯро дастгир кунад.

Ҷорҷ Флойд баъди он ҷон дод, ки пулиси шаҳри Миннеаполис ҳангоми боздошт тақрибан 9 дақиқа гардани ӯро бо зону ва рӯи замини мумфарш зер кард. Ҷорҷ Флойд, ки барои истифодаи 20 долларии тақаллубӣ дастгир шуд, зери зонуи пулис батакрор мегуфт, ки нафас гирифта наметавонад.

Раҳгузарон саҳнаи азоб кашидани Флойдро дар видео сабт карданд ва он босуръат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва аввал дар маҳалли ҳодиса дар шаҳри Миннеаполис тазоҳурот барангехт. Зоҳиран видео бисёре аз мардуми кишварро хашмгин кард, ки онҳо дар 140 шаҳр ба кӯчаҳо рехтанду эътироз карданд. Дар баъзе ҷойҳо тазоҳурот ба хушунату ҳарҷу марҷ ва ғорати мағозаҳо кашид ва мақомот маҷбур шуданд, ки барои таъмини амният дар баъзе аз шаҳрҳо сарбозони Горди миллии Амрикоро сафарбар кунанд.

ВАЗЪ БАРОИ ЧӢ ХАТАРНОК ШУД?

Сиёҳпӯстони амрикоӣ даҳсолаҳо боз шикоят доранд, ки мақомоти интизомӣ бо намояндагони нажоди онҳо ноодилона муносибат мекунанд. Барои сиёҳпӯст будан, дини дигар доштану ақаллият будан дастгир мекунанд.
Сиёҳпӯстон 13 дар сади аҳолии Амрикоро ташкил мекунанд, вале то 60 дар сади зиндониёни кишвар аз ҳисоби онҳост. Гузашта аз ин эҳтимоли кушта шудани сиёҳпӯст назар ба сафедпӯст аз дасти пулис дар Амрико зиёдтар аст.

Ба навиштаи "Вашингтон Пост", теъдоди сиёҳпӯстоне, ки ба дасти пулис кушта шудаанд, 26 дар садро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба нуфуси онҳо дар Амрико 2 баробар зиёд аст. Дар байни афроди бесилоҳе, ки маъмурони пулис дар Иёлоти Муттаҳида куштаанд, сеяки онҳоро сиёҳпӯстон ташкил медодаанд.

Роналд Девис, пулиси собиқ ва мудири шӯъбаи ҳамкории пулис бо аҳолӣ дар Вазорати адлия дар Конгресси Амрико гуфта буд, чунин теъдоди кушташудагон дар байни сиёҳпӯстон тасодуфӣ нест. Ӯ моҳи сентябр дар ҳузури вакилон гуфт: "Ман бешак аз худам мепурсам, оё чунин истифодаи аслиҳа, новобаста аз онки қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ буд, ба як бовари пинҳону роиҷ дар ҷомеаи мо, яъне тарс аз сиёҳпӯст, нажодпарастӣ ва ё омехтаи ҳарду иртибот дорад, ё не.”

БО МАЪМУРОНИ ПУЛИС МУТТАҲАМ БА ҚАТЛ ЧӢ МЕКУНАНД?

Борҳо шудааст, ки маъмурони сафедпӯсти пулисро, ки дар қатл ва ё истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди сиёҳпӯстон даст доштаанд, бегуноҳ эълон кардаанд, ҳарчанд видеоҳо аз маҳалли ҳодиса воқеияти дигарро нишон медоданд. Ҳамин сабаб шудааст, ки дар байни сиёҳпӯстон ин ақида роиҷ шавад, ки дар низоми додгоҳии Амрико адолат нест.

Ҷеррӣ Надлер, вакили Ҳизби демократ дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар як ҷаласаи боз доир ба фаъолияти пулис дар Конгресс гуфтааст: "Такрори чунин қатлҳо ва ҷазо нагирифтани омилон, паёме ба аҳолии африқоитабор аст, ки ҷони сиёҳпӯстон муҳим нест."

