"Вирус"-и бепарвоӣ. Тоҷикистон дар ҳақиқат бо COVID-19 мушкил надорад?

Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 30-юми марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳамон тавре интизор мерафт, пас аз бозгашти худ аз вилояти Суғд Президент Раҳмон ҷаласаи ҳукуматро баргузор намуд. Дар ин маҷлис, тибқи ахбори паҳнкардаи бахши матбуотии президент, барномаи рушди қолинбофӣ, тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷети мамлакат ва ҳатто омодагӣ ба зимистони соли оянда баррасӣ шудааст. Аммо тахминҳо дар ин бора, ки вазъи бӯҳронии ҷаҳон ва омодагиҳои Тоҷикистон ба хатарҳои эҳтимолии коронавирус мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор мегирад, исботи худро наёфт.

Ба ҳар сурат, дар хабарҳои нашршуда танҳо суханҳои умумие зикр шудаанд, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳисобот додааст ва Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки тавассути расонаҳои хабарӣ "корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзур намоянд".

Он чи ки дар ТВ ва радиои ҳукуматӣ ҳамарӯза анҷом медиҳанд, ягона ҳолате, ки мухотабони онҳоро аз бӯҳрони нав ҳушдор медиҳад.

Ҳисоботи вазири тандурустиро мешавад аз хабарҳои ҳар рӯз паҳншавандаи ин ниҳод, ки дар Тоҷикистон ягон бемор бо нишонаи коронавирус нест ва мардуми аз хориҷи кишвар воридшуда ба карантин фаро гирифта мешаванд, маълум кард. Шояд суханони дигаре ҳам буданд, ки ба маълумоти мардум расониданашро зарур надонистаанд.

Аз мушаххасоти ҷаласаи ҳукумат танҳо мешавад ин нуктаро мисол овард, ки дар ҷаласа дастур барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ сурат гирифта, дар доираи истиқбол аз 30-солагии Истиқлолият бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак тезонида мешавад.

Аслан масъалаҳое, ки дарозмуддатро дар бар мегиранд ва бархе аз онҳо бояд қаблан анҷом меёфт. Чизи мушаххасе барои кӯтоҳмуддат эҳсос намешавад.

Оё воқеан ҳам дар ин бӯҳрони ҷаҳонӣ мо имкон дорем чунин бе парвову бе ташвиш бошем?

Оре, шукронаи Худованд, ки ин вабо ба кишвари мо қадами шуми худро нагузоштааст. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки он ба мо ҳич таҳдид надорад? Ба чӣ умед дорем? Ба ин ки чанд рӯз пас, Худо хоҳад, табиат гарм мешаваду эҳтимоли кам ва гумшавии коронавирусро ба вуҷуд меорад? Ин ҳам далели илмӣ нест, чун тадқиқоти олимон исбот кардааст, ки ин вирус ё чизе ба он монанд, ҳатто дар чиллаи тобистон дар кишварҳое паҳн шуда. Бар илова, пажӯҳишҳо исбот кардаанд, ки ин вирус ба кишварҳои мухталиф худро “мутобиқ” мекунаду ба шеваҳои гуногун ворид мешавад. Аз ин ҷост, ки доруҳои эҳтимолии табобаткунанда дар мамолики гуногун ҳархелаанд.

Ин ки ситоди вижа таҳти роҳбарии сарвазир таъсис ёфтаву дар Душанбе комиссияи зиддиэпидемиявӣ ба кори худ шурӯъ кардааст, ҳанӯз ҷиддияти комил надорад. Чун аз фаъолияти онҳо ҳам бештар гапҳои умумӣ мешунавем. Шустани мусофиркашҳо бо хлор, маскапӯш кардани ронандаҳо, анҷом додани мусобиқоти варзишие чун футбол бе ҳузури мухлисон, албатта, бад нест. Вале, вақте ҷойҳои пуродаме чун бозору мактаб ва корхонаҳо ҳамоно фаъоланд, хеле саволу масъалаҳои мантиқиро ба вуҷуд меорад.

Бар илова, бархе аз муаллимон аллакай тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки барои тоза кардани мактабҳо ва харидани хлор аз маоши онҳо кам мекунанд, ё пул мегиранд. Ин чӣ бархӯрдест, агар воқеият дорад?

Ба Тоҷикистон чандин созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ кӯмакҳои чандмиллиондолларӣ барои пешгирии ин бӯҳрон ихтисос доданд. Куҷо шуданд онҳо ва чаро шаффофияти истифодаи ин маблағҳоро таъмин намекунанд?

Корхонаи "Фарм Текс"-и Данғара эълом кардааст, ки ниқобҳои ватаниро бо сифати беҳтар аз хориҷӣ ва ба қадри зарурӣ истеҳсол мекунад, аммо мардум шикоят аз нархи гарони ниқоб дар дорухонаҳо мекунанд. Оё ин ҷои фикр надорад?

