Додгоҳи Душанбе: шикояти Шаҳбоз Раҷабзода аз шиканҷа таҳқиқ шавад

Шаҳбози 29-сола гуфтааст, ки ӯро ба нерӯи барқ мондаанд.

Пайвандони Шаҳбоз Раҷабзода, сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, шикоят доранд, ки ӯро кормандони пулис шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан гирад. Мақомоти умури дохилӣ иддаои онҳоро беасос медонанд ва рад мекунанд. Барои ҳамин ҳоло Додситони кулли Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, ки оё дар воқеъ Шаҳбоз Раҷабзодаро шиканҷа кардаанд, ё не.

Шаҳбоз Раҷабзодаро моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми сангине дар Душанбе боздошт карданд ва моҳи апрели имсол мурофиааш дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

Мақомоти интизомӣ ӯро ба “ташкили иттиҳодияи ҷино, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон… дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ” муттаҳам кардаанд. Вакили мудофеъ ва хешовандони ҷавон мегӯянд, "иттиҳомот асос надорад" ва ба қавли онҳо Шаҳбоз Раҷабзодаро дар Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаеро ба гардан бигирад.

Далер Қурбонов, вакили мкдофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояашро 12-уми ноябри соли 2019 ба раёсати мазкур даъват ва дар ҳамонҷо дастгир кардаанд.

Ӯ афзуд, 18-уми марти имсол дар мурофиаи додгоҳӣ зерҳимояаш шиканҷа шуданашро ба додрас нақл карда, гуфтааст, кормандони пулис аввал ӯро латту кӯб карда, сипас ба баданаш нерӯи барқ гузоштаанд.

Шаҳбоз Раҷабзода гуфтааст, “латту кӯбам карданд, ки гуноҳро ба гардан гирам, аммо гуфтам, ки коре накардаам. Дар сарам шапка кашиданд, то ҳеҷ касро набинам. Баъд астонамро баста, зери сарам болиш гузоштанд, ба замин хобонданд ва дар ангуштонам қувваи барқро гузоштанд. Дар ниҳоят тоқат накарда, гуфтам, чизе, ки мехоҳед, ба калла мегирам, лекин дигар барқро истифода накунед".

Амри додгоҳ барои санҷиш ва "гапҳои ҳавоӣ"

Адвокати Шаҳбоз Раҷабзода гуфт, ки баъди шикояти зерҳимояаш додрас Хуршед Исозода амр дод, додситон ин иддаоро таҳқиқ кунад.

"Додрас санҷишро ба Додситонии кулли Тоҷикистон вогузор кард. Санҷиши прокурорӣ оғоз шудааст, вале то ҳол натиҷааш барои мо маълум нест", - афзуд ӯ.

Ба қавли вакили мудофеъ, Шаҳбоз Раҷабзода дар ҳузури додрас гуфтааст, кормандони Раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ Суҳайлӣ Файзализода, Аминҷон Ҳалимов ва ду ҳамкори дигарашон, ки номашонро намедонад, дар шиканҷаи ӯ даст доранд.

Рӯзи 30-юми апрел як масъули раёсат тасдиқ кард, ки чунин ҳамкор доранд, вале афзуд, "иддаои шиканҷа ҳеч асос надорад".

Ҳамсӯҳбатамон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, “ин гуна гапҳои ҳавоӣ бисёр мезананд, лекин беасос аст, ҳозир шиканҷа нест”.

Ҷӯрабек Назаров, падари Шаҳбоз рӯзи 30-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, онҳое, ки ба қавли ӯ писарашро азобу шиканҷа додаанд, ҷазо бигиранд.

Мушкили сахту дерина дар Тоҷикистон

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Шаҳбозро шарҳ надоданд ва гуфтанд, барои шарҳи мавзуъ бояд ба унвони ин ниҳод номаи расмӣ фиристода шавад.

Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, соли 2019 ба ин созмон дар бораи шиканҷа 70 шикоят ворид шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш 26 маврид бештар аст.

Бархе аз коршиносону ҳуқуқдонҳо муҷозот нашудани афродеро, ки дар шиканҷа даст доранд, аз сабабҳои асосии афзоиши бадрафторӣ ва шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят арзёбӣ мекунанд.

Шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон чизи нав набуда, дар гузашта борҳо садо додааст.

Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостааст, эътирофотеро, ки ба зери шиканҷаву бадрафторӣ ҳосил шудаанд, дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба инобат нагиранд ва аз ҳукумат ҳам ба такрор хостааст, ба ин зуҳурот дар мақомоти интизомӣ хотима бидиҳад. Додситонии кул гуфтааст, ки то кунун чандин нафарро барои бадрафторӣ ва шиканҷаи муттаҳамон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст ва баъзе ҳам паси панҷара рафтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!