Ӯ ҳамингуна ҳаракати мардумиеро ном бурд, ки соли 2013 баъд аз қатли Трейвон Мартин як навраси сиёҳпӯсти 17-сола, ба дасти як ихтиёрии мусаллаҳи сафедпӯст ва бегуноҳ эълон шудани ӯ ба вуҷуд омад. Трейвон Мартин мусаллаҳ набуд, вале Ҷорҷ Зиммермани 28-сола ӯро бо ин гуфта, ки худро муҳофизат мекард, бо зарби тири туфанг кушт. Бегуноҳ эълон кардани Зиммерман сабаб шуд, ҳаракати “Ҷони сиёҳпӯстон муҳим” аст ба вуҷуд биёяд ва он дар ташкили тазоҳурот ба зидди қатлҳо аз дасти пулис ва талаби ислоҳи кори онҳо нақши муҳим бозид. ​

ТАЗОҲУРОТ ЗУД-ЗУД СУРАТ МЕГИРАД?

Солҳои 2014-2016 марги сиёҳпӯстони бесилоҳ ба дасти маъмурони пулис, чанд дафъа тазоҳурот ва аз ҷумла эътирозҳои олуда ба хушунату вайронгарӣ барангехт. Баъзе аз қатлҳо, ба мисли марги Ҷорҷ Флойд дар видео сабт шуданд ва вокуниши зиёде ба вуҷуд оварданд. Моҳи июли соли 2014 маъмурони пулис дар Ню-Йорк Эрик Гарнерро бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии сигор дастгир карданд. Ӯро ба замин хобонданд ва саҳнаро раҳгузарон ба навор гирифтанд.

Яке аз афсарони пулис гулӯи сиёҳпӯсти 43-соларо фишурд, то ӯро ором кунад, Гарнер, ки чанд бор мегуфт, нафас гирифта наметавонад, баъд аз муддате ҷон дод. Маъмури пулисро баъди ин ҳодиса бегуноҳ эълон карданд. Бо гузашти фақат як моҳ аз марги Гарнер, пулис дар шаҳри Фергуссон дар аёлати Миссурӣ Майкл Браун навраси дигари сиёҳпӯстро бо зарби тири туфанг кушт.

Майкл Браун аслиҳа надошт, вале маъмури пулис гуфт, ки барои муҳофизати ҷони хеш ин корро кард ва дар додгоҳ ҳам бегуноҳ эълон шуд.

Ҷеррӣ Надлер гуфт: "Ҳеч шубҳае нест, ки намояндагони аҳолии ғайрисафедпӯст, мақомоти интизомиро таҳдид ба озодии ҳамарӯзаи худ мешуморанд. Ин пиндор таърихи қадима дорад ва ба ошӯбҳои Лос Анҷелес дар соли 1992 ва исён дар Вотс дар соли 1965 бармегардад."

ОЁ ИНГУНА ИСЁНҲО АЗ ПЕШ БУД?

Исёну зуҳури зӯроварӣ ба сабаби табъизи нажодӣ дар Амрико дар солҳои 60-уми асри XX ва ба сабаби боздошти сиёҳпӯстон сурат гирифтааст. Ҳукумат кумисюнҳои махсус таъсис медод, ки мушкилотро омӯзанду роҳҳои ҳал пешниҳод кунанд. Соли 1965 дар ноҳияи Вотс дар Лос-Анҷелес як сиёҳпӯсти 21-соларо барои беэҳтиётӣ ҳангоми ронандагӣ дастгир кард. Баъдан ҷанҷолу кашмакаш бархост, ки хашми ҷамъшудаи аҳолии сиёҳпӯсти ноҳияро аз беадолатӣ, рафтори дағалонаи пулис ва шароити бади зиндагӣ барангехт. Дар натиҷаи исёну бетартибӣ 34 нафар кушта шуданд ва иқтисоди шаҳр хисороти зиёд дид.

