Дар қаҳвахонае дар Душанбе ҳамроҳи қаҳва ниқоб медиҳанд. ВИДЕО

Ниқобҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни қаҳвахона тақсим мекарданд.

Бо афзоиши нигарониҳо аз эҳтимоли сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, баъзе аз ширкату муассисаҳои хусусӣ ба тақсими ройгони ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кардаанд.

Қаҳвахонаи "Max biff burger" яке аз онҳост ва кормандонаш рӯзи 6-уми апрел ҳам дар дохили қаҳвахона ва ҳам берун аз он ниқоб тақсим мекарданд. Фирӯза Ҷалилова мудири қаҳвахона гуфт, ки дар маҷмӯъ барои мардум 10 ҳазор ниқоб харидаанд, то ба онҳо ва ҳам ба кори худ кӯмак кунанд.

Ӯ гуфт, "нахуст, мо мехоҳем ба мардум ҳушдор диҳем, ки чунин бемории хатарнок ба онҳо таҳдид мекунад ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифода аз ниқоб танҳо роҳи пешгирӣ аз вирус аст. Аз сӯи дигар, дар сурати афзоиши теъдоди беморон, миқдори муштариёни мо низ коҳиш меёбад. Барои ҳамин хостем ба мардум ниқобҳоро ройгон тақсим бикунем".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар қаҳвахонае дар Душанбе ҳамроҳи қаҳва ниқоб медиҳанд

Роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе ба назди қаҳвахона омада, ниқоб мехостанд. Нодира Тоҳирова, ки дар наздикии ин қаҳвахона кор мекунад, гуфт, кори хайри қаҳвахона шоистаи дастгирист. "Шароити беҳдоштӣ дар ин ҷо ба хубӣ таъмин мешавад, дастони мизоҷонро бо маҳлули спиртӣ покиза карда, ниқоби ройгон медиҳанд. Хуб мешуд, агар муассисаҳои дигари ғизохӯрӣ низ чунин иқдом мекарданд",-афзуд вай.

Шоҳимардон Тоиров, ронандаи таксии хусусӣ, ки як дона ниқоб гирифт, мегӯяд, хуб аст, ки мардум дар ин рӯзҳо ниқоб пӯшанд. Вай афзуд, "ман ҳамеша ниқоб мегирам, аммо ниқоби ройгон боз ҳам беҳтар аст. Намедонем, ки дар оянда ин беморӣ ба чӣ ҳад мерасад, вале саломатиро бояд ҳифз кунем".

Аз ин пеш ширкатҳои таксии "Максим” ва "Рахш" ба муштариёну сокинон дар Душанбе ва Хуҷанд ниқоби ройгон тақсим карданд. Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ниқобҳои тиббӣ метавонанд, хатари сироятро кам кунанд.

Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои гирифтори коронавирус ҳатмӣ нест, аммо шумораи афроди ниқобпӯш дар хиёбонҳо бештар ба назар мерасад. Ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон ҳоло ягон мавриди гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!