Ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки табобати гирифторони коронавирус бепул ё ройгон аст, бисёре аз беморон мегӯянд, аз ҳисоби худ табобат мешаванд. Гуруҳи хурде мегӯянд, ки қисман ба онҳо табобати бепул пешниҳод шуд. Бо ин вуҷуд аксари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ё натиҷаи таҳлилҳоро дарёфт накарданд, ё бо ташхиси илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ карда шуданд.
Дар сурати набудани ташхиси СOVID-19 беморон бар асоси чӣ табобати ройгони каронавирусро дарёфт мекунанд ва расонидани ин ёрӣ чӣ шеваҳое дорад, Радиои Озодӣ муайян кард.
Табобат -- 500 доллар?
Рӯзноманигори тоҷик Абдураҳмон Раҳмонов чанде пеш аз бемористон рухсат шуд. Ӯ 20 рӯз азоби илтиҳоби дутарафи шушро кашид. "12 рӯз дар хона бистарӣ будам, вале барои сӯзандоруву расмиёти дигар ба бемористони "Якум Советский"-и Душанбе мерафтам. Вақте вазъам бад шуд, дар шифохонаи Қарияи Боло дар шуъбаи осебшиносӣ бистарӣ карда шудам", - нақл мекунад Раҳмонов.
Ӯ мегӯяд, пули табобатро комилан худаш пардохтааст. "Ройгон танҳо рахти хоб ва хидматрасонии кормандон буд. Аз он ҷо, ки нархи баъзе доруҳо дар ин давра хеле боло рафт, харҷам ба 4,5 - 5 ҳазор сомонӣ расид", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки дору барои беморони коронавирус бепул аст. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳибаи ахираш бо нашрияи “СССР” гуфт, "тамоми таҳҷизот ва дорувории лозим барои муқовимат бо вирус ба андозаи зиёд дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавҷуд аст. Ҳама он чи ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода мешавад, дар мо вуҷуд дорад. Ман ҳамарӯза ба сардухтурҳои шаҳру навоҳӣ дастур медиҳам, ки мувофиқи талабот доруҳоро бигиранд ва ба бемороне, ки дар беморхона ё дар хона ҳастанд, бирасонанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ташхисе, ки ҳам ҳаст ва ҳам нест
Радиои Озодӣ бо чанде аз беморон дар шифохонаҳои шаҳрҳои Бӯстон, Бохтар ва Хоруғ ҳамсуҳбат шуд ва бархе аз онҳо гуфтанд, ки барои рахти хоб дар ҳуҷра аз онҳо пул нагирифтанд ва ҳамчунин барои онҳо баъзе аз доруҳоро тибқи тартиби табобат ройгон доданд, ба ҷуз витаминҳо.
Дар баробари ин, тақрибан тамоми ҳамсуҳбатҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, ба онҳо ташхиси “илтиҳоби дутарафаи шуш” гузошта шуда буд ва тести коронавирусро онҳо ё нагузаштанд ё гузашта бошанд ҳам, натиҷаашро дарёфт накарданд.
"Ман дар охирҳои апрел, ки ҳанӯз расман вуҷуди вирусро дар Тоҷикистон эътироф накарда буданд, ба беморхона афтодам. Баъд аз он ки эътироф карданд, аз ман барои ташхиси коронавирус намуна гирифтанд, вале дар бораи натиҷаҳояш касе чизе нагуфт. Танҳо аз рӯйи нишонаҳо фаҳмидам, ки беморӣ ба ман сироят кардааст", - гуфт рӯзноманигори тоҷик Мирсаид Султониён, ки ӯ ҳам аз ҳисоби худаш табобат гирифтааст.
Дар Тоҷикистон то кунун дар сатҳи қонунгузорӣ меъёри бима ё суғуртаи ҳатмии тиббӣ пазируфта нашудааст. Қонун “Дар бораи бимаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2008 пазируфта шудааст, танҳо аз январи соли 2022 расман амал мекунад. Аз ин рӯ, дар давраи ҳамагирии коронавирус бештари мардум аз истифодаи ройгони бимаашон маҳрум буданд.
Авлавият бидуни санад?