Баъди ду сол бетартибиҳои оммавӣ дар ноҳияҳои сиёҳпӯстнишини Нюарк, аёлати Ню-Ҷерсӣ, Детройт, Мичиган сар зад, чун дар инҷо маъмурони пулис, ки аксаран сафедпӯст буданд, сиёҳпӯстонро дастгир карданд. Дар Нюарк сабаби исён латукӯб ва боздошти ронандаи сиёҳпӯст буд. Барои фурӯ нишондани ҳарсе ошӯб, сарбозони Горди миллии Амрикоро сафарбар карданд.

Кумисюни Кернерро, ки барои таҳқиқи сабабҳои исён дар Детройт таъсис доданд, ба ин хулоса расид, ки дар Амрико ҷомеа ду тақсим шудааст: "Ҷомеаи сиёҳпӯст ва ҷомеаи сафедпӯст ва дар байни онҳо баробарӣ вуҷуд надорад."

Дар хулосаи гузориши кумисюн омадааст: "Табъизи сиёҳпӯстон ва ҷудо нигаҳ доштани онҳо дар ноҳияҳои фақирнишин зуҳуроти наве дар кишвар нест, аммо ҳоло ба ояндаи ҳар як амрикоӣ хатар дорад."

Исёни соли 1992 дар Лос-Анҷелес, яке аз исёнҳои бадтарин дар таърихи муосири Амрико буд. Агар як раҳгузар тасодуфан саҳнаи калтаккӯб шудани Родни Кинг - як сиёҳпӯст аз тарафи чаҳор пулиси сафедпӯстро ба навор намегирифт, шояд он исён набуд. Родни Кингро баъди таъқиб бо мошин дастгир карда буданд. Маъмурони пулис намедонистанд, ки амалкардҳои онҳо сабт мешавад.

Видео дар матбуоти саросари Амрико моҷарои азимеро барангехт ва дигарбора баҳси "зулм"-и маъмурони пулис ба сиёҳпӯстонро ба миён кашид.

Маъмурони пулисро, ки ба истифодаи беш аз ҳадди нерӯ муттаҳам мекарданд, додгоҳ бегуноҳ донист. Мардуми сиёҳпӯсти Лос-Анҷелес аз ин ҳукм ба хашм омаданду исён бардоштанд, ки ба ҳарҷу марҷ кашид ва даҳҳо нафар дар ҷараёни он кушта шуданд.

ТАЗОҲУРОТИ ФЕЪЛӢ АЗ СОЛИ 2010 ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?

Алекс Витале, профессори ҷомеашинос ва ҳамоҳангсози барномаи "Пулис ва адолати иҷтимоӣ" дар Донишгоҳи Бруклин аст. Ӯ мегӯяд, зӯроварӣ ҳангоми бархӯрд бо маъмурони пулис дар муқоиса ба исёнҳои соли 2010 зиёдтар аст. Ба гуфтаи ӯ, сабабгори ин мақомот ҳастанд, ки ба ваъдаи худ барои беҳтар кардани кори пулис вафо накардаанд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар низоми додгоҳии Амрико сахтгирӣ бо сиёҳпӯстон, ки барои қонуншиканҳои хурд дастгир мешаванд, зиёд аст, ҳарчанд ба қавли ӯ "зарурате ба чунин сахтгирӣ вуҷуд надорад."

Ӯ афзуд: "Ба назари ман, хашми мардум аз он аст, ки ба онҳо 5 сол гуфтанд, нигарон набошед, мо ҳамаро ислоҳ мекунем, омӯзиш медиҳем, мулоқоти пулису аҳолиро баргузор мекунем, вале бо вуҷуди ин чизе тағйир наёфт. Ҳалокат аз дасти маъмурони пулис кам нашуд, боздошт барои қонуншиканиҳои хурд мисли пешина мондааст."

ПАНДЕМИЯИ COVID-19 ДАР БЕНАЗМИҲОИ ФЕЪЛӢ НАҚШ ДОРАД?