Қисмате аз корхонаҳо, назири меҳмонхонаҳо, фурудгоҳи байналмилалӣ ва фурудгоҳҳои шаҳру навоҳӣ аз кор мондаанду кормандонашон ба рухсатии бемузд фиристода мешаванд ва мардум бе маош мемонанд. Ғами онҳоро бояд кӣ хӯрад?

Шояд як моҳ пеш ширкатҳои сайёҳии мамлакат ба президент нома навиштаву хоҳиш карданд, то ба онҳо имтиёз дар шакли “таътили андозӣ” дода шавад, аммо вокунише сурат нагирифт. Қарзи андозии онҳо пас аз чанде бо роҳи судӣ пурсида мешавад, ё маҷбурашон мекунанд, ки “як бало кунед”? Вазъи коргоҳҳои дигарро, ки эҳтимоли хатари бӯҳрон дар онҳо ҳам ҳаст, кӣ муҳокима менамояд?

Ҳолати муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки аслан онҳо гардонандаи иқтисоди Тоҷикистонанд, рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Оё шунидед, ки дар ин замина тасмиме аз ҷониби ҳукумат гирифта шуд? Агар имсол муҳоҷирони кории мо, ки ҳар сол на камтар аз 2 миллиард доллар ба кишвар ворид мекунанд, пули камтар фиристанд (ба эҳтимол ҳамин тавр ҳам мешавад), мардум чӣ кор хоҳанд кард?

Ба мусофирони дармонда дар фурудгоҳҳои Маскав худи муҳоҷирон ва соҳибкорони баимон кӯмаки ғизоӣ расониданд. Ҳукумат бо ташкили чанд парвози хатсайри изофӣ миқдоре аз онҳоро овард. Оё вазифаи ҳукумат бо ҳамин тамом шуд?

Дина хабарҳое паҳн шуд, ки шуморе аз ин мусофиронро аз фурудгоҳҳо маҷбур пеш карданд. Сафири Тоҷикистон дар Русия бошад, имрӯз мегӯяд мо мушкиле надорем. Пас, ӯро мешавад як мансабдори асри 21 гуфт?

Дар маҷмӯъ, мо чаро баҳсҳои ҷиддии пайомадҳои ин бӯҳронро дар Тоҷикистон намебинем? Оё иқтисоди бе ин ҳам номуназзами мо дар паси ин бӯҳрон бо чӣ мушкилоти дигар рӯ ба рӯ мешавад? Кадом хатарҳои эҳтимолӣ вуҷуд доранд ва чӣ роҳҳои ҳалли онҳо ҳаст?

Ҳукумат ҳоло ҳам умед дорад, ки сармояи тоза ба кишвар ворид мешавад ва масъулин барои таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахир супориш гирифтанд. Вале кӣ кафолат медиҳад, ки пас аз бӯҳрони рӯ ба рӯ сармоягузоре ҷониби мо шитоб мекунад?

Ман ба ин ва саволҳои дигари ба онҳо монанд ҳамоно посух наёфтаам. Дар матолибу гузориши расонаҳои ҳукуматӣ низ баррасии чунин масоилро намебинам. Ин моро бештар аз як вирус азият медиҳад. Вируси бепарвоӣ?

Аз ҳама даҳшатнок вақте хоҳад шуд, ки Худое нахоста коронавирус дар Тоҷикистон аз худ аломат дод. Оё кӣ ба доди мо мерасад? Оё созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дигар бароямон нахоҳанд гуфт, ки ба тавсияҳои мо бархӯрд накардед ва ҳоло худатон медонеду Худо?

Барои ҳамин вируси бепарвоиро аз ҳоло бояд кушт. Вагарна мисли Қирғизистон бо сабукдӯш кардани муовини сарвазиру як вазир чизе тағйир намеёбад.

Сафири Чин дар Русия чанд рӯз пеш ба хабаргузориҳо мусоҳиба доду изҳор назари ҷолибе кард:

"Ба шарофати муборизаи беамон, ки зиёда аз ду моҳ тӯл кашид, аз 18 март то имрӯз дар Вуҳан ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 сабт нашудааст. Муддати 100 шабу рӯзи гузашта халқи Чин рӯзҳои сангинро паси сар намуд. Сараввал даҳшати рӯ ба рӯ шудан бо эпидемия, эҳсос намудани муқовимати нобаробар ва билохира пирӯзӣ дар ин набард. Мо ҳарос доштем, вале ваҳшатзада нагаштем, дучори машаққату дарду заҳмат гаштем, вале бидуни интизорӣ пайи рафъи он кӯшидем. Кунун бо ҷуръати тамом ният дорем эпидемияро пурра маҳв созем, мо он муборизаи шадидеро, ки дар ибтидо оғоз намудем, имрӯз анҷом мебахшем".

Ин бархӯрди яке аз кишварҳои абарқудрати дунёст. Оё тавонмандиҳои мо ба чанд фисади он басанда аст?

Ана сари чӣ бояд фикр кард...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!