То чанде пеш дар кишвар ба муайян кардани коронавирус танҳо як озмоишгоҳ сару кор дошт. Баъдтар, дар поёни моҳи май вазири тандурустӣ гуфт, дар Душанбе аллакай 5 озмоишгоҳ фаъол аст ва шумораи онҳо дар фурсатҳои наздик бештар карда мешавад. Дар охири моҳи май чунин озмоишгоҳҳо дар Хуҷанду Бохтару Кӯлоб ҳам фаъол шуданд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос ва вакили мудофеъ Дилрабо Самадова, дар Хуҷанд бисёриҳо то кунун ба томогрофии компютерӣ ва нишонаҳо ҳангоми муайян шудани беморӣ умед бастаанд, зеро тестҳо дастнорасанд. Ӯ тахмин мезанад, аз он ҷо ки асноди дигари тасдиқкунандаи табобати ройгон нашр нашуд, эҳтимол фармони рақами 600-и Вазорати тандурустӣ дар бораи табобати ройгон, ки бахши муайяни одамонро фаро мегирад, амал мекунад.
"Вале баъзе шахсон, ки имкони харидани доруро надоштанд, ба ман шикоят оварданд. Ҳангоми машваратдиҳӣ ба онҳо доруҳои сабуку арзон ва қувватдиҳанда менависанд, ки доруҳои гаронарзиш барои табобаташон масраф нашавад", - гуфт Самадова.
"Ҳам ройгон аст, ҳам..."
Сарфи назар аз ин ки бар асоси Қонуни Асосӣ Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва пешбинӣ мекунад, хидматрасонии тиббӣ ройгон бошад, амалан, тақрибан ҳамеша барои табобат зарур мешавад, ки пардохт намуд. Тибқи қарори рақами 600 аз соли 2008 як қатор хидматрасониҳои тиббиву беҳдоштии ройгон радабандӣ шудаанд, ки ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ расонида мешаванд.
Дар ин санад, ҳамчунин нархномаи баъзе аз хидматрасониҳои тиббӣ оварда шудааст.
Миёни хидматрасониҳои тиббии ройгон - муроқибати фаврӣ, ёрии аввалияи тиббиву беҳдоштӣ, таҳқиқоти пойгоҳӣ ва озмоишгоҳӣ, воксинкунии кӯдакон дар доираи барномаҳои эмкунӣ ва ғ.
Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ Мирҳомиддин Камолзода, "дар давраи ҳамагирии коронавирус ҳама нишонаҳо ва эҳтимолҳои гирифторӣ ба беморӣ ҳамчун коронавирус ташхис дода мешавад ва дорандаи он сарфи назар аз ки дар хона ё беморхона аст, ба табобати ройгон фаро гирифта мешавад". Вале ҳеч санади таъйидкунандаи ин гуна ёриро ин мансабдор ном набурд.
Ҳанӯз то эътирофи расмии коронавирус дар кишвар Тоҷикистон аз шарикони рушд ёриҳои башардӯстонаро бо маблағи миллионҳо доллар дарёфт намуд. Вале то кунун ҳеч гузориш дар бораи тақсимоти ин ёриҳо ба ҷомеа пешниҳод нашудааст. Баъди мавҷи интиқодҳо аз ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон 20-уми май ба Ситоди ҷумҳурявии муқобила бо COVID-19 ва Оҷонсии мубориза бо фасод дастур дод, назорати тақсими ёриҳои башардӯстонаеро, ки аз берун ба кишвар меоянд, ҷиддӣ бигиранд.
Зимнан, бемороне, ки дар хона табобат кардаанд, на танҳо аз набуди доруҳои ройгон шикоят доранд. Рӯзноманигор Холиқназар Ҷумъаев, ки табобати коронавирусро дар хона пушти сар кард, гуфт, пизишкони оилавӣ ва ҳамшираҳо барои ба хона омадан ба далели надоштани либоси муҳофизатӣ, худдорӣ карданд.
"Беморон маҷбур буданд барои дарёфти сӯзандору ва қатрадармонӣ ба беморхона бираванд, ки хатари иловагӣ барои худ ва атрофиён эҷод мекарданд", - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Соли 2020 дар Тоҷикистон барои рушди низоми тандурустӣ 200 миллион доллар ҷудо карда шудааст. Бино ба иттилои Вазорати молия, хароҷот барои ин бахш 7 дарсад аз ҳаҷми умумии қисми масрафоти буҷаро дар бар мегирад. Бештар аз нисфи ин маблағ маоши ҳаққи заҳмати кормандон аст, ки ба ҳисоби миёна 817 сомонӣ (беш аз 80 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Ин бахш ҳамчунин ба фасоди густарда печидааст. Ҳанӯз дар соли 2018 бино ба ҳисоби Вазорати тандурустӣ шаҳрвандон ба пизишкон 320 миллион доллар ришва додаанд, дар ҳоле ки наздик ба 30 дарсади мардум дар ҳоли фақр зиндагӣ мекунанд.