Пандемияи COVID-19 бешубҳа зиндагии аҳолии сиёҳпӯстро душвор кард. Бино ба омори расмӣ, сиёҳпӯстон назар ба сафедпӯстон бештар бемор мешаванд ва бештар мемиранд. Решон Рей, кормандони Пажӯҳишгоҳи Бруклин дар Амрико дар як гузорише навиштааст, решаи ин мушкил дар тафовутҳои сохторӣ, ба мисли зичии зиёди аҳолӣ дар ноҳияҳои сиёҳпӯстон ва дастрасии камтари онҳо ба хадамоти тандурустӣ аст.

Ба гуфтаи ӯ, сиёҳпӯстон бештар ба корҳое машғуланд, ки аз хона анҷом додани он номумкин аст ва ҳамин берун омадан, онҳоро дар баробари коронавирус бештар осебпазир мекунад.

Ба қавли Витале, ҳоло барвақт аст, бигӯем, ки пандемия эҳсоси исёнгарӣ дар байни мардумро боло бурдааст. Ба қавли ӯ, асли масъала нобаробарии иҷтимоӣ аст, ки раҳбарони Амрико ба он аҳамият намедиҳанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: "Мо миллионҳо одамро, ки мушкили асосиашон камбизоатӣ аст, ба додгоҳу зиндон мефиристем. Онҳо намехоҳанд, ки ҷинояткор пиндошта шаванд, барои ҳамин муқовимат мекунанд. Эрик Гарнер муқовимат кард ва Флойд ҳам. Ин як тасодуф нест. Айни замон пулис зимни муқовимати онҳо фавран нерӯ ба кор мебарад."

ОЁ ДИГАР ҲОДИСАҲОИ ТАБЪИЗИ НАЖОДӢ БУДААНД?

Мушкилоти нажодӣ аз байн намераванд, онҳо фақат моҳи май дигарбора рӯ заданд. Марги Ҷорҷ Флойд, баъди чанд рӯз аз ду ҳодисае сурат гирифт, ки Амрикоро такон доданд. Рӯзи 5-уми май видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, ду сафедпӯст ба як сиёҳпӯсте, ки дар маҳаллаи сафедпӯстон дар Ҷорҷиа медавад, якбора ҳамла мекунанд.

Грегори МакМайкл, пулиси собиқ ва муфаттиши додситонии маҳал бо писараш Тревис МакМайкл, Аҳмад Арберии 25-соларо дар рӯзи рӯшан нигаҳ медоранд. Онҳо гуфтаанд, ки ҷавон ба як марди муттаҳам ба ду дуздӣ монанд будааст. Баъди даъвову ҷанг бо Аҳмад Арбери, Тревис МакМайкл ӯро бо зарби тири туфанг кушт. Ли Меррит, вакили дифои хонаводаи ӯ ва ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, ки ба ҷавони сиёҳпӯст фақат барои “нажоди дигар буданаш” ҳамла кардаанд. Видео сабаби тазоҳурот дар маҳалли ҳодиса шуд ва дигарбора масъаларо ба сатҳи кишвар кашид.

Леброн Ҷеймс, баскетболбози сиёҳпӯсти Амрико рӯзи 6-уми май дар Твиттер ва дар вокуниш ба видеои ҳодиса навишт: "Моро ҳар рӯз, ҳар дақиқа ва ҳар вақте аз дарамон берун по гузоштем, шикор мекунанд. Дигар барои давидан ҳам берун намеоем. Ин чӣ расвоист." Ҳарчанд сабабҳои қатли Аҳмад Арбери маълум буд, вале муттаҳамон ба ҷиноятро фақат баъди нашри видео дастгир карданд. Вазорати адлияи Амрико ба таҳқиқи дурустии тафтиши ҷиноят шуруъ кард.

Ҳодисаи дувум, ки сиёҳпӯстони Амрикоро ошуфта кард, ҷанҷоли Кристиан Купер, як сиёҳпӯсте дар Ню-Йорк буд. Ӯ рӯзи 25-уми май дар Боғи марказии Ню-Йорк аз як зани сафедпӯст хост, ки сагашро бар асоси муқаррароти гаштугузор дар боғ дар банд нигаҳ дорад. Аммо эроди дуруст зани сафедпӯстро асабонӣ кард, ки байни ду тараф радду бадали омехта ба хашм сурат гирифт ва зани сафедпӯст ба пулис занг зад ва гуфт, ки “як сиёҳпӯст ба ӯ таҳдид мекунад.”

