Вазорат: Тоҷикистон 1322 бемори СОVID-19 дорад. 36 кас фавтидаанд

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 204 нафари дигарро бо аломатҳои бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва теъдоди гирифторон ба коронавируси нав то шоми 16-уми май ба 1322 нафар расид. Се нафари дигар бар асари беморӣ фавтидаанд ва COVID-19 дар умум 36 нафарро дар Тоҷикистон куштааст. Вазорати тандурустӣ ду рӯз аст, ки пайи ҳам аз сирояти вирус ба бештар аз 200 нафарӣ гузориш медиҳад. Рӯзи 15-уми май аз 211 мавриди гирифторӣ ва марги чаҳор нафар гузориш доданд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст.

Вазорати тандурустӣ шоми 15-уми май эълон кард, ки Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон ҳам бемории "илтиҳоби шуш" будааст ва ӯро баъди 10 рӯзи муолиҷа дар Шифохонаи бемориҳои сироятии Душанбе ҷавоб доданд.

Мақомоти Тоҷикистон то 30-юми апрел мегуфтанд, ки дар кишвар беморӣ ба касе сироят накардааст, ҳарчанд тақрибан ҳар рӯз доир ба афзоиши бемории “илтиҳоби шуш” ва маргу мир аз ин беморӣ гузориш мерасид. Бемории COVID-19 аломатҳои шабеҳи зукоми маъмулӣ ва ҳам “илтиҳоби шуш” дорад.

Баъди авҷ гирифтани гузоришҳо дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи маданӣ маҷбур шуд, гурӯҳе аз мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро барои арзёбии вазъ ва баҳо додан ба тавоноии Тоҷикистон барои муқобила бо вируси нав ба кишвар даъват кунад.

Ҳайат баъди вуруд ба Тоҷикистон бо мақомоти баландпоя, аз ҷумла Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раиси Ситоди пешгирӣ аз сирояти COVID-19 мулоқот дошт ва вазъи бемористонҳо, озмоишгоҳҳо ва хонаҳои пиронсолонро омӯхт. Қарор аст, ба зудӣ арзёбии онҳо ва тавсияҳо барои муқобила бо беморӣ нашр шавад.

Талош барои муқобила бо беморӣ бо имконоти кам

Баъд аз интиқоди пайвастаи амалкардҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз сирояти беморӣ, гузоришҳо доир ба пушти дар мондани беморон ва омода набудани шифохонаҳо барои қабули гирифторон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне Насим Олимзода, вазири тандурустиро аз кор озод кард. Ҳарчанд дар фармон гуфта шудааст, ки сабаби аз кор озод кардани ӯ, “гузаштан ба кори дигар” будааст.

Ба ҷойи ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода профессор ва ҷарроҳи 54-соларо таъйин карданд, ки дар зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба дунё омада ва то расидан ба ин мақом мудири "Истиқлол" яке аз бузургтарин шифохонаҳои муосир дар Душанбе буд.

Айни замон гузоришҳои зиёде мерасад, ки табибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ аз беморӣ надоранд ва норасоии доруворӣ ба мушоҳида мерасад. Баъди эълони 15 мавриди нахустини сирояти беморӣ дар Тоҷикистон дар рӯзи 30-юми апрел, таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то охири тобистон дароз карда, кӯдакистону бозорҳои либос ва фурӯшгоҳҳоро бастанд.

Баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ, консерт, намоишномаҳои театрӣ манъ аст, вале нақлиёти умумӣ, бозорҳои хӯрокворӣ, дорухонаву дигар муассисаҳои давлатӣ ба таври маъмулӣ кор мекунанд.

Бо вуҷуди онки ҳукумат расман, гаштугузорро маҳдуд накарда ва ё карантини саросарӣ эълон накардааст, мақомоти расмӣ хона ба хона гашта, ба мардум тавсия медиҳанд, ки бе зарурат берун наоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми май гуфт, ки бо эълони маҳдудиятҳо дар кори баъзе аз муассисаҳо "дар маҷмӯъ 512 060 нафар сокинони шаҳр ба карантин фаро гирифта шудаанд."