Дар замоне, ки хатари коронавирус зебоиҳоро пушти ниқобҳои тиббӣ пинҳон мемонад, як тарроҳи тоҷик, роҳи ҳифзи зебоӣ ва ҳамзамон пешгирӣ аз вирусро пешниҳод кардааст.
Нафиса Имронова тарроҳи ҷавону шинохтаи тоҷик, ин баҳор, барои дӯстдорони мӯд ҳамроҳ бо тарҳҳои нави либосҳои миллӣ, ороиши ҷадиде пешниҳод мекунад. Ниқобҳо аз адрасу атлас ҳам акнун ҷузъе аз пироҳанҳои Нафиса барои муштариёнаш аст. Дар пасманзари хабарҳои зиёди нороҳаткунанда дар бораи коронавирус ин тарроҳ мегӯяд, хост ба мардум эҳсоси хушҳолӣ бахшад. Ба бовари Нафиса дар ҳар шароит одам бояд хушбин бошад ва зебо буданро фаромӯш накунад: “Зан ҳамавақт мехоҳад, зебо бошад. Либоси зебо ба бар кунад. Фикр кардам, ки чӣ мешавад, ки мо инро бо либос омехта карда ниқоб омода кунем.”
Куртаву пироҳанҳои дигар аз адрасу атлас дар баҳор дар Тоҷикистон харидори зиёд дорад. Бо пешниҳоди ниқоб аз матои адрасу атлас, Нафиса мегӯяд, хоҳишмандон дар ин фасл мувофиқ ба либоси худ ниқоб бикунанд. Таҳияи ниқобҳои рангоранг ва мудерн аз ҷониби Нафиса, пешниҳоди худи ҷавонон ҳам будааст. Ин тарроҳ дар саҳфаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодҳои зиёде ба ин мазмун гирифтааст. Ӯ мегӯяд: “Вақте ба ман навиштанд, ки пайдо кардани ниқобҳои пахтагин дар дорухонаҳо мушкил шудааст ва бештар ниқобҳои тиббии синтетикӣ аст, мо ва гурӯҳамон фикр кардем, ки чаро не? Мо се навъи ниқобро омода кардем. Ниқоби пахтагин, ки шуста мешавад ва баъди дарзмол кардан метавон онро чанд дафъа истифода бурд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳоло Нафиса ва ҳамкоронаш, ниқобҳо бо нақшу нигори миллӣ ва сӯзаниро омода доранд. Ниқобҳои Нафисаро, ки аз 4 то 7 сомонӣ нарх доранд, дар ду рӯзи аввал бештар аз 100 нафар харидаанд. Тарроҳ мегӯяд, ниқобҳои тиббӣ аз матои миллӣ таваҷҷӯҳи бисёриҳоро дар хориҷ аз ҷумла Русияву Аврупо ҳам ба худ ҷалб кардааст. Ба сабаби баста будани роҳу парвозҳо ҳоло бурдани он ба берун ғайриимкон аст. Вале бо ин ҳама онҳое ҳам ҳастанд, ки аз ин кори Нафиса танқид мекунанд: “Ба ман менависанд, ки тавлиди ниқоби тиббӣ, кори тарроҳ нест. Кори дорухонаҳо аст. Аммо агар ҳозир сифати ниқоби моро мебинед, мефаҳмед, ки чаро мо ин корро кардем. Албатта ман ҳам наметавонам ин кафолатро диҳам, ки ниқоб пурра метавонад аз вирус ҳифз кунад, аммо ин ҳам як роҳи пешгирӣ аст.”
Аз либос ба ниқоб, аз атриёт ба маҳлулҳои тиббӣ
Тавлиди ниқобҳои рангоранги миллӣ аз сӯйи як тарроҳи тоҷик дар ҳолест, ки ҳоло бисёре аз ширкатҳои бонуфуз дар ҷаҳон шеваи кори худро тағйир дода, ба истеҳсоли ниқоб ва маҳлулҳои безараргардонӣ шуруъ кардаанд. Дар ғарб барои мисол бархе аз ширкатҳое, ки атриёт истеҳсол мекарданд, акнун маҳлулҳои спиртии тиббӣ тавлид мекунанд. Дар Русия барои онҳое, ки дар шароити афзоиши коронавирус ҳам мехоҳанд зебо бошанд, ниқобҳои ғайриоддӣ тавлид шудааст. Ин ниқобҳо шаффофанд ва чеҳраи одамро аз пушти он пурра дидан мумкин аст.
Бо зиёд шудани талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон ҳам чандин корхонаи нассоҷӣ ва соҳибкорон ба тавлиди он шурӯъ карданд. Ба иттилои расмӣ, ин коргоҳҳо дар як рӯз аз 5 то 30 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунанд, вале табибон таъкид мекунанд, ки на ҳар матоъ қобилияти ҳифз аз вирусро дорад. Ситора Қодирова, табиби бемористони Ибни Сино дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Баъзан ниқобҳо аз ҳар гуна матоъҳо дӯхта мешаванд, аз нигоҳи тиббӣ шояд ин ниқобҳо аз вирус муҳофизат накунанд. Асосан матои суф ва ё пахтагин аз тест гузаштаанд ва мувофиқанд. Ниқобҳо аз матоҳои рангоранг ва мудернро ҳам метавонанд, албатта истифода баранд, вале бештар яккарата.”
Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале метавонанд хатари сироятро кам кунанд. Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Тоҷикистон мисли кишварҳои гирифтори коронавирус ҳатмӣ нест, аммо шумораи афроди ниқобпӯш дар хиёбонҳо бештар ба назар мерасад. Ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон ҳоло ягон мавриди гирифторӣ ба КОВИД-19 сабт нашудааст.