Кристиан Купер, ки паррандагони боғро мушоҳида мекард, рафти муколамаро дар видео ба навор гирифт ва хоҳараш онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Видеое, ки нишон медод, чӣ гуна метавон, ба осонӣ аз як сиёҳпӯст ҷинояткор тарошид, якбора дар ҳамаҷо паҳн шуд ва онро 40 миллион маротиба тамошо карданд.

ВОКУНИШИ МАҚОМОТ БА МУШКИЛ ЧӢ ГУНА АСТ?

Ҳоло Конгресси Амрико қонунеро арзёбӣ мекунад, ки дар он ба пулис иҷоза дода шудааст, дар фаъолияташ, нажод, ақаллият, зодгоҳ, дин ва ҷинси касеро ба инобат бигирад. Ҳамчунин дар Конгресс даъват карданд, ки дар масъалаи тақсимбандии нажодӣ пулис омӯзиш дода шавад.

Моҳи сентябр дар Конгресс дар як ҷаласа бо ҳузури мутахассисон фаъолияти пулис баррасӣ шуд ва онҳо доир ба боло бурдани боварии мардуми сиёҳпӯст ба пулис тавсия доданду гуфтанд, ки чӣ кор бояд кард, ки маъмурони пулис куштани сиёҳпӯстони бесилоҳро бас кунанд.

Роналд Девис, пулиси собиқ ва мудири шӯъбаи ҳамкории пулис бо аҳолӣ дар Вазорати адлия дар Конгресси Амрико дар ёддоштҳои аз пеш омодакардааш барои ҷаласа навиштааст, ки барои аз байн бурдани боварҳо омӯзиш додани маъмурони пулис кофӣ нест, балки тағйири бунёдӣ дар ниҳодҳои ҳифзи тартибот сурат бигирад.

Роналд Девис худаш ҳам сиёҳпӯст аст ва 30 сол таҷрибаи корӣ дорад. Ба ақидаи ӯ, дар ин сохторҳо то кунун усулҳои солҳои 50-60-уми асри гузаштаро ба кор мебаранд, ки осоре аз табъизи нажодиро дар худ доранд. Мақомоти интизомӣ нисбат ба мардуми ғайрисафедпӯст, сахтгир ҳастанд, онҳоро барои маводи мухаддир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мекунанд ва зиндагии ҳазорон сиёҳпӯстро талх мекунанд.

Дар ёддошти ӯ омадааст: "Агар мо бихоҳем, ки ба ислоҳи воқеӣ ва пойдори ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ноил шавем, пас, бояд на бо маъмурони алоҳидаи пулис, балки худи система кор кунем. Сухан дар бораи як қошуқ асал нест, балки бушкаи асал аст.”

ПЕШВОЁНИ СИЁҲПӮСТОН ДАР АМРИКО ЧӢ МЕГӮЯНД?

Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ва нахустин сиёҳпӯст дар ин мақом, дар як мақолае, ки рӯзи 1-уми июн чоп шуд, гуфт, тазоҳурот баёнгари “ноумедии воқеӣ ва қонунӣ” аз бесамарӣ дар ислоҳоти пулис ва низоми тафтишу ҷазо аст. Айни замон ӯ гуфтааст, ҳеч гуна зӯроварӣ ва ғоратгариро набояд дуруст номид ва бахшид.

Барак Обама навиштааст: "Агар мо мехоҳем, низоми тафтишу додгоҳӣ ва ҷомеаи амрикоӣ дар умум ба меъёрҳои ахлоқӣ пойбанд бошанд, пас, бояд худамон онро муайян кунем." Ба андешаи Барак Обама, нақши асосиро дар ислоҳоти пулис ва низоми тафтишот, бар ӯҳдаи мақомоти интихобии иёлату воҳидҳои дигари маъмурӣ ба мисли раиси шаҳр ва додситонҳо аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!